ИҚДОМОТИ ТОЗА ДАР РОҲИ РЕШАКАНСОЗИИ КОРРУПСИЯ

Нағз дар хотирам, як вақтҳо дар маҳаллаамон нафаре агар соҳиби автомобил гардад, хурду калон таваҷҷӯҳ нигаронда ва дар бораи он ки мошин бо пули ҳалол харида шуд ё не, фикру мулоҳиза баён менамуд.

Нағз дар хотирам, як вақтҳо дар маҳаллаамон нафаре агар соҳиби автомобил гардад, хурду калон таваҷҷӯҳ нигаронда ва дар бораи он ки мошин бо пули ҳалол харида шуд ё не, фикру мулоҳиза баён менамуд. Аксарият одамон барои соҳиби автомобил шудан солҳои зиёд заҳмат мекашиданд. Ҳарчанд маблағи кофӣ ғун кардаанд, аз ҳақу ҳамсоя ё шахсони наздик қарз мегирифтанд. То баъзе одамони «бедаҳон» гап накунанд, ки «як бало набошад, ин қадар пул намеёфт ва мошин намехарид».

Дар бардоштани иморат ё гузаронидани тӯй низ ба ном қарзбардориҳо мисле ба анъана табдил ёфта буд.
Онҳое, ки дар курсии мансаб нишастаанд, бештар эҳтиёткор буданд. Мошин харанд, ба номи касҳои дигар мехариданд. Ёфт мешуданд роҳбароне, ки дар манзилҳои оддӣ зиста ва тӯйҳои камхарҷ гузаронанд, то ба чашми дигарон намуна тобанд. Дар асл шоҳона ба сар бурда ва бо сӯиистеъмол аз мансаб ва номаълум тороҷсозии бойигариҳои давлат ва ҷамъият барои набераҳои ҳанӯз ба дунё наомадаашон низ сарват ғун менамуданд. Баъде сабукдӯш шуданд, соҳиби чӣ қадар мошин ва хонаву ҷойи ҳашаматнок будани онҳо ошкор мегашт. Мардум мегуфт: «Кор кард ё давр омад гӯён фақат ғун кард?»
Замонҳо дигар шуданд. Зиндагӣ беҳтар гашт. Қариб дар ҳар хонадон – як мошин. Оилаҳое, ки ҳатто якчанд мошини замонавӣ доранд, хеле зиёд. Дар ин гуна масъалаҳо касе ба каси дигар кордор не. Хоҳӣ, ҳар ҳафта мошин иваз кун ё манзилу иморатҳои «нестдарҷаҳон» соз.
Қарзпурсӣ куллан аз байн рафт, гӯем шояд хатост. Зиндагӣ водор месозад гоҳо аз якдигар кӯмак пурсем. Фақат акнун ба ном ё фиреби мардум дар вақти мошинхарӣ қарзпурсӣ ба мушоҳида намерасад.
Дар масъалаи мошин ё моли ғайриманқул, қаср ё вилла, чаҳорбоғу масканҳои истироҳатӣ ва ҳоказо ба пешобағали амалдорон низ шамол расид. Хостаашонро мекунанд. Берун аз мамлакат метавонанд меҳмонхона харанд. Ба писари худ тантанавор калиди «Каптива» туҳфа намоянд...
Чанд сол муқаддам телевизион вохӯрии яке аз роҳбарони ҷумҳурӣ бо аҳолии ноҳияи дурдастро нишон дод.
– Мошин доред? – пурсид роҳбар аз раиси маҳалла. 
– Дорам, – гуфт раис даст пеши бар. 
– Зиндагӣ чӣ хел? 
– Зӯр!..
Ин як ҳодисаи муқаррарӣ-ку... ба андеша низ меравад одам: чанд сӯм маош мегирифта бошад раис? Умуман, барои хуб, ба қавли худаш «зӯр» зиндагӣ кардан маоше, ки мегирад, кифоя аст?
Шояд он раис бо пули ҳалол харидааст мошинро. Молу ҳол, парвариши зироат дар рӯиндарича барин чизҳо ҳаст дар деҳот. Шахсоне, ки дар дилашон ғайрат ҷӯш мезанад, сарфи назар аз он ки дар кадом вазифа кор мекунанд, метавонанд манбаъҳои иловагии даромад дарёфта ва зиндагии хуб ба роҳ гузоранд. Ҳамаи гап дар ҳавсала. Ҳавсала, ки ҳаст, кас аз тангии фурсат наменолад, барои ҳар кор вақт меёбад...
Баробари ин, раисони аз луқмаи ҳаром ё даромади муфт ҳазар намекардагӣ – зиёд. 
Аз телевизион маълум карданд, раисе ба қатори шахсони ба кӯмаки иҷтимоӣ муҳтоҷ рӯихати писари худро низ номаълум дохил кардааст. Кӯмакҳои башардӯстонаи аз кишварҳои дигар расидаро низ то тавонанд «обу лой» мекунанд ин қабилҳо. Ва... мошин мехаранд ҳар қадар хоҳанд. Ба тавре, дилашон хост бойигариашонро намоиш медиҳанд.
Инсонҳои маънавияташон бой не, мутаассифона, шахсони сарватманд ва мансабдор – пеши мардум. Тавре ба назар мерасад, амал (вазифа) ва сарват байни ҳам муносибат (ё таносубе) пайдо карда, ки аз ҳам гӯё ҷудонопазир.
Албатта, ҳамаи соҳибвазифаҳо дар як поя не. Роҳбароне, ки бо камоли масъулият кор карда ва ба маънои мусбат «зимомдорӣ» сохта, ба дили мардум роҳ ёфта ва бо нишон додани қобилияти ташкилотчигӣ ба пешравиҳо боис шудаанд, низ мушоҳида мешаванд. Чанд вақт пеш ба ҳокими шаҳри Нурафшони вилояти Тошканд вохӯрдем. Ба хурду бузург якхелии муносибаташ ҳис мегашт. Гуфт, ки субҳи бармаҳал аз хона баромада, гоҳо соатҳои яку дуи шаб бармегардам, ба риштарошӣ баъзан фурсат нест. Вақти хона ба хона давр зада, ба мушкилоти аҳолӣ шинос шудан, суол мекунанд, ки шумо кӣ? Худро шинос кунам, «наход?» мегӯянд бо андак нобоварӣ, дар ҳоле ки чашмонашон барқ мезанад.
Ба ҳоким ва самимияти суханони ӯ бовар кардем. Бале, роҳбарҳои фидоӣ ва раъиятпарвар бисёранд. Айни дам амалдороне ҳам, ки чандсадмиллионсӯмина мошин харида ва инро як амали муқаррарӣ мепиндоранд, байни мо кам не.
Ҳоло бо маош низ мошин гирифтан (зумрае бо маоши баланд таъмин) мумкин-куя, аммо...
Аммо чизе, ки ба худро нишондиҳии соҳибмансабон сабаби асосӣ – манбаъҳои коррупсионӣ. Ҷамъият ва давлатро ба ташвиш гузошта ин ҳолат. Ин аст, ки чун дар бисёр соҳаҳо дар мубориза алайҳи коррупсия низ дар мамлакати мо ислоҳоти ҷиддӣ ба амал мебарояд. 29 июни соли равон Фармони роҳбари давлатамон «Дар бораи чораҳои иловагии такмили сохтори мубориза алайҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардид. Дар асоси ҳамин фармон Агентии мубориза алайҳи коррупсия ташкил карда шуд, ки он ягона ташкилоти дар соҳа сиёсати давлатиро пешбаранда аст.
Тавре ба аксарият маълум, яке аз мушкилоти глобалии дар дунё решадавонда маҳз коррупсия буда, назар ба маълумотҳои Барномаи рушди СММ, ин иллат ҳамасола ба иқтисодиёти ҷаҳон тақрибан 2,6 триллион доллари ИМА зарар мерасонад. Дар ягон гӯшаи олам он куллан барҳам нахӯрдааст. Ҳатто дар кишварҳои рушдёфта коррупсия дар ин ё он шакл ба зуҳур омада, ба пешравиҳо халал мерасонад. Дар Ӯзбекистон низ ҳолатро хуб гуфтан наметавон. Дар индекси ташкилоти Transparensy international, ки соли 2019 алайҳи коррупсия қабул шудааст, мамлакатамон аз байни 180 давлати ҷаҳон ҷойи 153-юмро ишғол намудааст.
Вазифаи муҳиме, ки назди Агентист, тавассути ба амал баровардани мақсадҳое, ки дар пешанд, дар вақтҳои наздик ба натиҷаҳои хуб ноил шуда, дар рейтингҳои байналхалқӣ ба зинаҳои баланд баромадан. Чунин аст фикри роҳбари агентӣ Акмал Бурҳонов. Вай меафзояд, чи тавре дар амалиёти ҷаҳон ба мушоҳида мерасад, декларатсиянамоии даромадҳои хидматчиёни давлатӣ дар мубориза алайҳи коррупсия яке аз самтҳои самарабахш мебошад. Инро гуфтан осон, аммо ба амал баровардан хеле душвор.
Имрӯзҳо лоиҳаи қонун «Дар бораи декларатсияи молу мулк» кор карда бароварда мешавад. Ба онҳое, ки дар болои лоиҳа кор мекунанд, экспертҳои Бонки ҷаҳонӣ аз наздик кӯмак мерасонанд. Баробари кор дар болои лоиҳа аз рӯйи платформаи тарзи онлайн пурсозии декларатсияҳо низ фаъолият бурда мешавад.
Дар қонуне, ки оиди декларатсияи даромадҳои хидматчиёни давлатӣ, декларатсияи молу мулк ва бархӯрди манфиатҳо қабул карда мешавад, назар ба таъкиди А.Бурҳонов, се навъ ҷавобгарӣ аниқ акс ёфтааст: огоҳӣ, ҷавобгарии маъмурӣ, ҷавобгарии ҷиноӣ.
Пинҳон доштани даромад ё декларатсия, тавре мебинем, ба ҷавобгарӣ боис шуданаш мумкин.
Молу мулк, харҷ ва даромад вақте ҳисобу китоб карда шуд, бешубҳа, мансабдоре, ки аз буҷаи давлат маош мегирад, дониста кор мекардагӣ мешавад.
Қадамҳои қатъие, ки дар роҳи барҳам задан ба ҳолатҳои номатлуб дар мамлакатамон гузошта шудаанд, умед аст самараи худ бахшида, пеши ҳар гуна монеаҳо, ки ба тараққиёт халал мерасонанд, гирифта мешавад.

М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: