ПАНҶСАД СОЛИ ПУРСАМАРИ МИРИ АРАБ

Дар Бухоро масҷиду мадрасаҳо бисёр.

 Навъе ба ҳамаамон маълум, дар давраи низоми собиқ баробари масҷиду мадорис китобхонаҳоро низ  бастанд, мақобиру даргоҳҳои муқаддас зери по карда шуд, ҳатто работу сардобаҳоро аз байн бардоштанд. Баъде давлатамон ба истиқлол даст ёфт, зиёратгоҳ ва обидаҳои меъморӣ ба таъмир фаро гирифта шуданд. Чопи китобҳои таърихӣ, маърифатӣ ва динӣ ба роҳ гузошта шуд.
Яке аз ёдгориҳои таърихӣ дар Бухоро мадрасаи Мири Араб аст. Аснои зиёрати он қабрҳоеро мебинед, ки ба шахсиятҳои маъруфи олами ислом мутааллиқанд. Вале бинобар бенигоҳубин мондани оромгоҳ дар қаламрави кӯчаки мадраса кас намедонист киҳо дар ин ҷо ба хок супурда шудаанд. Танҳо қабри бунёдгузори ин маскани маърифату таълим – Мири Араб маълум буду халос. Вале оиди ашхосе, ки дар атрофи Мири Араб хобидаанд, маълумоти дақиқ мавҷуд набуд.
Чанд сол пеш шоир ва муҳаққиқ Садриддин Салими Бухороӣ (равонаш шод бод)  асаре таълиф сохт бо унвони «Ду саду ҳафтоду ду пир». Китоб такя ба манбаъҳои муътамад рӯйи чоп дидааст. Дар он гуфта мешавад, яке аз оромгоҳҳо дар паҳлуи Мири Араб ба писари он зоти шариф мутааллиқ аст, ки Муҳаммад Боқир ном дошт.
Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар тазкираи хеш «Музаккир-ул-аҳбоб» дар бораи фаъолияти Муҳаммад Боқир ва падари бузургвори ӯ Мири Араб маълумотҳои дақиқ додааст.
Сарчашмаҳо далолат медиҳанд, ҳазрати Мири Араб яке аз намояндагони тариқати нақшбандия дар Бухорои шариф ба шумор мерафт. Ҳазрати Муҳаммад Боқир, айни замон, аз алломаҳои давр буд ва дар олами илму адаб ҷойгоҳи алоҳида дошт. Устоди аввали вай, бешубҳа, хусусан дар омӯзиши илми тариқату шариат падари донишмандаш Мири Араб буд, ки бо саховатмандӣ низ ном баровард ва бунёдкориҳо менамуд. Устоди воқеии Мири Араб, айни замон, Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳисоб меёфт.
Баъде Мири Араб аз дунё гузашт, ҳукмдорҳои Бухоро нисбати Муҳаммад Боқир бештар илтифот намуданд. Ӯ ба яке аз шахсони баиззати давр табдил ёфт. Чанд сол дар мадрасаи падараш (Мири Араб) мударрисӣ намуд. Аз асрори адабиёту эҷод воқиф буду бо тахаллуси Яманӣ бо форсӣ-тоҷикӣ ғазалҳо менавишт. Дар манбаъҳои таърихӣ аз ғазалиёташ намунаҳо оварда шудаанд. Вале оиди солҳои охири ҳаёташ маълумотҳо кам. Соли вафоташ номаълум.
Дигар аз азизоне, ки паҳлуи Мири Араб ба хоби абад рафтааст, домоди ӯ Шайх Закариё мебошад. 
Назар ба маълумотҳо, Бухоро то ибтидои қарни бистум наздик 400 мадраса дошт. Аввалин мадраса, тавре дар «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ қайд шудааст, «Форжак» унвон дошт, ки соли 937  пойдевори онро гузошта буданд. Он нахустин мадраса дар Мовароуннаҳр низ мебошад. Асосгузори он – Абуҳафс Кабири Бухороӣ. Дар давоми асрҳои миёна мадрасаҳои Бухоро, аз ҷумла, Мири Араб марказҳое ба шумор  мерафтанд, ки толибони илмро соҳиби маълумоти олӣ мекарданд.      
Маълум, ки мадрасаҳо асосан бо ташаббуси амирон, амалдорон ва шахсони бадавлати баландҳиммат бунёд мешуданд. Яке аз онҳо – Мири Араб (воқеъ дар муқобили Манораи Калон) дар солҳои 1530-1536 дар даврае, ки Убайдуллохон сари тахт буд, арзи ҳастӣ намуд. Мадраса аз ҳисоби маблағе, ки Убайдуллохон инъом кардааст ва аз ҳисоби мулкҳои вақф, бо эҳтимоми Шайх Абдуллоҳ, ки ҳамчун Мири Араб ном баровардааст, қомат рост кард. Албатта, ба корҳои сохтмон дар навбати аввал худи ӯ (Мири Араб) сару бар буд. Вале ҳанӯз сохтмон ба охир нарасида, дар ибтидои соли 1536 Мири Араб аз дунё гузашт. Аз рӯйи васияти ӯ домодаш Шайх Закариё сохтмонро ба охир расонд.
Мири Араб дар асл куҷоист? Чаро ӯро Саййид Абдуллоҳи Яманӣ мегӯянд?
Воқеан ватани ӯ – Ямани араб. Дар 22-солагӣ дар ҷустуҷӯйи илм ба Самарқанд омад, ба Хоҷа Аҳрори Валӣ шогирд шуд. Баъдтар ба Бухоро роҳ пеш гирифт, дар корҳои маънавӣ ва ободонӣ  худро нишон дод ва мавриди эътибори Убайдуллоҳхон қарор ёфт.
Номи ӯро  хаттот Миралӣ Фатҳободӣ дар пештоқи мадрасае, ки барпо кард, дар қитъаи зер сабт кардааст: «Мири Араб – фахри Аҷам он ки кард, Мадрасаи олии бас булъаҷаб. Булъаҷаб он аст, ки таърихи ӯ, Мадрасаи олии Мири Араб».
Ҳамин тавр, мадрасаи Мири Араб ба маскани таълими олие табдил ёфт, ки ҳазорон мударрис, муфтию амалдор, имом, сафир, арбоби сиёсӣ ва аҳли илму адаб дар он касби камол карданд, маълум ва машҳур гардиданд.
Садри Зиё (1865-1932, падари академик Муҳаммадҷон Шакурӣ) қайд кардааст, яке аз ҳукмдорҳои вақт Шоҳмурод дар  яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Мири Араб шабонарӯзҳо раёзат кашид ва ба омӯзиши илм машғул гашт. Шоҳмурод дар байни халқ ба сифати «Амири ҷаннатмакон» ном баровардааст. Амир Ҳайдар низ таълимгирифтаи ҳамин даргоҳи маърифат буд. 
Ҳикоят мекунанд, баъде амир Шоҳмурод ба сари қудрат омад, аз ҳисоби даромаде, ки аз андоз афтидааст, барои муллобачагон идрор (стипендия) ҷорӣ намуд.
Чун дигар мадрасаҳо Мири Араб соҳиби мулки вақф буд. Ҷуз ин аз ҳисоби маблағи иловагии аз хазинаи аморат ҷудошуда масъалаҳои молиявии мадраса ҳаллу фасл мешуд. Хидматгузорон ба маош таъмин карда мешуданд. Мутаваллиро амир таъин мекард. Ҳаминро низ қайд кардан муҳим, миқдори муллобачагон ва соли таҳсили онҳо то андозае ба даромаду харҷҳои мадраса вобастагӣ дошт.
Дар охири соли таҳсил аз рӯйи фанҳои диниву дунёвие, ки гузашта шудаанд, бо иштироки падару модарон аз толибони илм имтиҳон гирифта мешуд. Ба муллобачагоне, ки имтиҳонотро бомуваффақият супурдаанд, шаҳодатнома дода мешуд. Толиби илме, ки Мири Арабро бо баҳоҳои аъло хатм мекард, ҳатто аз ҷониби амир бо туҳфа ва пули нақд тақдир мешуд.
Масалан, яке аз толиби илмҳои пешқадам аз Қӯшработ, ки Камолиддин ном дошт, баъди адои таълим бо баҳоҳои аъло ба  дарбори амир Абдулаҳад даъват гашт. Шахсан амир ба вай сарупо (либос) пӯшонд, «Қуръони Карим» ва китоби «Ал-Ҷомеъ ас-Саҳеҳ»-ро туҳфа намуд. Таклиф  кард Камолиддин дар дарбор ба кор монад.
Маълум, ки Устод  Айнӣ низ муддате дар Мири Араб таҳсил гирифтааст. Вай менигорад толибони илм ҳар субҳ дар «Меҳмонхонаи Раҳимӣ» оятҳо тиловат мекарданд.  Ҳар кадом аз давлат моҳе сӣ танга мегирифтанд. Ҷуз ин ба онҳо нону мавиз тақсим карда мешуд.
Муллобачагон, ки дар асоси натиҷаҳои санҷиш қабул шудаанд, мувофиқи донишу бинишашон ба се гурӯҳ – аъло (олӣ), авсат (миёна) ва адно (паст) тақсим карда мешуданд. Онҳо ҳуқуқ доштанд дар хобгоҳи мадраса зиндагӣ кунанд. Устод Айнӣ менависад, дар давоми ҳафта таълими чаҳоррӯза ҷорӣ карда шуда буд. Яъне, аз якшанбе то чаҳоршанбе. Рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе толибилмон дам мегирифтанд. Одатан машғулот аз моҳи сентябр сар шуда, то моҳи март давом мекард. Дар тобистон ва моҳи рамазон муллобачагон ба таътил мебаромаданд.

М. ШОДИЕВ.           

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: