ҚАБУЛ – 2023: ДАР ДОНИШКАДА ФАКУЛТЕТ ВА САМТҲОИ НАВ КУШОДА ШУД

Дар Хонаи матбуоти вилояти Самарқанд бо иштироки мутасаддиёни Донишкадаи давлатии иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд низ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Проректор доир ба корҳои таълимӣ, ҷонишини раиси комиссияи қабул Т. Шарифов роҷеъ ба хусусиятҳои ба худ хоси ҷараёни қабули соли хониши 2023-2024, квотаҳои қабул ба шаклҳои таълими рӯзона, ғоибона ва шабонаи зинаҳои бакалавр, инчунин шуъбаи магистратура, факултет ва самтҳои нави таълимӣ маълумот дод.
– Дар соли хониши 2023-2024 ба шуъбаи рӯзонаи зинаи бакалавр аз рӯйи 16 самт қабули 1100 нафар донишҷӯ дар назар аст, – гуфт Т. Шарифов. – Ба шуъбаи ғоибона ва шабона қабули 1300 нафар (650 нафарӣ) пешбинӣ шудааст. Имсол дар зинаи бакалавр 3 самти нав – «Хидматрасонӣ ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои инвеститсионӣ», «Бизнес-таҳлил» ва «Иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ (аз рӯйи минтақаҳо ва намудҳои фаъолият)» кушода шуд. Инчунин, дар шуъбаи магистратура низ самтҳои нави «Хидматрасонӣ ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои инвеститсионӣ» ва «Логистика (аз рӯйи самтҳо)» боз гардид.
Зикр гашт, ки квотаи қабул нисбат ба соли хониши гузашта дар зинаи бакалавр 6 фоиз ва дар шуъбаи магистратура 12 фоиз афзудааст. Дар ду соли охир теъдоди факултетҳо низ афзуда, дар соли таҳсили гузашта факултети «Ҳисоби бухгалтерия ва менеҷмент» ва аз соли таҳсили имсола факултети «Идораи иқтисодиёти сабз ва захираҳои инсон» кушода шуданд.
Котиби масъули комиссияи қабул Ш. Султонов дар бораи ҷараёни таълим дар шуъбаи магистратура, ҳамкориҳои байналмилалӣ маълумот дод.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: