МАСОИЛИ ПЕШБУРДИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ҲАЁТИ ИҶТИМОӢ ДАР «БУХОРОИ ШАРИФ»

Кормандони рӯзномаи «Бухорои шариф» дарк намудан ва шинохтани моҳият ва ҷараёнҳои ҷамъиятро ба кори табиб ташбеҳ додаанд, яъне: «пеш аз ҳама, фанни табобат иборат аст аз фаҳмидан ва ташхис намудани мариз».

Пас тараққиёти ҷамъиятро низ бояд аввал фаҳмид, дарк кард ва баъд аз он зарур аст чун «сиёсатдон бо адолат ҳукм баровард». Худ қазоват намоед, сарнишинони Аморат ба кушодани мактабҳои усули ҷадид (нав) имконият надоданд. Ин шаҳодат аз он аст, ки рӯҳониёни ҷоҳили Аморат ояндаи дурахшони кишвари худро намехоҳанд ё худ дарку эҳсос намекунанд. 
Маорифпарварони ибтидои садаи XX Аморати Бухоро бо вуҷуди ҳар гуна тазйиқҳо ҷонибдори пешрафт ва тараққиёт буданд, андешаву пешниҳодоти худро дар саҳифаҳои рӯзнома ба чоп расонидаанд. Онҳо борҳо таъкид доштаанд: «... мо ба ҳама чиз мӯҳтоҷ шудаем. Ба илм ва адаб ва тиҷорат ва саноеъ ва ҷамъи лавозими башарият» (№3 аз 14 марти соли 1912). Хуб дарк намудаанд, ки «сари манзили мақсудро бояд дуруст таъйин намуда, фаҳмид, баъд аз он роҳи муносибат ва наздике пайдо намуд, зеро то ҳол роҳе, ки доштему мерафтем, моро аз дари ҳавлии худ дур набурда»  (№4 аз 15 марти соли 1912). 
Дастбакорони рӯзнома аз рушду такомули илму техника ва тиҷорат дар мамолики хориҷӣ огоҳӣ доштанд. Он ҳамаро аснои сафарҳо дидаанд, ҳамчунон аз тариқи матбуоти даврӣ хондаву омӯхтаанд, ки саноату тиҷорат дар кишварҳои дигар пеш рафтааст. Онҳо мехостанд кишвари худро дар он дараҷаи тараққиёт бинанд. Дар «Дигарон чӣ карданд» ном мақола пешниҳод намудаанд, ки «аз баҳри ҳар коре гузашта авлод ва атфоли худро ба таҳсили илм ва касб машғул созанд. Ихтироот ва саноатро омӯзанд. Илми киштукор, бофандагӣ ва ғайра дар мадрасаи алоҳида омӯхта шавад» (№4 аз 15 марти соли 1912). Аз ин навишта бармеояд, ки равшанфикрон ҷонибдори мадрасаҳое чун коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбу ҳунар ва донишкадаву донишгоҳҳои имрӯза будаанд. 
Равшанфикрони бухороӣ пешниҳод доштаанд, ки обёрӣ ва зироаткорӣ дар асоси илми соҳа ба роҳ монда шавад. Баъди беш аз сад сол Президент Шавкат Мирзиёев таъкид намудааст: «Алҳол дар кори мо норасоии аз ҳама асосӣ ин камии дониш аст, ки мутаассифона, дар тамоми соҳаҳо мушоҳида мегардад. Воқеан, бидуни дониши замонавӣ ягон ноҳия ва ягон соҳаро наметавон инкишоф дод. Аз ин хусус он санад шаҳодат медиҳад, ки 50 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби «сармояи дониш», яъне инноватсия ва кадрҳои баландихтисос ба даст меояд». 
Албатта, имрӯзро бо он давр қиёс кардан имкон надорад, вале фикру пешниҳоди ҷадидони ибтидои асри XX моро ба ваҷд меорад. Хушбахтона, он орзую омоли дар саҳифаҳои газета боқимондаи ниёкони бомаърифатамон алъон дар кишвар амалӣ мегарданд.
Омили дигари тараққиёти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии Аморатро рӯзнома дар пешбурди кори саноат ва тиҷорат дидааст. «Тиҷорат бояд бо ҳамбастагии илму саноат ривоҷ меёфт. Ҳоло мо, агар бихоҳем, ки тараққӣ бикунем, бояд дар тараққии ҳардуи инҳо, яъне илм ва тиҷорату саноат саъйи зиёд намоем». (№21 аз 4 апрели соли 1912). «Равшангарон огоҳ намудаанд: Агар мамлакат саноат, тиҷорат надошта бошад, ҳатман тараққӣ нахоҳад кард ва оқибат нобуд хоҳад шуд». (№21 аз 4 апрели соли 1912).
Албатта, дар Аморати Бухоро ҳунармандӣ ривоҷ дошт. Вале дар ин маврид ҳамаи корҳо дастӣ иҷро мегардиданд. Маводи саҳифаҳои рӯзнома дарак медиҳанд, ки равшангарони Бухоро донистани забони хориҷиро ба тараққии саноат ва тиҷорат муҳим ва зарур медонистаанд. Мақолаи «Лузуми донистан» дар «Бухорои шариф» (№ 28 аз 12 апрели соли 1912), ки бо имзои мустаори «Мим» «Ре» чоп шудааст, боиси таваҷҷуҳ аст. «... Донистани забони хориҷӣ барои тараққии тиҷорат ва саноат бар мо фарз аст ...»
Пешниҳод буд, дар мадрасаҳо низ омӯзиши забони хориҷӣ ҷорӣ карда шаванд. Ин ҳақиқатро имрӯз таърих собит мекунад.  Дар кишвар зиёданд ҷавононе, ки се-чор забони хориҷиро медонанд ва ба саҳнаи байналмилал баромада, дар муассиса ва донишгоҳҳои номии ҷаҳон фаъолият баранд. Онҳо минбаъд дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро барои рушду нумӯи кишвар сафарбар менамоянд. Орзую омоли равшанфикрони ибтидои асри XX аз ҷониби ворисони онҳо дар кишвари озод ва ободи мо татбиқ мегарданд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: