ОРЗУ ВА АРМОН

Шодигул корҳои рӯзгорро анҷом дода, аз раф китоберо, ки дер боз мутолиа мекард, ба даст гирифт.

Китоб шавқовар буд, мехост зудтар бо тақдири қаҳрамони ҳикояҳо ошно гардад. Яке аз онҳо “Орзу ва армон “ ном дошт. Қаҳрамони асосӣ Ҷавлон ном ҷавоне буд, ки ният дошт соҳиби кори хубе шавад, орзуву ормонҳои модари меҳрубонашро амалӣ гардонад.
Ҷавлон модарашро дӯст медошт. Бо падараш, ки марди ҷиддиву пурхашм буд, он қадар суҳбаташон наметасфид. Аммо дертар, вақте худро шинохт, донист, ки меҳри падар аз меҳри модар кам нест. Падараш фарзандонро ботинан дӯст медоштааст.
Воқеае, ки дар бачагӣ рӯй дода буд, ҳанӯз дар ёдаш. Ҳар сол мавсими кирмакпарварӣ модари Ҷавлон 2-3 қуттӣ кирмак мегирифт. Падараш норозиёна мегуфт: “Кирмаки бисёр чӣ лозим, «зӯри беҳуда миён мешиканад», камтар гирӣ намешавад ?” “Додош, хона бисёр, барои парвариши кирмак ҷой ҳаст, гирди чорбоғ тутзор, бачаҳоямон дастёр шудаанд. Як моҳ бо як чашм кушода пӯшидан мегузарад. Ин ҳам даромади рӯзгор. Агар кирмак нагирем, тутҳоро аздусар ба дигарон тақсим карда медиҳанд. Онҳо алафҳои боғро поймол мекунанд, хишти деворҳоро мекӯчонанд. Илова бар ин, химчаҳои тут ҳезум мешавад”, мегуфт модараш. Рӯзе Ҷавлон табарчаро гирифта, барои баргзанӣ ба боғи боло рафт. Ба тути баланди сершох баромад ва шохҳои пасти онро заду шохи болотарро дошта буд, ки  ногаҳон дасташ “ҷиззос” зада оҳиста-оҳиста пеши чашмонаш торик шудан гирифт. Ҳарчанд худро доштанӣ шуд, натавонист...
Чашмашро кушояд, дар хона, рӯйи кат хобидааст. Ҳама дар атрофаш оби дида мекарданд. 
– Худоро шукр, ба худ омад, – гуфт падараш ашки чашмонашро пок карда. Ҷавлон бори аввал гиряи падарашро медид. Ҳамон рӯз, ҳангоми баргзанӣ, Ҷавлонро  мор газида буд. Гиёҳдору ӯро аз остонаи марг гардонд.
Модари Ҷавлон зани серғайрату меҳнаткаше буд. Табаш баланд бошад ҳам, дар рӯйи ҳавлӣ бо коре андармон мешуд. Писарак  ёд надорад, ки модараш “ман касал” гуфта сар ба болин гузошта бошад. Ҷавлон ҳамаи инро бо чашми худ медид ва ният дошт, ки зудтар донишгоҳро хатм кунад, кори маошаш хубтареро ёбад, модари меҳрубонашро ғамхорӣ намояд, ба автомобилаш шинонда гардад, барояш туҳфаҳои қиматбаҳо харида диҳад...
Ӯ ба модараш мегуфт:
– Очаҷон, ҳоло мебинед, мо ҳам рӯзе бой мешавем. Ҳама ба мо ҳавас мекунанд, он вақт баъзе ҷӯраҳои калондимоғам, ки маро бо чашми кам мебинанд, ангушти ҳайрат мегазанд. 
Модараш сари фарзандашро силакунон мегуфт:
– Илоҳо, орзуҳоят ҷомаи амал пӯшанд, писарам.
Баъзан модар суханҳои пур аз меҳру изтироби писари ягонаашро шунида, хориаш омада, гиря мекард...
Дар ҳамин ҷо Шодигул аз хондани ҳикоя боз истоду ёди овони бачагӣ, ҳавлии падар, додарону хоҳарон кард. Модари муштипари ӯ низ ҳаловате надошт. Гоҳ дар боғ, гоҳ дар кӯҳ, гоҳ дар оғил ба дунболи кор мегашт. Серфарзанд буд, хушдомани пир дошт. Танӯр-танӯр нон, дег-дег хӯрок мепухт. Аз меваю сабзавоти боғ мураббою тутмавиз, қоқу талқон омода мекард. Аммо боре сараму дилам гуфта бистарӣ нашудааст...
Шодигул давоми ҳикояро хонд:
«Рӯзғор – ғор гуфтаанд. Маоши падари Ҷавлон аз рӯзгор зиёдатӣ намекард. Ҷавон аз стипендияаш ҳамагӣ ду-се сӯм пасандоз карда метавонист. “Бо ин ба зодрӯзи модарам туҳфае мехарам”, мегуфт дар дил. Вале то зодрӯзи модар онро низ ба ягон эҳтиёҷи худ сарф мекард. 
– Боке не, писарам, ҳамаашро якта карда туҳфаи муносибе мехарӣ, – бо табассум ӯро дил медод модар. – Асло хиҷолат нашав, ҳоло пулат бисёр мешавад, Худо хоҳад, маро ба зиёрати Ҳаҷ мебарӣ.
– Албатта, очаҷон, Худо хоҳад ҳамаи хоҳишатонро ба ҷо меорам, дугонаҳоятон ҳавас мекунанд, – мегуфт бо орзуҳои ширин ҷавон.
Ҷавлон баъди хатми донишгоҳ ба кор ҷойгир шуд. Моҳҳои аввал маошаш танҳо ба таъмини ниёзҳои худ базӯр мерасид. Имкони ба модар туҳфа ё пасандоз карданро надошт. Агар ду-се сӯм дароз кунад ҳам, модараш мегуфт: «Ин ба тӯй, бачаҷонакам». 
Волидон Ҷавлонро хонадор карданд. “Таҳсил ба охир расид, ба кор сар кардам, хонадор шудам, акнун барои модарам кор мекунам”, тасмим гирифт ҷавон. Баъди як сол фарзанддор шуд. Акнун маошаш аз зану фарзанд зиёдатӣ намекард. Дертар кӯдаки дуюм ба дунё омад. Харҷи ҷавон зиёдтар шуд, ба болои ин инҷиқиҳои занаш ӯро ором намегузошт: “То кай бо як куртаву рӯймол мегардам. Дугонаҳоям ҳатто тилловориҳояшонро иваз карда меистанд”, мегуфт завҷааш. Аз ин таънаҳо безор шуда, ин дафъа маошашро ба занаш сарф кард. Барои он ки дар назди модараш хиҷолат нашавад, ба ӯ низ куртаи гулдор харид.
– Илоҳо, кам нашавӣ, Худо ба кору амалат барака диҳад! – дуо кард модари меҳрубон...»
Шодигул боз ба фикр фурӯ рафт, модари худро ба ёд овард. Ӯ низ орзу дошт, ки очаашро ба шаҳр оварда, кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои дидании онро тамошо диҳад. Аз мағозаҳо либосвории табъи дилашро харида диҳад.
Рӯзе падару модараш ба хонаи ӯ ба меҳмонӣ омаданд. Набераҳо дар гирди онҳо парвона буданд, гӯё ба ҳуҷраи хурдакаки ӯ файз ва нуру рӯшноӣ даромада буд. Рӯзи дигар падару модараш ба дуконҳои шаҳр баромаданд. Шодигул онҳоро ҳамроҳӣ кард. Ба дуконе даромада ба хоҳаракаш, ки ӯро сарбанд карда буданд, ду-се либосворӣ харид карданд. Модараш газвореро нишон дода гуфт: “Додош, Садбарги ҳамсоя аз ҳамин матоъ ба худаш куртаи хушрӯе дӯхтааст. Ба ман ҳам маъқул...” Суханаш ба охир нарасида падараш бо овози баланд гуфт: “ Занак, ту худ медонӣ, пули зиёдатӣ наовардаем. Камию костии ҷиҳози духтарамонро буд кунем, баъд навбат ба ту”. Модараш сар хам карда хомӯш монд... Ҳамон манзараро Шодигул зуд-зуд ба ёд оварда, дилаш фишор мехӯрад. “Чаро ман ҳамон куртавори ба очаҷонам маъқулро гирифта надодам, охир ман ҳам фарзанд будам-ку?”, худро мазаммат кард. Гирифтанӣ ҳам шуд, аммо модараш гуфт: “Духтарам, духтар бандаи касе, бе иҷозати шавҳарат ба ягон кор даст назан”. Ҳоло фарзандони Шодигул ҳама ба воя расидаанд, кор мекунанд, ба қавле “молёб” шудаанд. Шодигул метавонад орзуву хоҳиши модарашро ба ҷо биёрад, аммо сад афсӯс, очаҷонаш кайҳост, ки аз ҳаёт чашм пӯшидааст...
Шодигул ба мутолиаи китоб идома дод.
«Рӯзе дар коргоҳ ҷамъомад барпо шуд ва Ҷавлон ба хона дертар омад. Баъди иваз кардани сару либос шустушӯй кард ва ба сари дасторхон нишаст. Ҳамин вақт аз хонаи шафат овози канда-канда сурфидани модараш шунида шуд.
– Очаам чаро месурфад, магар шамол хӯрдааст?,– пурсид аз ҳамсараш.
– Шояд, ду-се рӯз боз месурфанд. 
– Ду-се рӯз боз? Чаро инро нагуфтӣ?
– Падаратон дору оварданд, воҳима накунед. Оҳиста-оҳиста беҳтар мешаванд,– гуфт бепарвоёна завҷааш.
Ҳамон шаб Ҷавлон миҷа таҳ накард. “Модарҷони ғамхорам, пагоҳ шуморо ба беморхона мебарам. Албатта сиҳат мешавед. Охир ваъда чӣ буд? Орзуи бачагиямро бояд иҷро кунам, шуморо ба зиёрати Ҳаҷ барам”...
Модар дуру дароз дар беморхона хоб кард. Бино ба ташхиси духтурон ба шамолхӯрии шуш гирифтор шуда будааст. Духтурон ҳама кори аз даст меомадаро карданд. Вале...
Модарро ба хок супурданд. Орзуи бачагии Ҷавлон ба армон табдил ёфт...»

Саодат РӮЗИЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: