Президенти Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Олмон меравад

Бо даъвати Канслери Федералии Олмон Олаф Шолс Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28-30 сентябр бо сафари корӣ ба Берлин меравад.

Мувофиқи барномаи будубош баргузор намудани музокироти дуҷониба бо Канслери Федералии Олмон Олаф Шолс ва Президенти Федералӣ Франк-Валтер Штайнмайер, ҳамчунин мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ба нақша гирифта шудааст.

Иштироки роҳбари мамлакати мо дар чорабиниҳои тиҷоратие, ки Кумитаи шарқии иқтисодиёти Олмон ташкил мекунад, низ пешбинӣ шудааст.

Рӯзнома масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳои сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Олмон, ки моҳи майи соли ҷорӣ сурат гирифта буд, тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ, инноватсионӣ ва технологӣ бо ширкатҳо ва бонкҳои пешрафтаи Олмонро дар бар мегирад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: