ПАЖӮҲИШЕ ГУСТАРДА ДОИР БА МУҲИТИ АДАБИИ ЧАҒОНИЁН

Ба қарибӣ дар Шӯрои диссертатсионии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, унвонҷӯйи шуъбаи таърихи адабиёт Ҷамшед Ҷумъақулов рисолаи номзадиашро аз рӯйи ихтисоси адабиёти тоҷик, дар мавзӯи «Мунҷики Тирмизӣ ва муҳити адабии Чағониён дар асри X ва ибтидои асри XI» бомуваффақият дифоъ намуд.

Бояд гуфт, ки Ҷамшед Ҷумъақулов  дастпарвари шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи рус ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Тирмиз буда, феълан дар ҳамин боргоҳи илм омӯзгори фанни адабиёти тоҷик аст.
Мо олими ҷавонро бо ин дастоварди илмӣ самимона табрик гуфта, умед дорем, ки дар оянда низ миёни донишмандони институт ва ДДТ ҳамкориҳои судманд сурат мегиранд.
Ҳарчанд бобати мавҷудияти маркази адабии Чағониён зимни тадқиқи мавзӯъҳои дигари адабиётшиносону муаррихоне чун Аҳмад Абдуллоеву Намоз Ҳотамов ва донишмандони Эрон Забеҳуллоҳ Сафову Дабири Сиёқӣ, шарқшиносони маъруфи шуравӣ Бартолду Бертелс ва Брагинский маълумот додаанд, ба таври илмӣ муайян намудани ҷойгоҳи ин муҳити адабӣ дар раванди умумии инкишофи адабиёти форсии тоҷикии асрҳои X-XI ба таври ҷомеъ анҷом нопазируфтааст.
Бинобар ин аз ҷониби муаллифи рисола тадқиқ шудани мавзӯи мазкур тасодуфӣ набуда, балки амри муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Соли 2002 олимон Б.Қодиров ва Б. Муртазоев дар ин мавзӯъ монографияе таълиф намудаанд. Соли 2016 бо ташаббуси Р.Абдуллоев ашъори парокандаи Мунҷик дар Ӯзбекистон бо сарсухан ва тавзеҳот мураттаб ва чоп шуд. Дар бораи Дақиқии Балхӣ, ки низ аз симоҳои барҷаста ва омӯхтании ҳавзаи адабии Чағониён ба шумор меояд, тадқиқоти фарогири илмӣ ба анҷом расидааст. Ин пажӯҳишҳо заминаи боэътимоде барои омӯзиши амиқи ин ҳавзаи адабӣ гардидаанд. Аммо воқеият ин аст, ки муаллифон сарчашмаҳои муътамади марбут ба ин мавзӯъро дар даст надоштаанд. Бинобар ин зарурати дар асоси факту далелҳои наву тозаи илмӣ омӯхтани он ба миён омада буд.
Бояд тазаккур дод, ки муаллифи рисола дар асоси чунин тадқиқоти то ин замон баанҷомрасида нақши муҳити адабии Чағониёни асрҳои X-XI-ро дар раванди умумии инкишофи адабиёти давраи мазкур муайян намудааст, ки сазовори  таъкид ва тавсиф мебошад. Унвонҷӯ, аз назари мо, хусусан, дар тасвиру баёни муътамади зиндагиномаи чеҳраҳои барҷастаи муҳити адабии Чағониён, ба монанди Дақиқӣ, Фаррухӣ, Лабибӣ, Бадеъи Балхӣ, Тоҳир ибни Фазли Чағонӣ ва Мунҷики Тирмизӣ муваффақ шудааст. Яъне дар пояи мероси андаки аз шоирони мазкур боқимонда хусусиятҳои асосии ҷараёни инкишофи адабиётро дар муҳити адабии Чағониён то ҷое ба субут расонидааст.
Бори аввал дар боби зиндагинома ва мероси адабии яке аз шоирони муҳими ҳавзаи адабии Чағониён – Мунҷики Тирмизӣ, хусусиятҳои асосӣ ва вижагии сабки эҷодӣ, ҷанбаъҳои ҳунарӣ, мазмуну муҳтавои ашъори боқимонда ва нақши ӯ дар инкишофи адабиёти замонаш тадқиқоти нисбатан мукаммал сурат гирифтааст. 
   
Анзурат МАЛИКОВА,
номзади илмҳои филологӣ, 
корманди пешбари 
Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: