Ҳаёти инсон бо обу оташ вобастагии қавӣ дорад, бахусус нафароне, ки аз ин балои азим осеб дидаанд, ба сарашон мусибат, дард ва талафот овардааст, хуб медонанд.
Ҳаёти инсон бо обу оташ вобастагии қавӣ дорад, бахусус нафароне, ки аз ин балои азим осеб дидаанд, ба сарашон мусибат, дард ва талафот овардааст, хуб медонанд. Сӯхторҳо албатта, тасодуфан сар намезананд, бисёртар дар натиҷаи сӯхтани чӯбу тахта, дарахтони хушк ба амал меояд.
— Сабабгори ин офат худи инсон, бепарвогии ӯ мебошад. Бетартибии бачаҳо, онҳоро беназорат мондан, ё ки пасмондаи сигорро хомӯш накарда партофтан сабаби сар задан ва паҳн шудани сӯхтор мебошад. Дар натиҷа натанҳо хонаву дар, молу анҷом, балки ба тану ҷисми худи онҳо низ зарар мерасад. Беназорат мондани телевизор, дарзмол, печка ва дигар анҷомҳои электрикӣ, плитаҳои носози газ – муҳимтарин сабабҳои сар задани оташ ба шумор меравад. Баъзан носоз будани анҷомҳои электрикиро донанд ҳам, бепарвоёна аз он истифода мебаранд. Аз бепарвогии як оила даҳҳо оила осеб диданашро борҳо дидаем. Масалан, нафаре аз ошёнаи боло пасмондаи сигорро хомӯш накарда, ба поён партофтааст. Бод онро ба долони ошёнаи поён меафтонад. Дар долон (балкон) чӯбу тахта, кардону латтапораҳо мавҷуд будааст, он чизҳо сӯхта оташ ба дарун задааст. Хайрият, саривақт ҳамсояҳо бохабар шуда ба ходимони бехатарӣ аз сӯхтор занг задаанд. Ё ки бачаҳои хурдсол гӯгирдро аз падару модар пинҳонӣ гирифта ба кӯча мебароянд. Бозикунон чӯбу тахта ё коғазҳои сари роҳро месӯзонанд, дар натиҷа ҳолатҳое ҳам шудааст, ки ба сару либос, дасту пой ё дигар аъзои онҳо низ осеб расидааст. Калонсолон, бахусус падару модарон бояд фарзандонамонро беназорат намонем, – мегӯяд Ҷонон Абдуллоева аз ноҳияи Олмазори пойтахт.
Оила тинҷ – маҳалла тинҷ, оила осуда – маҳалла осуда гуфтаанд. Тифоқу аҳлона зиндагӣ кардани ҳар як оила, ҳамсоя, муносибати дӯстонаи онҳо, бешак, ба пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш хеле аҳамиятнок аст. Кору амали ходимони бехатарӣ аз сӯхтор низ осон мегардад. Назар ба хомӯш кардани сӯхтор, саривақт пешгирӣ кардани он афзалтар аст. Аммо дар натиҷаи бепарвогии баъзе шахсон, имрӯзҳо низ сӯхторҳо зуд-зуд сар мезананд. Ҳамватанони азиз, набояд бепарво бошем.
К. ҶӮРАБЕКОВ,
мутахассиси шуъбаи
бехатарӣ аз
сӯхтори назди
Дастгоҳи
Президенти ҷумҳурӣ.