ҚОНУНИ АСОСИЕ, КИ БА ҲУҚУҚУ МАНФИАТҲОИ ХАЛҚ КАФОЛАТ МЕДИҲАД

Дар тӯли таърихи рушди худ мардуми Ӯзбекистон эҳтиёҷотро ба ҳуҷҷати ягонаи меъёрию ҳуқуқӣ эҳсос мекарданд, ки он метавонад дар ҷомеа ҳуқуқҳои ҳар як инсон, ҳифзи арзишҳо, анъанаҳо ва урфу одатҳои миллӣ, шаъну шараф ва эҳтироми баробарро кафолат диҳад ва ҳамзамон ғояҳои пешрафтаи конститутсионии кишварҳои мутараққиро фаро гирифта бошад.

Дар тӯли таърихи рушди худ мардуми Ӯзбекистон эҳтиёҷотро ба ҳуҷҷати ягонаи меъёрию ҳуқуқӣ эҳсос мекарданд, ки он метавонад дар ҷомеа ҳуқуқҳои ҳар як инсон, ҳифзи арзишҳо, анъанаҳо ва урфу одатҳои миллӣ, шаъну шараф ва эҳтироми баробарро кафолат диҳад ва ҳамзамон ғояҳои пешрафтаи конститутсионии кишварҳои мутараққиро фаро гирифта бошад. 
Пас аз ба даст овардани истиқлолият кишвари мо Конститутсияи худро таҳия намуд, ки он ҳамчун такягоҳи ҳуқуқӣ барои татбиқи иродаи собитқадами сиёсии халқи мо, таъмини некӯаҳволии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешрафти фарҳанг ва маърифат хидмат мекунад ва аз ҳама муҳимаш, аз ғояҳои инсонпарварӣ саршор аст. Қонуни асосии ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандии башардӯстона, давлати одилонаи ҳуқуқбунёд ва роҳи соҳибихтиёрии демократӣ гардид.
Ҳамзамон дар баробари тамоюлҳои давлатдории миллии Ӯзбекистон, аз қабили волоияти қонун, баробарӣ, афзалияти бечунучарои ҳуқуқи инсон, Конститутсия анъанаҳои муқаддасеро, ки ба хуни халқи мо ворид шудааст, ба монанди муқаддасоти оила, қарзи фарзандон дар назди волидайн мушаххас муайян мекунад.
Аммо, новобаста аз он ки ҳар як конститутсия чӣ қадар пурқувват ва мукаммал бошад ҳам, кафолати сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ, татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон на танҳо ба қонунияти меъёрҳои конститутсионӣ такя мекунанд, балки аз орзу ва саъйи шаҳрвандон ва ниҳодҳои давлатӣ барои таъмини ин меъёрҳо низ вобастаанд. Аз ин рӯ, дар татбиқи тамоюлҳои инсонпарварии дар Қонуни Асосии кишвар инъикосёфта фаъолияти пурсамари давлат аҳамияти калон дорад. Барои самаранокии фаъолияти институтҳои давлатӣ дар ҷомеаҳои тараққикардаи демократӣ бо дараҷаи ба ҳаёт ҷорӣ намудани меъёрҳои конститутсионӣ ва татбиқи принсипҳои онҳо баҳо дода мешавад.
Президенти мамлакати мо аз рӯзҳои аввали фаъолияташ дар доираи ваколатҳои конститутсионии худ бо қатъият ба татбиқи тамоми меъёрҳои Конститутсия шурӯъ намуд.
Аз ҷумла, сарвари давлат дар раванди қонунгузорӣ амалияи навро ҷорӣ намуд. Шаклҳои нави демократии таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷорӣ карда мешаванд, лоиҳаҳои қонунҳо аз ҷониби намояндагони васеи ҷомеа, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ муҳокима карда мешаванд. Дар натиҷаи ҷорӣ намудани чунин навовариҳо ба раванди қонунгузорӣ афзоиши якбораи самаранокии амалӣ ва қобили ҳаёт будани санадҳои қонунгузорӣ ба даст оварда мешавад.
Президент дар ҳоле ки ба принсипи мардумсолорӣ эътибори алоҳида медиҳад, ки дар Конститутсия зикр гаштааст, дар фаъолияти худ онро муроот мекунад ва мушкилоти мардумро шунида, манфиат ва ҳуқуқи қонунии шаҳрвандонро ҳимоя намуда, ҳал намуданро ногузир меҳисобад. Ҳамзамон роҳбари давлат дар назди мақомоти ҷамъиятӣ ва давлатӣ вазифаро дар бобати иҷрои меъёрҳои Конститутсия «Давлат фаъолияти худро дар асоси принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва қонунмандӣ ба манфиати некӯаҳволии инсон ва ҷамъият бунёд менамояд» мегузорад.
Миқёси тағйироти куллиро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи корбурди амалии меъёрҳои қонунмандии конститутсионӣ дар доираи Стратегияи ҳаракат татбиқ мегардад, таҳлил намуда, мехоҳам ба баъзе мисолҳои ҷараёни мазкур эътибор нигаронам, ки дар моддаҳои марбути Конститутсия акс ёфтаанд.
Мисоли якум. Моддаи 35: «Ҳар кас чӣ дар алоҳидагӣ, чӣ якҷоя бо шахсони дигар ҳуқуқ дорад бо аризаҳо, пешниҳодот ва шикоятҳо ба мақомоти соҳибваколати давлатӣ, муассисаҳо ё худ намояндагони халқ муроҷиат намояд.
Ариза, пешниҳодот ва шикоятҳо бо тартиб ва муддате баррасӣ гарданд, ки қонун муқаррар намудааст».
Дар мамлакат низоми комилан нав ва босамари кор бо муроҷиати шаҳрвандон ба вуҷуд оварда шудааст. Амалиёти баррасии онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ куллан тағйир дода шудааст. Ҳалқаи марказии низоми мазкур Қабулгоҳи вирдуалии Пезиденти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамчунин Қабулгоҳҳои халқӣ дар ноҳияҳо ва шаҳрҳои мамлакат ба шумор мераванд. Низоми нави мазкур дар навбати худ чун омили муҳими пурзӯр намудани масъулият барои ҳалли саривақтии мушкилоти мардум  аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва дар оқибати кор, барои иҷрои меъёрҳои асосии конститутсионӣ хидмат менамояд.
Мисоли дуюм. Моддаи 29: «Ҳар кас барои озодии фикр, сухан ва эътиқод ҳуқуқ дорад. Ҳар кас ҳуқуқи ҷустуҷӯ, дарёфт ва паҳн намудани ҳар гуна хабарро, ба истиснои хабарҳое, ки бар зидди сохти мавҷудаи конститутсионӣ ва дигар маҳдудиятҳое, ки қонун пешбинӣ менамояд, дорад.
Озодии фикр ва баёни он метавонад қонунан бинобар сабабҳои сирри давлативу ғайра маҳдуд карда шавад».
Вақтҳои охир бинобар иродаи қатъии Президент дар фазои иттилооти миллии мамлакатамон тағйироти воқеан инқилобӣ ба вуҷуд омад. Аз он ҷумла, воситаҳи ахбори оммавӣ ва шаҳрвандони мамлакатамон имконотеро ба даст оварданд, ки иродаи худро озодона баён намоянд. Ҳамин тариқ, дар фазои иттилоотии мамлакатамон чунин муҳити рӯшодгӯӣ ва озодии сухан ба вуҷуд оварда шуд, ки амалан ҳар як масъала барои муҳокимаи ҷамъият бароварда мешавад. Принсипи рӯшодгӯии иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ қонунан таҳким ёфт.
Мисоли сеюм. Моддаи 40: Ҳар кас ҳуқуқи ба даст овардани хидмати тиббии баландмалакаро соҳиб аст».
Президенти Ӯзбекистон масъулиятро пурра дар робита бо вазъияти мураккаби пандемия ба ӯҳдаи худ гирифт ва тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятро барои андешидани чорабиниҳо дар бобати бартарафсозии ин таҳдид сафарбар намуд. Дар натиҷа Ӯзбекистон ҷойгоҳи худро дар байни миқдори ками мамлакатҳо ишғол намуд, ки тавонистанд аз лиҳози муриш ва зарари иқтисодӣ бинобар пандемия натиҷаҳои пастро нишон диҳанд. Ҷомеаи миллӣ ва ҷаҳон гувоҳи он гардид, ки иштироки шахсии роҳбари давлат дар татбиқи ислоҳот дар низоми миллӣ имкон дод, ки шаҳрвандон ҳуқуқи конститутсионии худро барои хидмати бомалакаи тиббӣ татбиқ намоянд ва мамлакатро аз оқибатҳои вазнини коронавирус наҷот диҳанд.
Мисоли чорум. Моддаи 42: «Ба ҳар кас эҷоди озоди илмӣ ва техникӣ, ҳуқуқи истифодаи дастовардҳои маданият кафолат дода мешавад.
Давлат дар бораи рушди маданӣ, илмӣ ва техникии ҷамъият ғамхорӣ менамояд».
Ташаббусҳои бевоситаи Президенти мамлакат таҳкурсии татбиқи лоиҳаҳои доманфарохе гардиданд, ки барои ҷоннок намудани ривоҷи илмӣ, техникӣ ва маданӣ нигаронда шудаанд. Роҳбари давлат ба ҷараёнҳои рушди таълим ва маданият шакли нав ато намуд,  пойгоҳи ба вуҷуд овардани низоми миллиро гузошт, ки мутобиқи тараққиёти замонавии ҷаҳонӣ буда, ба дастгирии эҷодӣ, инноватсионӣ, мадании ҳар як шаҳрванд нигаронда шудааст.
Дар натиҷа тадқиқотҳои вусъатнок, коркардҳои инноватсионӣ, тағйироти сохтории тамоми зинаҳои таълим, инкишофи маданияти миллӣ ба эҳё гардидан шурӯъ намуданд.
Умуман дар баробари амиқ гардидани фалсафа ва рӯҳи Конститутсия Президент тавонист, ки тамоми меъёр ва принсипҳое, ки дар он таҳким ёфтааст, татбиқ намояд. Ҳамзамон бо ташаббуси роҳбари давлат Қонуни Асосии мо бо меъёрҳои нави демократӣ ғанӣ гардонда шуд.
Дар охир бояд таъкид кард, ки Президент бо намунаи шахсӣ, иродаи қатъӣ ва ташаббускории худ тамоми нирӯ ва потенсиали Қонуни Асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таҷассум менамояд, ки бо хоҳиши халқ ба вуҷуд омадааст. Аз ин лиҳоз эҳтиром ва мойилии Шавкат Мирзиёев ба принсипҳои волоияти қонун ва инсонпарварӣ ва ҳамчунин азми ӯ барои таъмин намудани риояи бечунучарои ҳама гуна меъёрҳое, ки дар Қонуни Асосӣ таҳким ёфтааст, барои ҳамаи мо намунаи аъло ба шумор меравад.

Нурдинҷон ИСМОИЛОВ,
Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: