мегӯяд раиси раёсати «Uzbekistan Airports» Раъно Ҷӯраева
– Барои он ки теъдоди ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакати мо, хусусан ба шаҳрҳои таърихии мо ташриф оваранд, мо бояд майдонҳои ҳавоии “Тошканд”, “Бухоро”, “Тирмиз” ва “Урганч”-ро куллан реконструксия кунем. Дар ин бора 11 апрели соли равон ба Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев гузориш дода будем, – гуфт дар ибтидои нишасти хабарӣ Раъно Ҷӯраева. – Иҷрои ин нақшаҳо, ки аз авлавияти кори онҳоро ташкил медиҳанд, барои солҳои 2022-2026 барномарезӣ шудаанд. Моҳи сентябри соли гузашта дар майдони ҳавоии пойтахт марҳилаи аввали реконструксияи Терминали 2 ба фарҷом расид, ки аз тармими тарафи рости толори парвоз иборат мебошад.
Зимни мулоқот бо сарвари давлат матраҳ гардид, ки ба кадом самтҳои кор таваҷҷуҳ сурат гирад ва дар ин замина ба он ноил шаванд, ки хидматрасонӣ беҳбуд ёбад, ба кор мутахассисони варзида ҷалбу ҷазб гарданд, ки ҳатман ба ҷалби бештари сайёҳон хеле мусоидат хоҳад кард.
– Мо бояд тарзе корҳоро ба роҳ монем, ки барои мусофирон парвоз аз тариқи майдонҳои ҳавоии мо ҷолиб ва қулай бошад. Ҳатто истгоҳи ҳавопаймоҳоро мо таҷдид хоҳем кард ва майдони ҳавоӣ бо тавсеаёбии худ битавонад теъдоди бештари онро дар худ гунҷоиш диҳад, – гуфт Раъно Ҷӯраева. – Дар дохили майдони ҳавоӣ ташкил намудани растаҳои маҳсулоти ҳунармандӣ низ аз вазифаҳое ба шумор меравад, ки иҷрои он ногузир мебошад. Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол майдони ҳавоии “Тошканд” дар чаҳор баст ба мусофирон хидмат мерасонад.
– Ба туфайли анҷоми ин кор иқтидори интиқоли мусофирон дар як соат то ба 1 ҳазору 200 нафар боло бурда шуд. Яъне метавонем дар як соат 5-6 ҳавопаймо аз майдони ҳавоии мо ба самтҳои гуногун парвоз кунанд. Аз моҳи март шурӯъ карда ба марҳилаи дуввуми реконструксияи Терминали 2-и майдони байналмилалии “Тошканд” ҳусни оғоз бахшидем. Ба нақша гирифта шудааст, ки шакли назорати гумрукиро тағйир диҳем ва системаи Tax Free-ро дар амал ҷорӣ намоем. Он гоҳ пайроҳаҳои бақайдгирии мусофирон афзоиш меёбад, – изҳор намуд Раъно Ҷӯраева.
— Майдонҳои пеширӯйи майдони ҳавоӣ бояд ба танзим дароварда шавад ва истгоҳҳои мавҷуда ба тарзи автоматӣ гузаранд. Барои мусофирон шароити беҳтарин ё комфорт фароҳам оварда шавад, нуқтаҳои гуногуни хидматрасонӣ дар ихтиёри мусофирон қарор гиранд ва дар толорҳои CIP ва VIP, инчунин бизнес-толорҳои “Анор” ва хадамоти Fast Traek шароит боз ҳам беҳбуд шавад. Дар натиҷаи реконструксия кардани майдони ҳавоӣ имкон фароҳам меояд, ки он дар як соат ба ҷойи 1 ҳазору 200 нафар ба 2 ҳазору 400 нафар мусофир хидмати аълосифат расонад. Аммо мо бояд бештар ба рушди майдонҳои ҳавоӣ, воқеъ дар Самарқанд, Бухоро ва Хива, ки гавҳари туризм маҳсуб меёбанд, талоши бештар ба харҷ диҳем. Хушбахтона, баъди реконструксияи васеъмиқёси майдони ҳавоии Самарқанд, бунёди терминали нав ва маҷмааи нави аэродром маросими ифтитоҳи онро бошукӯҳ баргузор намудем.
Маълум шуд, ки дар ин авохир майдони ҳавоии “Бухоро” дар мавриди расонидани хидмат ба мусофирон яке аз ҷойҳои намунавиро ишғол намудааст. Барои ҳамин дар ду соли оянда майдони ҳавоии наву аз ҳар нигоҳ муҷаҳҳаз дар Бухорову Урганҷ арзи ҳастӣ хоҳанд кард. Лои-ҳаҳои он ба сарвари давлат муаррифӣ гардид. Аз рӯйи натиҷагириҳои муқаддамотӣ барои бунёди майдони ҳавоии Бухоро ҳудуди 136 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда мешавад. Дар натиҷа дар як соат ин майдони ҳавоӣ метавонад ба ҳазор мусофир хидмати беминнат расонад.
– Сохтмони майдони ҳавоии “Урганч”, ки дар он 177 миллион доллари амрикоӣ сарф мешавад, дар як соат ба 1 ҳазору 200 нафар хидмат хоҳад расонд. бо иқтидори 1 ҳазору 200 нафар дар як соат 177 миллион доллари амрикоӣ тақозо менамояд. Ин ҳарду лоиҳа солҳои 2022-2024 бар асоси шарикии давлатӣ бунёд хоҳанд ёфт. Дар ҳамин ҳол ҳуҷҷатҳо омода карда мешаванд, ки ба ин кор сармоягузорони хусусӣ ҷалб карда шаванд,– қайд намуд Раъно Ҷӯраева.
Солҳои пеш ҳавопаймоҳо бо хатсайри Фарғона – Душанбе, Намангон – Душанбе ва Андиҷон – Душанбе парвоз мекарданд. Имкон вуҷуд дорад, ки мусофирон битавонанд аз майдони ҳавоии ё Фарғона, ё Намангон ва ё Андиҷон худро ба шаҳри Душанбе расонанд?
– Ин масъала низ мадди назар аст ва дар оянда ҷиҳати ҳаллу фасли он низ талошҳоро ба харҷ хоҳем дод. Аммо ҳоло мо ба корҳое машғул ҳастем, ки шароити беҳтаринро дар майдонҳои ҳавоиамон эҷод кунем. Парвоз аз Тошканд ва шаҳри Ӯш низ хеле барномаи хубест, – посух дод Раъно Ҷӯраева.
Қобили зикр аст, ки ҶС «Uzbekistan Airports» ширкате мебошад, ки 11 майдони байналмилалии Ӯзбекистонро таҳти тасарруф қарор додааст. Ин ширкат бо амри Президенти мамлакат дар базаи Ширкати миллии ҳавонавардии “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” таъсис ёфтааст.
– Агар мо ҳавопаймоҳои ATR-72-ро, ки дар ҳамкории Италия ва Фаронса сохта шудааст, дар ихтиёр қарор диҳем, корамон хеле осон хоҳад шуд. Ин ҳавопаймо нисбатан хурд буда, имкониятҳои фаровонеро доро мебошад. 72 нафар мусофирро аз як манзил ба манзили дигар интиқол медиҳад. Мо бар асоси тендер аз ширкатҳои ҳавонавардии хориҷӣ мутахассисони варзидаро ба кор ҷалб кунем, – иброз дошт Раъно Ҷӯраева.
Раиси Раёсати «Uzbe-kistan Airports» дар посух ба он суол, ки аэродроми Сӯх кай куллан муҷаҳҳаз мегардад ва бо персонал таъмин мешавад, гуфт, ки он ҳанӯз таҳти тасарруфи ҳокимияти ноҳияи Сӯх қарор дорад. Вақте ки он ба тасарруфи «Uzbekis-tan Airports» мегузарад, он гоҳ масъалаҳои марбут ба таъмини кадрҳо ва муҷаҳҳаз намудани он ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Дар поёни нишасти матбуотӣ Раъно Ҷӯраева дар бораи он ҳарф зад, ки ҳанӯз онҳо ба кадрҳои бомаҳорат эҳтиёҷ доранд.
– Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд кадрҳои болаёқат тайёр мекунад. Дар айни ҳол тасмим гирифтаем, ки онҳо бевосита дар вилоятҳо давраи магистратураро хатм кунанд. Он гоҳ аз ин кадрҳо низ метавон фаровон истифода намуд, – гуфт Раъно Ҷӯраева.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.