БОЗ «ТАРОНАҲОИ ШАРҚ» ДАР РЕГИСТОН

Дар даҳ рӯзи охири моҳи августи соли равон дар асоси қарори сарвари давлатамон аз 2-юми феврали соли гузашта «Дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи маданият ва санъат» дар майдони Регистон фестивали 8-уми «Таронаҳои Шарқ» хоҳад гузашт.

Ҳоло  дар  доираи  омодагӣ ба  анҷумани мусиқӣ ба  масъалаҳои пазироии меҳмонон, бо манзил  таъмин  кардани  онҳо, ташкили  саёҳат ба  ҷойҳои  таърихӣ ва  ғайра эътибори  хоса зоҳир мешавад. Таъкид  кардан  ҷоиз аст, ки бори нахуст  дар ин ҷашнвора аз 30 кишвари  ҷаҳон вакил  ширкат варзида бошад, соли 2019 аз  80 мамлакати дунё 340 нафар дар  майдони  Регистон  ҳунарнамоӣ карда, табъи  мухлисони  санъатро  болида сохтанд.
Аллакай аз  хориҷа расидани илтимоснома доир ба  иштирок дар  анҷумани мусиқӣ ба  Самарқанд оғоз  ёфт. Дар  фестивали  имсола ширкаткунандагон  нисбат ба  солҳои пешин  бештар  хоҳад шуд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: