«МАКТАБИ ҶАСОРАТ» ҶАВОНОНРО МУТТАҲИД НАМУД

Имрӯзҳо дар минтақаҳо бо мақсади пурзӯр кардани эҳсоси ватандӯстӣ дар дили ҷавононе, ки дар ҳисоби профилактикӣ қарор доранд, душвортарбия ҳастанд, инчунин бозомӯзии касбу ҳунар ба онҳо мавсими нави ҷамъомади хонишии «Мактаби ҷасорат» сар шуд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур, ки таҳти ҳамкории ҳокимияти вилоят ва сектори ҳарбӣ-маъмурии вилоят, Округи марказии ҳарбӣ, Садорати корҳои дохилӣ, Садорати вилоятии Хидмати амнияти давлатӣ, Садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон ташкил гардид, 100 нафар ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят нахуст аз санҷиши тиббӣ гузаронида шуданд.
Дар вохӯрӣ ҳар як роҳбар дар бораи фаъолияти хидматӣ, таҷрибаи ҳаётӣ ва имкониятҳои барои ҷавонон фароҳамгардида суханронӣ намуда, дар бораи наврасоне, ки бо истифода аз чунин имкониятҳо кишвари моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд, ҳарф заданд.
Ёдовар мекунем, ки дар доираи лоиҳа, ки даҳ рӯз идома меёбад, аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба доир ба омӯзиши касбу ҳунар, асрори тадбиркорӣ ташкили тренингҳои ангезабахш, дарсҳои маҳорат, инчунин, гузаронидани машғулотҳои психологӣ, тадбирҳои маънавӣ-маърифатӣ, омодагии ҳарбӣ, намоиши филмҳо, сафар ба масканҳои таърихии шаҳри Самарқанд дар назар аст.
Дар анҷом ба иштироккунандагон сертификати махсус дар бораи таъмин бо кор ва оғози фаъолияти тадбиркорӣ тақдим мегардад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: