ХИДМАТИ БОШАРАФИ ЯК БУНГОҲИ ТИББӢ

Солҳои охир дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ислоҳоти кулл ба вуқӯъ омада, ба беҳбуди сифати кори ин муассисаҳо мусоидат мекунанд.

Дурдасттарин мавзеъҳои аҳолинишини кишвар ҳам аз эътибори ҳукумат берун намонда, барои мунтазам амал кардану ба талаботи замона мувофиқ сохтани шароити хидматрасонии бунгоҳҳои тиббии ин мавзеъҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.  
Бунгоҳи тиббии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ғелон»-и ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё аз чунин масканҳои ҳифзи тандурустӣ аст. Ин муассисаи тиббӣ дар ин кӯҳпоя ягона маскане ба шумор меравад, ки ба ҳифзи саломатии мардум масъул мебошад.
Раҳбари он Ҳусайн Ниёзов барои ободӣ ва пешрафти кори бунгоҳ саъй менамояд. Ӯ духтури кӯдакон аст ва инак, бисту як сол ин ҷониб ба дармондагон кумаки тиббӣ расонда, алоқадри ҳол мушкили онҳоро сабук месозад. Бояд гуфт, ки шароит ва муҳити деҳаҳои дурдасти кӯҳистонӣ аз шифокор тақозо мекунад, ки дар ҳама равияҳои тиб таҷриба андӯзанд ва дар зарурат беморонро аз дард наҷот диҳад. Набудани табибони гуногуни соҳибтаҷриба дар бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои дурдаст, ҳарчанд кори ин муассисаҳоро мушкил месозанд, аммо ҳузури ҳадди ақалл як духтури соҳиби маълумоти олӣ дар лаҳзаҳои душвор ба нафъи ин мардум аст. Ҳусайн Ниёзов ҳам дар деҳаи Ғелон аз табибонест, ки соҳиби маълумоти олист ва ҳамеша дар бари ҳамдеҳагони худ қарор гирифта, мушкили онҳоро осон месозад. Вай аз соли 2014 раҳбарии бунгоҳи тиббист.
– Бунгоҳи тиббии мо барои 5470 аҳолӣ хидмати амбулаторӣ ва статсионарӣ мерасонад. Даҳ ҷойи хоб дорад, ки корафтодагон ба таври статсионарӣ муолиҷа мегиранд. Панҷ кат барои занони ҳомила ҷудо шудааст, ки дорои тамоми шароити қабул мебошад, – мегӯяд Ҳусайн Ниёзов.
Дар ин ҷо ду нафар дояи соҳибтаҷриба ифои вазифа мекунанд. Дояҳои ҳамеша ҳозиру нозир Холиса Бобоҷонова ва Марзия Намозова таҷрибаи кории 25-сола доранд. Мардуми Ғелон ин ду бонуи дидадароро зиёда эҳтиром мекунанд.
– Ҳар сол тақрибан 80-90 нафар кӯдак ба дунё меоянд ва мо масъул ҳастем, ки модарон аз ин даргоҳ хушнуд берун раванд, – мегӯяд Холиса Бобоҷонова. 
Ҳусайн Намозов илова намуд, ки дар Ғелон ва деҳоти тобеи он ҷамъан 2670 бонувон умр ба сар мебаранд ва аз ин теъдод 1349 нафарашон занони синни таваллуд мебошанд. 
Маълум гардид, ки бо дархости бунгоҳ ба деҳаи Ғелон соле ду маротиба аз Бемористони марказии ноҳияи Шаҳрисабз мутахассисони варзидаи соҳаи тиб меоянд ва мардумро аз муоина гузаронида, маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Пиронсолон ва ногироёни деҳа мудом зери назорат қарор доранд, вазъи сиҳҳатии онҳо мунтазам қайд мешавад. Ҳусайн Ниёзов гуфт, барои беморон хӯроки бепул ва як миқдор дорувори ройгон низ дода мешавад. Ҳукумат барои ин ба бунгоҳи тиббии Ғелон моҳе 10 миллион сӯм маблағ ҷудо мекунад.
Бунгоҳ соҳиби бинои замонавии ободу зебост. Таҷҳизоти мавриди ниёзи тиббӣ ҳам дорад. Имконоти хуби мавҷуда аз он далолат медиҳанд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ бобати сиҳҳатии аҳолии деҳоти дурдасттарин низ бефарқ нест.  
 
Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: