ДАВРАИ НАВИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН ОҒОЗ МЕЁБАД

Халқҳои ӯзбеку тоҷик аз қадимулайём дӯстони содиқ ва ҳамсоягони қарин ҳастанд.

Ҳоли ҳозир муносибатҳои тарафайни байни халқҳои мо, ки ягонагии таъриху тақдир, дин, ҳамонандии фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳо онҳоро муттаҳид мекунанд, ба дараҷаи нав бардошта шуданд.
Муносибатҳои дипломатии байни ду мамлакат 22 октябри соли 1992 устувор карда шуда буданд, Тоҷикистон сафоратхонаи худро дар кишвари мо соли 1995, Ӯзбекистон бошад, дар Душанбе соли 1999 боз карданд. Солҳои охир муносибатҳои байни кишварҳоямон дар соҳаҳои савдо, иқтисодиёт, иҷтимоиву фарҳангӣ, нақлиёт, кишоварзӣ босуръат инкишоф меёбанд.
Аз ҷумла, соли 2017 мубодилаи савдои хориҷии байни ду кишвар 237,9 миллион долларро ташкил дод, охири соли 2023-юм бошад, се баробар афзуда, ба 756,8 миллион доллар расид. Дар Ӯзбекистон 278 корхона бо иштироки сармояҳои Тоҷикистон, дар Тоҷикистон бошад, 90 корхона бо иштироки резидентҳои мамлакати мо амал мекунанд. Дар охири соли 2023 дар доираи барномаи сармоявӣ тақрибан 50 миллион доллари ИМА сармояҳои Тоҷикистон азхуд карда шуданд.
Дар ин маврид бояд таъкид намуд, ки дар Ӯзбекистон барои нигоҳ доштани худогоҳии миллӣ, забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллати тоҷик тамоми шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Дар мамлакати мо аз 10163 мактаб дар 253 ададаш таълим ба забони тоҷикӣ бурда мешавад. Баробари ин 4 рӯзнома ба забони тоҷикӣ нашр мешаванд, 5 барномаи телевизионӣ ва 30 барномаҳои радиоӣ ба ин забон интишор меёбанд.
Тӯли солҳои охир ба шарофати иродаи сиёсӣ ва ташаббуси сарони ду мамлакат миқёси ҳамкориҳои тарафайн рӯз аз рӯз меафзояд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18-19 апрели соли равон ба Тоҷикистон ва натиҷаҳои дар доираи он бадастомада, бобати рушд ва таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, некҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аҳамияти бузург доранд.
Аз ҷумла, рӯзи аввали сафар дар қароргоҳи Қасри Миллат дар Душанбе мулоқоти сарони ду кишвар дар доираи танг ба амал омад. Баъд аз он дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ як қатор ҳуҷҷатҳое, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои васеъмиқёс, истифодаи самарабахши имкониятҳои бузург ва иқтидорҳои ҳанӯз истифоданашудаи ҳар ду мамлакат нигаронида шудаанд, имзо гардиданд.
Аз ҷумла, бобати то 2 миллиард доллар зиёд кардани мубодилаи мол аз ҳисоби иваз намудани воридот аз кишварҳои сеюм вазифа гузошта шуд. Бо ин мақсад бунёди минтақаҳои наздисарҳадии савдои озоди «Ойбек – Фотеҳобод» ва маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» тезонида мешаванд. Ғайр аз ин, ба пайдо кардани нуқтаҳои нави рушди  соҳаҳои анъанавии ду мамлакат, ҳамчунин ба истифода супурдани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мошинсозӣ, энергетика, электротехника, филизот, маъданҳои кӯҳӣ, бофандагӣ, доруворӣ, саноати аграрӣ эътибор дода шуд.
Муоҳида дар бораи муносибатҳои тифоқӣ, ки куллан ба манфиатҳои асосии кишварҳои бародари мо мусоидат менамояд, ҳуҷҷати муҳимтарин ба шумор меравад. Вай шаҳодат медиҳад, ки кор бобати амиқсозии шарикии бисёрҷанбаи стратегӣ ва тифоқии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба давраи нав бардошта ва ҷиҳати бебозгашт пайдо кардааст.
Барои маълумот бояд қайд намуд, ки Ӯзбекистон то имрӯз танҳо бо ду кишвар – Русия ва Қазоқистон муоҳида дар бораи муносибатҳои  тифоқӣ ва бо 14 мамлакат муносибатҳои шарикии стратегиро имзо кардааст.
Умуман ҳар як ҳуҷҷате, ки дар ҷараёни сафар имзо гардид ва тамоми ташаббусҳое, ки аз ҷониби роҳбарони мамлакатҳо пеш гузошта шуданд, аҳамияти бузург доранд, зеро, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани некуҳолии ду кишвар, рушди умуман мамлакатҳои минтақа нигаронида шудаанд.
Вазифаи аввалиндараҷа дар татбиқ сохтани ҳадафи ҳуҷҷатҳое, ки дар доираи сафари таърихӣ ба имзо расиданд, баланд бардоштани мулоқоти самарабахши байни парлумонҳо, ҳукуматҳо, идораҳои сиёсати хориҷӣ, вазорат ва минтақаҳои мо ба шумор меравад.

Мавлуда АДҲАМҶОНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: