«БОБОЯМ БО МАН МЕФАХРАНД»

Муаллим!

Вақте мо ин суханро мешунавем, бевосита дар пеши назарамон шахсе муҷассам мегардад, ки моро таълим ва тарбия додааст. Муаллим мисли шамъ аст, ки барои мо – донишҷӯён оламро равшан мекунад. Ҳеҷ вақт муаллими аввалинро фаромӯш набояд кард. Биёед ёдовар мешавем, ки муаллими аввалини мо кӣ буд, дар дили мо бо кадом хислат ҷойгир шуд?
Муаллими аввалини ман шахсе буд ҳам бо фазлу дониш ва ҳам меҳрубон, дар инсон чӣ гуна хислатҳои нек бошад, дар ин шахс муҷассам. Муаллими аввалини ман бобоҷонам буданд, ки дар дабистон нею дар хонаи худ. Ман аз бобоҷонам бисёр афсонаю ривоят, суруду тарона мешунидам, ки то ҳол дар таги гӯшам ҷарангос мезанад. Дар афсонаҳое, ки бобоҷонам нақл мекарданд, ягон қаҳрамон ё персонажи бегона иштирок надошт барои мо. Қаҳрамонҳои афсона мо – наберагон, хешу табор ва фарзандони ҳамсоя будем. Дар ин афсонаҳо мо ба бисёр роҳҳои дуру дароз сафар мекардем, аз сар бисёр рӯзҳои ғаму шодиро мегузарондем, лек аз ҳамдигар ҷудо намешудем. Дар ин афсонаҳо, ки мо мешунидем, фақат ва фақат хушу хурсандӣ буд, ҳама бо ҳамдигар меҳрубон. Ин афсонаҳо бисёр ҷиҳатҳои панду ахлоқӣ дошт. Аз ҷумла дар ҳаёт ба ҳама ҳодисаю воқеаҳо бо назари нек нигоҳ кардан, машаққатҳои ҳаётро якҷоя ҳаллу фасл намуданро омӯзониданд. Бобоҷонам ба ман бисёр панду насиҳат мегуфтанд, дар он вақт, ки хурд будам, мазмуну моҳияти ин суханони пандомезро дарк намекардам, аз мобайн чандин сол гузашт, ки акнун суханони пандомези бобоҷонамро фаҳмидам. Ҳамон панду насиҳатҳои ба ман омӯзонидаашон дар айни ҳол роҳи маро мисли хуршед равшан карда истодааст, ки дар ҳар ҷо ба ман ёрӣ мерасонад. 
Бобоҷонам ду орзу доштанд, ки яке маро ба дабистон худашон баранду аз дарсҳои ман хабардор шаванд. Лек умрашон вафо накард. Соли 2010 бобоҷонам ин дунёи фониро падруд гуфта, ба дунёи абадӣ сафар карданд. Пас аз 8 моҳ ба синфи як рафтам. Дар давраи мактабхониям мехостам, ки бобоям дар давраи мо бошанд, чизҳои нафаҳмидаамро ба ман ёд диҳанд, лек ин армони ман буд.
Орзуи дуюми бобоям ин буд, ки ман ба факултети филологияи донишгоҳ дохил шавам. Сабаби он ки худашон ҳам факултети филологияро дар Тоҷикистон хатм карда, дар ҳамон ҷо директори мактаб шуда будаанд. Бобоҷонам касби худашонро бисёр дӯст медоштанд, бо касби худ фахр мекарданд.
Ман ин орзуи бобоҷонамро ба худ мақсад кардам ва ба мақсади худ расидам. Соли 2022 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар асоси грант дохил шудам. Умедворам, ки бобоҷонам дар он дунё бо ман мефахранд.

Мунаввар ТОҶИЕВА,
донишҷӯйи гурӯҳи тоҷикии факултети филологияи ДДС.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: