ДАР НУҚУС МАРКАЗИ САЙЁҲӢ КУШОДА ШУД

Дар Нуқус маркази сайёҳии «Этноовули Қароқалпоқистон» ба истифода супурда шуд.

Марказ бо  дастгирии Бунёди рушди имконияти занон ва духтарони Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) бунёд гардид. USAID-ро ширкати «Nitsa Nukus» таҳти роҳбарии соҳибкори маҳаллӣ Амина Бегҷонова бо 15 юртаи арзиши умумиаш 33 ҳазор доллари ИМА муаррифӣ намуд. Юртаҳое, ки дар соҳили Ошиқкӯл ҷойгир карда шудаанд, сайёҳонро бо маданияти Қароқалпоқистон, ҳунармандии ин кишвар шинос мекунанд.
Дар юртаҳо меҳмонон метавонанд гиламҳои қароқалпоқӣ, сӯзаниҳои дастисохт, маснуоти қаннодиро харид кунанд, аз таомҳои миллӣ баҳра баранд. Дар доираи ташаббуси мазкур USAID технологияи навро барои пешрафту вусъати тиҷорати хусусии бонувоне, ки бо тиҷорати аграрӣ, ҳунармандӣ, истеҳсоли матоъ ва сайёҳии аграрӣ дар сар то сари Ӯзбекистон машғул мебошанд, намоиш медиҳад.
Аз ҷумла, дар ҳолати то моҳи октябри соли 2022-юм тақрибан ба 40 нафар бонувони соҳибкор аз ҷониби Бунёди вусъати имкониятҳои занону духтарон технологияҳои нав ва таҷҳизоти замонавӣ баҳри вусъат ва инкишоф додани тиҷораташон дар ҳаҷми зиёда аз 600 ҳазор доллари ИМА пешниҳод гардид.
Иштирокдорони чорабинӣ бо фаъолияти маркази сайёҳии «Этноовули Қароқалпоқистон», шароите, ки барои меҳмонон фароҳам оварда шудаанд, шинос гардиданд. Ба эътибори онҳо ҳамчунин намоишгоҳи ҳунарҳои халқӣ ва сару либосҳои миллӣ, барномаи консертии иҷрогарони сурудҳои фолклорию эстрадӣ, рақсҳои халқӣ пешниҳод карда шуданд.

Суратгир: М. ҲАБИБУЛЛОЕВ.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: