ОИД БА ТАСДИҚИ СТРАТЕГИЯИ НАВСОЗӢ, РУШДИ БОСУРЪАТ ВА ИННОВАТСИОНИИ СОҲАИ СОХТМОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

Бо мақсади такмили минбаъдаи соҳаи сохтмон, ташаккули механизмҳои рушди пайдарпайи мақомот ва муассисаҳои меъморӣ ва сохтмон, таъмини самаранокии системаи идоракунии давлатӣ, ба соҳа тадриҷӣ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ:

Бо мақсади такмили минбаъдаи соҳаи сохтмон, ташаккули механизмҳои рушди пайдарпайи мақомот ва муассисаҳои меъморӣ ва сохтмон, таъмини самаранокии системаи идоракунии давлатӣ, ба соҳа тадриҷӣ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ:
1. Самтҳои асосии навсозӣ, рушди босуръат ва инноватсионии соҳаи бинокории Ҷумҳурии Ӯзбекистон инҳо муайян карда шаванд:
рушди шаҳрсозии ҳудудҳо ва таъмини иштироки самарабахши ҷомеа дар ин раванд;
баланд бардоштани сифат ва бехатарии фаъолияти шаҳрсозӣ;
таъмини самаранокӣ, оқилона ва шаффофияти расмиёти маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилотҳои соҳаи сохтмон;
рақамисозии фаъолияти шаҳрсозӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳа;
такмили системаи тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, рушди нерӯи илмӣ дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ.
2. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
Стратегияи навсозӣ, рушди босуръат ва инноватсионии индустрияи бинокории Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд – Стратегия) мувофиқи замимаи №1;
«Харитаи роҳ» оиди дар солҳои 2021-2025 татбиқ намудани Стратегияи навсозӣ, рушди босуръат ва инноватсионии индустрияи бинокории Ҷумҳурии Ӯзбекистон тибқи замимаи № 2.
3. Нишондиҳандаҳои мақсаднок барои татбиқи Стратегияи навсозӣ, рушди босуръат ва инноватсионии соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2025 мувофиқи замимаи № 3 муқаррар карда шаванд, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
беҳтар гардондани мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Индекси байналмилалии “Пешбурди тиҷорат” (Doing Business Index) бинобар самти “гирифтани иҷозатнома ба сохтмон” (Dealing with  Construction Permits) аз 61,7 холи ҳозира то 78,2 хол то охири соли 2025;
дар соли 2025 муваффақ гардидан ба ҳамоҳангсозии меъёр ва қоидаҳои миллии шаҳрсозӣ бо меъёру андозаҳои байналмилалӣ дар дараҷаи на кам аз 50 фоиз  бо назардошти хусусиятҳои геологӣ, табииву иқлимӣ, сейсмологӣ ва дигар хусусиятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
то соли 2025 ноил шудан ба бо нақшаи генералӣ фаро гирифтани тамоми шаҳрҳо ва 25 фоизи шаҳракҳои шаҳрӣ;
то соли 2025 таъмин намудани ташкили чор платформаи электронии иловагӣ дар доираи Системаи миллии иттилоотии «Сохтмони шаффоф», инчунин ҳамгироии онҳо бо системаҳои иттилоотии байниидоравӣ ва пойгоҳҳои маълумот;
то соли 2025 ба даст овардани ҳиссаи татбиқи усули «ҳаҷмӣ»-и таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ то 50 фоизи шумораи умумии объектҳои сохтмон дар ҷумҳурӣ;
то соли 2025 ворид шудани яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи меъморӣ ва сохтмон ба рӯйхати беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии Осиё (топ - 1000) дар рейтингҳои ташкилотҳои эътирофшудаи байналмилалӣ.
4. Тартибе муқаррар карда шавад, ки тибқи он аз 1 январи соли 2021 бо мақсади таъмини назорати ҷамъиятӣ дар сохтмон:
а) нақшаҳои генералии нуқтаҳои аҳолинишин бо назардошти натиҷаҳои муҳокимаи умумӣ тасдиқ карда мешаванд. Ҳамзамон, муҳокимаи ҷамъиятии нақшаҳои генералии нуқтаҳои аҳолинишин бо тартиби зерин сурат мегирад:
Марҳилаи I — шинос кардани шаҳрвандон бо муҳлат, ҷой ва тартиби баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ;
Марҳилаи II — гузаронидани муҳокимаи ҷамъиятӣ (мубоҳисаҳо, пурсишҳои иҷтимоӣ, ҷамъоварии фикри сокинон, заминистифодабарандагон ва соҳибони амволи ғайриманқул ва усулҳои дигар) оид ба лоиҳаи нақшаи генералии нуқтаи аҳолинишин;
Марҳилаи III — таҳлили афкори умум аз рӯи натиҷаҳои қайдшудаи муҳокимаи ҷамъиятӣ;
Марҳилаи IV — огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи натиҷаҳои муҳокимаи ҷамъиятӣ дар воситаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла дар шабакаи Интернет;
б) имкони амалӣ гардондани экспертизаи ҷамъиятии нақшаҳои генералии нуқтаҳои аҳолнишин ба предмети мувофиқат кардан ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ, манфиатҳои ҷамъият ва давлат ҷорӣ карда мешавад;
в) механизми таҳияи нақшаи генералии муқобили нуқтаи аҳолинишин ё ворид намудани тағйирот (тасҳеҳҳо) ба он бо ташаббуси субъектҳои назорати ҷамъиятӣ, ки бо нақшаи генералии пешниҳодшудаи нуқтаи аҳолинишин розӣ нестанд, ҷорӣ карда мешавад;
г) ташкили муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаҳои нақшаҳои генералии нуқтаҳои аҳолинишин ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо гузошта мешавад.
5. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 марти соли 2021:
а) сохтмон ва таҷдиди биноҳо ва иншоот, аз ҷумла биноҳои истиқоматии инфиродӣ, ошёнаашон беш аз ду (ба истиснои таҳхона), баландиаш аз сатҳи замин аз 12 метр боло ва (ё) масоҳати умумиашон зиёда аз 500 метри мураббаъ бо экспертизаи ҳатмии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии объект ва муқаррар намудани назорати давлатии сохтмони иншоот аз ҷониби нозирони ҳудудии назорат дар соҳаи сохтмони назди Вазорати сохтмон анҷом дода мешаванд;
б) манъ карда мешаванд:
таҳиягарон — шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, ба истиснои ташкилотҳое, ки корҳои сохтмонӣ-васлкуниро ҳамчун намуди асосии фаъолият анҷом медиҳанд, мустақилона (ба тариқи хоҷагидорӣ), бидуни бастани шартномаи пудрати сохтмон бо ташкилоти сохтмон, сохтмон ва таҷдиди биноҳо ва иншоотҳои ошёнаашон аз ду баланд (бе баҳисобгирии таҳхона), баландиашон аз сатҳи замин зиёда аз 12 метр (ё) масоҳати умумиашон зиёда аз 500 метри мураббаъ амалӣ менамояд;
амалӣ гардондани сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёна дар қитъаҳои замин, ки дар минтақаҳои функсионалии ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, ки барои ин намуди сохтмон пешбинӣ нашудаанд, ҷойгиранд;
афзоиши шумораи қабатҳои (сохтани қабати боло) биноҳои мавҷуда ва иншоот, аз ҷумла манзили инфиродӣ, бидуни санҷиши ҳуҷҷатҳои лоиҳа;
афзоиши шумораи қабатҳои биноҳо ва иншоотҳои сохташаванда (бо тағйир додани ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ) бидуни гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тағйирёфта;
в) хулосаи мусбии коршиносон оид ба ҳуҷҷатҳои лоиҳа, ба шарте ки аз ҷониби ташкилоти экспертӣ ба «Феҳристи ягонаи хулосаҳои коршиносон» -и системаи миллии иттилоотии «Сохтмони шаффоф» ворид карда шавад, ба истиснои хулосаҳои коршиносон оид ба ҳуҷҷатҳои лоиҳа, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ мебошанд, эътиборнок дониста мешавад.
6. Ба Вазорати сохтмон амалӣ гардондани хариди давлатии корҳо (молҳо, хизматрасониҳо) оид ба таҳия ва коркарди ҳуҷҷатҳои меъёрии миллӣ дар соҳаи танзими техникӣ, стандартҳои давлатӣ, инчунин мутобиқсозии ҳуҷҷатҳои меъёрии хориҷӣ дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ тибқи шартномаҳои мустақим бо ҷойгиркунии минбаъдаи маълумот дар бораи онҳо дар портали иттилоотии махсуси хариди давлатӣ на дертар аз се рӯзи санаи хулоса иҷозат дода шавад.
7. Вазорати сохтмон (Б.И. Закиров) якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор инҳоро таъмин намояд:
дар давоми ду моҳ ба Девони Вазирон ворид намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки такмили механизми танзими ҳуқуқиро дар соҳаи сохтмони манзили инфиродӣ пешбинӣ мекунад, бо диққати махсус додан ба таъмини бехатарии сейсмикӣ ва сӯхтор дар ин соҳаи мазкур;
то 1 декабри соли 2020 барои тасдиқ ба Девони Вазирон тақдим намудани лоиҳаи Низоми муваққатӣ оид ба тартиби гузаронидани хариди электронии давлатӣ дар соҳаи сохтмон;
то 1 июни соли 2021 таҳияи Регламенти ягонаи маъмурии сохтмон, ки танзими тамоми равандҳои сохтмонро аз иҷозатномаҳои аввалия, таҳияи ҳуҷҷати сметаи лоиҳавӣ, экпертизаи он то ба истифода додани иншоот пешбинӣ мекунад;
то 1 июни соли 2021 ба Девони Вазирон ворид намудани пешниҳод  оид ба марҳила ба марҳила татбиқ намудани принсипҳои суғурта дар фаъолияти лоиҳакашию тадқиқотӣ ва сохтмонӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ;
то 1 августи соли 2021 татбиқи низоми комплаенси зиддикоррупсионии Вазорати сохтмон, то 1 январи соли 2022 — гирифтани шаҳодатномаи мутобиқат ба стандарти байналмилалии ISO: 37001 (Системаи идоракунии мубориза бо коррупсия);
то 1 сентябри соли 2021 созмон додани низоми электронии «Шаҳрванди бодиққат», ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки мустақилона маълумотро дар бораи лоиҳаҳои сохташаванда дарёфт кунанд, сохтмони ғайриқонуниро муайян кунанд, қонуншиканиҳоро дар шакли акс ва видео сабт кунанд ва ба мақомоти ваколатдор оид ба назорат дар соҳаи сохтмон фиристанд;
то 1 марти соли 2022 таҳияи Барномаи “Осеби сифрӣ дар майдончаҳои сохтмон”, ба татбиқи Консепсияи ассотсиатсияи байналмилалии таъминоти иҷтимоӣ (ISSA) асос меёбад;
то 1 июли соли 2022 таҳия ва татбиқи «коди тарроҳӣ»-и ҳудудӣ бо дарназардошти таъиноти унсурҳои муҳити шаҳрӣ, меъморӣ ва фарҳанги анъанавӣ, инчунин шароити табиӣ ва иқлимии минтақа;
аз соли 2022 сар карда, ҳар сол то 1 декабр таҳия ва ба Девони Вазирон тақдим намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи тасдиқи Барномаи тадбирҳо оид ба татбиқи Стратегияи мазкур дар соли оянда бо таҳлили амиқи иҷрои вазифаҳои соли ҷорӣ.
8. Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ (Н.Б. Хусанов) ва Вазорати корҳои хориҷӣ (А.Х. Камилов) якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор то 1 июни соли 2021 имконпазирии ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Конвенсияи Созмони байналмилалии меҳнат таҳти рақами 167 оид ба бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат дар сохтмон (Женева, 20 июни 1988) омӯзад ва аз рӯи натиҷаҳо ба Девони Вазирон пешниҳодҳои асоснок тақдим кунанд.
9. Вазорати молия (Т.А. Ишметов), Вазорати рушди иқтисодиёт ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ (И.И. Норқулов) ҳар сол ҳангоми ташаккул додани параметрҳои Буҷаи давлатӣ ҷудо намудани маблағҳои заруриро оид ба самтҳо ҳангоми татбиқи тадбирҳои дар “Харитаи роҳ” нишон додашуда барои татбиқи Стратегия пешбинӣ намояд.
10. Саридораи сохтмони шаҳри Тошканд ва шуъбаҳои бинокории ноҳияҳои шаҳри Тошканд ба ихтиёри Вазорати сохтмон дода шавад.
Вазорати сохтмон (Б.И. Закиров) дар муддати ду моҳ вазифаҳо, функсияҳо ва сохторҳои ташкилии Саридораи сохтмони шаҳри Тошканд ва шуъбаҳои сохтмони ноҳияҳои шаҳри Тошкандро аз нав дида баромада, ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳодҳо тақдим намояд.
11. Ба палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсия дода шавад:
муқаррар намудани назорати парлумонӣ аз болои сари вақт ва татбиқи самарабахши Стратегия;
дар ҳар семоҳа дар маҷлисҳои Сенат ва Палатаи қонунгузорӣ шунидани ҳисобот дар бораи корҳое, ки вазорату идораҳо, инчунин ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар доираи татбиқи Стратегия анҷом додаанд.
12. Ба баъзе санадҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи № 4 тағйирот ворид карда шавад.
13. Вазорати сохтмон (Б.И. Закиров) якҷоя бо дигар вазорату идораҳои манфиатдор дар давоми ду моҳ ба Девони Вазирон оид ба тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд.
14. Бо мақсади ташкили самарабахши иҷрои Фармони мазкур ба муовинони Сарвазир (А.Ж. Раматов, Д.А. Қӯчқоров, С.У. Умурзаков):
вазифаҳои афзалиятноки вазорату идораҳои масъулро оид ба таъмини пурра ва саривақт ба нишондиҳандаҳои пешбининамудаи Фармони мазкур муваффақ гардидан ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо муайян намоянд;
сари вақт ҷудо кардан, хароҷоти мақсаднок ва истифодаи пурраи маблағҳои заруриро таъмин кунанд;
ҳар моҳ ҳисоботи шахсони масъулро дар бораи корҳои анҷомдода шунаванд;
дар бораи татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ нисбат ба шахсони мансабдоре, ки иҷрои пурра ва саривақтии вазифаҳои дар наздашон гузошташударо таъмин накардаанд, то аз вазифа озод шуданашон пешниҳодот тақдим намоянд;
Вазири сохтмон Б.И. Закиров:
дар муддати ду ҳафта гурӯҳҳои кории байниидоравӣ оид ба самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сохтмонро таъсис диҳад;
барои фавран дар ҷояш ҳал кардани мушкилоти мавҷуда, ки дар ҷараёни ноил шудан ба нишондиҳандаҳои пешбининамудаи ин фармон ба миён омадаанд, чораҳо андешад.
15. Дар ҳар семоҳа баррасӣ намудани иҷрои Фармони мазкур, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти барои иҷрои он масъул ба зиммаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Ж.Раматов ва вазири сохтмон Б.И. Закиров гузошта шавад. 
Бинобар ҷамъбасти ҳар семоҳа ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи самаранокии тадбирҳои андешидашуда маълумот пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон      Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
27 ноябри соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: