ФАХРУЗЗАМОН – БАДРИ ЧОЧӢ

Пӯшида нест, ки асари “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ бо тақозои давр, барои ба субут расондани ҳастии тоҷикони қаламрави Мовароуннаҳр навишта шуда буд.

Пӯшида нест, ки асари “Намунаи адабиёти тоҷик”-и  устод Садриддин Айнӣ бо тақозои давр, барои ба субут расондани ҳастии  тоҷикони қаламрави Мовароуннаҳр навишта шуда буд. Маълумоте, ки дар ин тазкира оид ба  шоири тоҷик Бадри Чочӣ  мехонем, чунин садо медиҳад: 
«Ҳиссае, ки мо аз сайри девон ва нақли ашъори Бадри Чочӣ гирифтем, ин аст, ки панҷсад сол пеш аз ин таърих дар Тошканд, ки синаи Туркистон аст, чунин шоири форсизабони мушкилписанд нашъунамо ёфтааст».
Барҳақ, Бадри Чочӣ шоири  машҳурест, ки соли 1285  дар шаҳри Тошканд ба дунё омада, улуми мутадовиларо дар зодгоҳаш фаро мегирад. Ва ин маълумоти тазкираҳо ишора ба он аст, ки дар Чоч муҳити мусоиди адабӣ ва шароити хуби таълим ба забони форсии тоҷикӣ низ вуҷуд доштааст. Вагарна дар  майдони ин адабиёти оламшумул забардаст шудан ҳунари на ҳар шоир аст. Дар ин ҷода “дастдарозӣ” баландпоя будани Бадри Чочиро, бидуни назар ба эҷодиёти шоир, унвони баланди ӯ “Фахруззамон” низ собит менамояд.  
Сабаби  ҳиҷрати ӯро аз Чочи Мовароуннаҳр  ба мулки  Ҳинд, тамоми тазкираҳои муътабар аз  нобасомониҳои пас аз хуруҷи Чингиз дониста, соли вафоташ – 1351, қабрашро дар шаҳри Деҳлӣ нишон додаанд.     
Бадри Чочӣ, баъди расидан ба хоки Ҳинд, ба дарбори султони вақт Муҳаммад Туғлуқхон раҳ ёфта, ба мансаби надими подшоҳ (1328) мушарраф  мегардад. Баъди чанд вақт дар байни шоири тоҷик  ва зимомдори Ҳинд Муҳаммад Туғлуқхон риштаҳои дӯстӣ мустаҳкам мешаванд, ки ин нукта ба ду далел аст: яке илму дониш ва истеъдоди шоир бошад, дигаре аз дилбастагии подшоҳ ба адабиёти тоҷик, дар тимсоли Бадри Чочӣ, мебошад. Ба ҳар ҳол ситораи шоири чочӣ дар осмони адабиёти форсии Ҳиндустон ба нурафшонӣ даромад.
Хусравам Фахри замон кард, 
вале ҳаст маро,
Лақаб он моҳ, ки дар нимаи 
моҳ аст тамом.
Аз мисраи якуми ин байт фаҳмидан душвор нест, ки шоир бо амри подшоҳи замон (хусрав) ба унвони  баланди давлатӣ, ки дар он маҳал “Фахр-уз-замон” буд, мушарраф гардидааст. Байти сонӣ чанд талқин дорад, ки яке  аз он: ишора ба лақаб (тахаллус)-и муаллиф – Бадр аст. Сониян, зимни таъкид  ба “бадр”, ки  “моҳи мунаввар” бувад, ба дараҷа ва  мартабаи баланди шоирӣ ишора шудааст.      
Бино ба  шаҳодати муаррихон ва таҳқиқи муҳаққиқон баъди рӯзгори Одам-уш-шуаро Рӯ-дакӣ, яъне аз қарни нӯҳ то нуздаҳ (1100 сол) фақат  шоирони соҳибдевони мо беш аз 7000 нафар будаанд.  Хазинаи адабиёти тоҷик дар давраҳои муайяни таърих  аз ҳисоби ҳавзаҳои адабии Бухорою Самарқанд, Хуҷанду  Хива, Шерозу Балх,  қораи Ҳинд, аз ҳама бештар, тавассути ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр, ғановат ёфтааст. 
Ривоҷу  равнақи соҳаҳои мухталифи илм, кишоварзӣ, адабиёт, шеъру шоирӣ дар замони  Сомониён, назар ба дигар давраҳои таърих,  бештар буд. “Қарни заҳабӣ”, “асри тиллоӣ”, “Ренессанси исломӣ” ёдовар шудани даври Сомониён низ аз ҳамин ҷост. Ба ҷуз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Синову Беруниҳо садҳо дигар суханвароне дорем, ки  номбардори миллат ва ватани худ гашта, мулаққаб ё мутахаллис  ба Ат-Тирмизӣ, Чочӣ, Тошкандӣ, Ал-Фарғонӣ, ё Ахсикатианд...
Ҳама ба афсӯсу надомат зикр кардаанд, ки баъди расидани пойи номубораки лашкари чингизӣ ба  хоки Мовароуннаҳр, ки  “омаду сӯхту кушту бурд”,  осмони пурситораи адабиёти тоҷик муддате тира мондааст. Зеро, ҳазорон тан аз аҳли илм  ба қатл расиданд, иддае тарки ватан карданд. Баъзеҳо дар ғурбат ба муҳтоҷӣ умр ба сар бурда, аз ҳаёт   ноком ва ҳатто бе нишон гузаштанд.
Дар он айёми пуртаҳлука кам аз шоирони гурезаи мо дар дигар кишварҳо соҳиби ҷоҳу ҷалол,  обрӯй ва нуфуз шудаанд, тавре ки Бадри Чочӣ дар қораи Ҳинд, ё Камоли Хуҷандӣ дар Табрези Эронзамин шуданд. 
Ҳол он ки солҳои пуртаҳлукаи истилои муғул, ба ғайр аз Бадри Чочӣ, Нусрати Хуҷандӣ, Зиёуддини Нахшабӣ – ба Ҳиндустон, Носири Бухороӣ – ба Ироқ рафта буданд. Адабиёти бамеросгузоштаи онҳо ёдовар мешавад, ки  дар он солу замон соҳати шеъри форсӣ аз куҷо то ба куҷо доман густурда  буд.  
 Таърихи сонӣ: Забт шудани Тошканд ва дигар манотиқи Мовароуннаҳр, ба шумули се давлати мустақили Бухоро, Хоразм ва Қӯқанд, аввал тавассути лашкари генерали рус – Черняев (1865), сипас тавассути “калтакдорони сурх” (инқилоби Октябр (1917-20) дар хоку замини мо ҳолате ба амал овардааст, ки нафақат  шоиркушӣ, балки сиёсати парешон ва маҳв кардани миллатҳои бумӣ, ки дар асл форсизабону туркизабон буданд, рӯйи кор омадааст.   
Тазкирае, ки шоири муҳоҷир Кароматуллоҳи Бухороӣ, мутахаллис ба Сибоқ, дар Ҷиддаи Арабистон қаламӣ кардаасту бо саъй ва эҳтимоми  мусаннифи ин сатрҳо дар Тошканд (2007) ба табъ расид,  эҷодиёти  қариб 70 нафар шоирони баъди инқилоб иҷборан ҷилои ватанкардаро зикр мекунад. Нолаю фиғони шоирони  муҳоҷир ва мусофирхок тавассути ҳамин тазкирае, ки муаллифаш дар соли 1937 гуреза шудааст, аз мавҷудияти адабиёти муҳоҷири тоҷикон бонги ҷарас мезанад, то  қобили эътибор ва мавриди таҳқиқ қарор ёбад.        
Он мақому мартабаае, ки  Бадри Чочӣ дар зиндагӣ ба даст овард, албатта, бинобар шеъру мақоми шоириаш буд. Ҳанӯз дар замони зиндагӣ мавриди баррасӣ ва таҳлилу таҳқиқ қарор ёфтани мазмун ва моҳияти ашъори Бадри Чочӣ гувоҳӣ медиҳад, ки шеърҳои вай қобили қабули аҳли сухан будааст. Шоир навиштааст:
Маро, ки фахри замон хонд, 
шоҳи исломам,
Лақаб магӯй, ба ҷуз булбули 
 шакаргуфтор.
“Фахри замона” (“Фахруззамон”), “булбули шакаргуфтор” будани шоири ширинкаломи тошкандӣ, аз ҷониби Эдуард Браун, ки чун муҳаққиқи машҳури адабиёти форсӣ шуҳравар аст, ба ин лаҳн тавсиф  шудааст: 
“Баъд аз Мавлавӣ Ҷалолуддини Румӣ ва Саъдӣ, дар Ҳиндустон се тан шоир — Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ ва Бадри Чочӣ соҳиби  мақому манзалати бузург буданд”. 
Муаллифи “Ғиёс-ул-луғот” таҳти унвони “Кошиф-ул-асрор ё шарҳи қасоиди Бадри Чочӣ” рисолае навиштааст. Ҳамчунин Муҳаммад Усмони Қайс бо номи “Нусхаи Усмонхон” китобе иборат аз ду ҷилд (1848) ба ёдгор мондааст, ки далели дар пояи  баланд будани шеърияти Бадри Чочӣ мебошад. 
Аз таърих маълум аст, ки ҳавзаи адабиёти форсизабони Ҳиндустон ва ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр адибону шоирони зиёдеро ба камол расонда, ба рушди забон ва адабиёти форсӣ саҳми калон гузоштаанд. Чочро ба қасди Деҳлӣ тарк гуфтани Бадри Чочӣ  ҳадафи дигаре низ дошта, ки ин баҳрабардорӣ аз ҳавзаи адабиёти форсии Ҳинд ва дастёбӣ аз файзи мактаби Хусрави Деҳлавист. 
Сарфи назар аз ин, ки то омадани Бадри Чочӣ Амир Хусрав аллакай фавтида буд,  ҳавзаи адабӣ, мактаби Амир Хусрави Деҳлавӣ ҷараён дошт, ки  таъсири файзбахши он дар эҷодиёти Бадри Чочӣ эҳсос мешавад. Инак, панде аз Бадри Чочӣ:
Гарчи бадфеъл аст душман, 
м-афканаш,
К-ӯ зи бад кирдори худ паст 
уфтад.
Ин суханро ёд кун, 
к-он пир гуфт:
“Мастро  мафкан, ки худ маст 
уфтад”
Нусхаҳои гуногуни девони Бадри Чочӣ дар як қатор осорхонаҳои дунё, минҷумла, дар Тошканду Душанбе, Ҳиндустон ва дар дигар мамолики Шарқу Ғарб маҳфузанд. Тоҷикон аз бузургони гузаштаи худ  ифтихор мекунанд. Ин аст, ки матни илмию интиқодии “Девони Бадри Чочӣ”  дар  Душанбе (с. 2020, 376 саҳ.) мураттаб шудааст, ки 72 қасида, 105 қитъа, 40 рубоиро фаро мегирад.

Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: