РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ...

Мактаби рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё яке аз мактабҳои пешқадами тоҷикии вилояти Сурхондарё маҳсуб ёфта, бо устодони соҳибтаҷрибаву пурдониш ва шогирдони лаёқатмандаш ном баровардааст.

Дар ин маскани маърифат устоди зиндаёд, шоири шодравон Абдуллоҳи Раҳмон мактаб ва муҳите офарид, ки дар канораш чандин нафар эҷодкорони соҳибқалам ва соҳибкитоб ба монанди Зебуннисо Шокирова (руҳаш шод бод), Розия Бадалова, Саодат Сангинова, Маъсума Бобокалонова, Робия Муҳаммадиева ва дигаронро парварид, ки пайваста барои рушду нумӯъ бахшидани илму фарҳанг, посдории забон, тарбияи маънавии донишомӯзон хидмати арзандае анҷом медиҳанд. Дар ин мактаб барои тарбияи комили шогирдон чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷашнвораҳои бузургони илму адаб муттасил гузаронида мешавад.
Яке аз ҳамин гуна чорабинӣ бахшида ба 1166-солагии соҳибқирони шоирон, қофиласолори назми форс-тоҷик Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ тариқи мусобиқа байни синфҳои болоӣ баргузор гардид. Синфи 9 «А» таҳти шиори «Дониш андар дил чароғи равшан аст» ва синфи 10 «А» таҳти шиори «Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ» маҳорату дониши худро назди иштирокдорони маҳфил намоиш доданд. Рақибон аз рӯи шартҳои: муаррифисозии ҳаёт ва эҷодиёти шоир, қироати шеър аз эҷодиёти шоир, намоиши саҳна аз рӯзгори ибратбахши шоир ва мушоира мусобиқа намуда, ҷашнвораро пурмӯҳтаво ва рангин сохтанд. Мусобиқа аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ гардид ва маҳорати ҳарду гурӯҳ мусовӣ дониста шуда, бо китобҳои бадеӣ тақдир карда шуданд. 
Дар ҷашнвораи солгарди Рӯдакӣ адибон Олим Панҷизода ва Шариф Халил ширкат варзида, маҳорати ҳунарнамоӣ, қироати шеъри шогирдонро арзёбӣ намуданд. 
–  Пас аз ин ҳар моҳ ҷашнвораҳои симои барҷастаи илму маърифат ва адаби ниёгонамонро муттасил мегузаронем, – гуфт дар суханронии хеш омӯзгори равшанзамир, директори мактаб Зайнаб Раҳмонова. – Моҳи оянда ҷашнвораи солгарди сарояндаи достони «Шоҳнома»-и безавол, ҳакими Тӯсӣ Фирдавсиро ҷашн хоҳем гирифт. Рӯзгори шоир ва «Шоҳнома» пур аз саҳнаҳои қаҳрамонӣ ва ибратбахш аст, ки ба шогирдон рӯҳу ҳисси ватандӯстӣ, нерӯву ҷасорат мебахшад. Ба ин васила мо дар мактаб ба ташкили маҳфили театр ҳам асос гузоштанием.
Дар баргузории ин чорабинӣ хидматҳои омӯзгорони пуртаҷриба Равзатулло Раҳмонов, Сайидалӣ Авазов (тарҷумони китобҳои дарсии «Алгебраи синфи 10» ва «Методикаи информатика ва технологияи ахбор барои омӯзгорон») ва Масъуд Хӯҷаев (эксперти дараҷаи омӯзиши дониши хонандагон дар мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ, соҳиби сертификати байналхалқии EGMA ва EGRA) сазовори таҳсин аст.

Фарида МУҲИДДИНОВА, 
омӯзгори тоифаи олии мактаби рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: