ҚАРЗИ ҲАМШИРАИ ТИББӢ

Ҳамшираи тиббӣ дар назар ибораест одӣ.

Пешаест, ки вазифааш гӯё аз сӯзандору гузаронидан ба бемор иборат аст. Вале бубинед, Вирҷиния Ҳиндерсон чӣ менависад: «Ҳамшираи тиббӣ – пойи равони беморон, чашми нобиноён, дастёри атфол, роҳнамои модарон, асои пирон, мададрасони оҷизон, забони ашхоси нотавонест, ки маҷоли сухангӯйӣ надоранд». 
Шодию хурсандии Наргисро ҳадду канор набуд. Хушнуд буд, ки бо ҳидояти падараш – Нуриддин ва модари хушназараш – Фархунда пешаи ҳамширагиро ихтиёр кард. Дар коллеҷи тиббии Қаршӣ таҳсил намуд. Назария ва амалиёти ҳамширагиро дар ҳамбастагӣ хуб омӯхт. Дониш, таҷриба ва маҳорати дар коллеҷ ҳосилнамудааш минбаъд дар фаъолияти меҳнатии ӯ кор доданд.
Наргис Бекташева бахти худро дар шаҳри Тошканд пайдо кард. Ӯ, ки зодаи Қашқадарё буд, бо Абдувалӣ ном ҷавони тошкандӣ издивоҷ намуд. Се сол муқаддам ӯро ба ҶММ-е ҳамчун ҳамшира ба кор қабул намуданд. Дар муддати хеле кӯтоҳ тавонист байни ҷамоаи нав мавқеъ пайдо кунад. Чеҳраи кушод, лабони ҳамеша ба табассум моил ва пеш аз ҳама забони ширин дорад.
Чанде пеш дар ин клиника муолиҷа гирифтам. «Дафтари қайдҳо»-и беморхонаро варақ задам. Беморони сиҳҳатёфта бештар аз дигарон ба вай миннатдорӣ изҳор кардаанд. Чун дар ин беморхона чанде даво гирифтам, бо фаъолияти ҳамшираҳои тиб хуб шинос шудам. Мегӯянд, ки панҷ панҷа баробар нест. Ин табиӣ аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки ҳамшира бо чӯбу тахта не, балки бо саломатии инсон сару кор дорад. 
Рӯзи аввал ҳамшира бояд сӯзандоруи нахустро бо тавсияи сардухтури беморхона мегузаронид. Ҳамширае бо таҷҳизоти зарурӣ омад. Се-чор маротиба саъй намуд, вале рагро пайдо карда натавонист. Сӯзандоруро як сӯ гузошту аз палата баромад. Пас аз лаҳзае бо се ҳамшираи дигар баргашт. 
– Дада, чӣ ҳол доред, – гуфт бо табассум яке аз онҳо ва пахтаи спиртолудро дар ҷойи сӯзандору молид. Эҳсос накардаам, ки ӯ аллакай сӯзандоруро гузаронидааст. 
– Дада, ҳамааш хуб мешавад, Худо хоҳад, сиҳҳату солим назди набераҳо бармегардед, – гуфту ба палатаи дигар гузашт. Дигарон низ аз ақибаш рафтанд. Ҳамшираи аввалӣ назди ман монд. Номи ҳамшираро пурсидам: – Наргис, ҷавоб дод кӯтоҳ.
Назди сардухтур даромадам. Хоҳиш кардам, ки ба ман танҳо Наргис Бекташева сӯзандору гузаронад. 
– Аксар беморон бо ҳамин хоҳиш назди ман меоянд, – гуфт бо табассум сардухтур Музаффар Раҷабов. – Шифокори асил онест, ки – суханашро идома дод М. Раҷабов, – бар замми доруву дармон ба олами пурасрори рӯҳу равони бемор роҳ ёфта, ба хондан ва дарки муаммои бемор роҳ пайдо кунад. Оре, сухани хуш, чеҳраи кушоду пуртаббасуми ҳамшираи шафқат метавонад боиси ҳар чӣ зудтар шифо ёфтани бемор гардад. Наргис аз чунин тоифаи ҳамширагон аст. 
Баробари ҳусни зебо доштан, чеҳраи тобону забони ширин ва қалби поку беолоиш низ дорад. Шуғли худро дӯст медорад, барои такмили дониш ва маҳораташ пайваста ҷидду ҷаҳд мекунад. Бо замон ҳамнафас аст.
– Сол аз сол илму техника рушд мекунад, барои ҳамқадами замон ва ба талаботи замон мувофиқ сохтани дониш ва таҷриба бояд аз имконоти мавҷуда самаранок истифода кард, – мегӯяд вай. Ин аст, ки худаш пайваста дар ҷустуҷӯст. Ӯ хеле ҷавон аст. Ҳамагӣ собиқаи кории сесола дорад, вале дар ин муддати кӯтоҳ ба дили беморон роҳ ёфтааст. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: