МУЛОҚОТИ ҲОКИМИ ВИЛОЯТ БО ИНСПЕКТОРОНИ ПРОФИЛАКТИКА

Ҳокими вилояти Бухоро Б. Зарифов мувофиқи тамоили «Маҳаллаи ободи бехатар» барои пешгирӣ намудани ҳар гуна қонуншиканиҳо ва чорабиниҳо дар ноҳияи Ғиждувон бо инспекторони профилактикаи 75 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо мулоқот кард.

Тадбир ҳамчун мулоқоти кушод оғоз ёфт. Ҳоким аввал бо ҳаёти шахсии инспекторони профилактика, масъалаю таклифҳои онҳо шинос шуд. Иҷрои ҳар як муроҷиат ба назорат гирифта шуд. Баробари ин вазифаҳои муҳимтарини ба зиммаи инспекторони профилактика гузошташуда ёдоварӣ гардид. Аз ҷумла, таъмин намудани осоиштагии аҳолӣ пеш аз ҳама дар маҳалла таъкид ёфт. Масъалаи қонуншиканиҳо дар мисоли ҳар як масъала аз нуқтаи назари танқидӣ муҳокима гардид. 
Ҳокими вилоят худи ҳамон рӯз тавассути платформаи ZOOM бо ҳамаи раисони 75 ҷамоати шаҳрвандони маҳалла, ёварони ҳоким, фаъолони занону духтарон ва роҳбаладони ҷавонон сӯҳбат кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҷойдошта бори дигар омӯхта шуд, ба иҷрои масъалаҳое, ки дар мулоқотҳои пештара ба миён омада буданд, эътибор зоҳир гардид, ба вазифаҳои муҳим ва устувор як ба як диққати масъулон ҷалб карда шуд. Бобати афзун гардондани фаъолияти масъулони панҷгонаи маҳалла ва вазифаю масъулияти онҳо маслиҳатҳо дода шуданд. 
Ҳокими вилоят ҳангоми мулоқот хусусан ба пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар маҳалла, маҳдуд гардондани вайроншавии оилаҳо, зиёд-тар намудани нақши маҳалла ба тарбияи ҷавонон, таъмин намудани барқарории муҳити маънавӣ, рушд додани соҳибкорӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ, зоҳир намудани ҳушёрӣ алайҳи экстремизм, терроризм ва савдои одам таваққуф кард.
Ин қабил мулоқотҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба амал меоянд. 

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: