Муносибатҳои дӯстонаи кишвари мо бо мамлакатҳои ҳамсоя сол аз сол мустаҳкам мегардад. Бахусус, бо Тоҷикистони бародар робитаҳои фарҳангӣ ба зинаи нав бардошта шудааст, ки ҳаводорони санъати мусиқии ҳар ду мамлакат аз ин хеле мамнунанд.

Дар доираи амалисозии Созишномаи байни вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Ӯзбекистон «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2022-2023», ҳамчунин Созишномаи байни Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» ва Муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт» аз 26 то 30 ноябри соли ҷорӣ сафари ҳунарии ҳунарпешагони Филармонияи давлатии Бухоро дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Барномаи муштараки консертӣ 27 ноябр дар Кохи Дӯстии шаҳри Турсунзода оғоз гардид ва дар ниҳояи ҳунарнамоӣ ба ҷамоа дипломи махсуси ҳокимияти шаҳр супурда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки сафари ҳайати ҳунарии Тоҷикистон дар соли 2024 ба Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст. Баргузории чунин чорабиниҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайн, табодули таҷрибаҳои аҳли фарҳанги ду кишвари дӯст созгор мебошад.
Намоиши барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Ҳисор, Душанбе ва Норак низ баргузор шуд.
Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».