МУАММОИ МАНЗИЛ ЧӢ ГУНА ҲАЛЛУ ФАСЛ МЕШАВАД?

Солҳои охир сохтмон ва ободонӣ миқёси бузург пайдо кард.

Тамоми мамлакат ба майдони азими сохтмон табдил ёфт. Муаммои манзил — яке аз масъалаҳои душвори аҳолӣ, ба сифати самти бартариноки сиёсати давлат муайян гардид.
Бобати ислоҳсозии соҳаи сохтмон, куллан такмил додани низоми идораи давлатӣ як қатор чорабиниҳо андешида шуданд. Рақамикунонӣ имкон дод дар соҳа шаффофият таъмин карда шавад. Низоми электронии рейтинги лоиҳаҳо ва созмонҳои пудратӣ, ки харид (тендер)-и давлатиро дар шакли электронии режими онлайн татбиқ мекунанд, ба роҳ гузошта шуданд.
Манзилҳо, биноҳо ва иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ, марказҳои тиҷоратӣ ва хидматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва фарҳангӣ, боғҳои истироҳат ва шоҳроҳҳо, иншооти варзишӣ бунёд мегарданд.
Танҳо дар доираи Барномаи сармоявии соли 2022-юм дар 1868 иншооти соҳаи иҷтимоӣ сохтмон, таҷдид ё худ таъмири асосӣ иҷро шуданд. Аҳолӣ бо манзили арзону босифат таъмин карда мешавад, дар шафати хонаҳои бисёрошёнаи намунавӣ марказҳои маданиву санъат, иншооти варзишӣ ва ғайра бунёд меёбанд.
Дар соҳа қарорҳои нави меъмориву техникӣ ҷорӣ мегарданд.
Миқёси корҳо талаботро ба маводи босифати бинокорӣ зиёд мекунад. Дар соҳа тағйироти назаррас ба вуқӯъ меоянд. Лоиҳаҳои бузург пешбурди корҳои калонҳаҷми бинокориро таъмин мекунанд. Мисоли равшани он хонаҳои баландошёна мебошад, ки дар тамоми минтақаҳои мамлакат сохта мешаванд.
Дар давраи сипаришуда бинобар масъалаҳои ислоҳсозии соҳаи сохтмон 27 фармон ва қарори Президент, ҳамчунин 24 қарори ҳукумат қабул гардиданд. Дар Кодекси шаҳрсозӣ мафҳумҳои асосие чун «иншооти нодир ва бағоят муҳим», «иншоот (сохтор)-и эълонҳо ва ахбор», «иншооти истиқоматӣ», «шаҳрсозӣ» ва ғайра ворид гардиданд.
Дар кодекс равандҳои асосии фаъолияти шаҳрсозӣ дақиқ муайян шудаанд. Меъёрҳои назорати ҷамъиятӣ, шакл ва субъектҳои он пурзӯр гардиданд.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои васеъ ҷорӣ намудани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ дар соҳаи сохтмон» Маркази рушди технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ созмон дода шуд. Ин натиҷаи ислоҳот бинобар таъмин кардани чораҳои шаффоф ва зиддитамаъгарӣ дар соҳа мебошад.
Барои ба давраи нави рушд бардоштани соҳаи сохтмон Фармони Президент  «Дар бораи тасдиқ намудани Стратегияи бозсозӣ, рушди ҳарчи бештар ва инноватсионии соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2025» аҳамияти бузург дорад. Мувофиқи ҳуҷҷат то соли 2025-ум бо тарҳҳои генералӣ таъмин кардани тамоми шаҳрҳо ва 25 фоизи деҳкадаҳои намуди шаҳрии мамлакат ба нақша гирифта шудааст. Ҳангоми тасдиқ кардани онҳо бояд фикру ақидаи ҷомеа ба инобат гирифта шавад. Ҳамчунин стратегия ва «харитаи амалиёт»-и бозсозӣ ва рушди инноватсионии соҳаи сохтмон барои солҳои 2021-2025-ум қабул гардиданд. Дар доираи ҳуҷҷатҳои мазкур як қатор чораҳо ва ислоҳот татбиқ гардида, натиҷаҳои мушаххас ба даст омаданд.
Чунончи, тӯли шаш соли охир умуман 1370 ҳуҷҷати шаҳрсозӣ ва нуқтаҳои шаҳриву аҳолинишини деҳот, аз ҷумла тарроҳиҳои генералии 202 шаҳр, деҳкадаҳои шаҳрӣ ва 1168 маҳалла дар деҳот, ҳамчунин лоиҳаҳои тарроҳии ҷузъӣ тасдиқ гардиданд.
Умуман дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» 1944 нақшаи генералии маҳаллаҳои дорои ҳаёти номусоид андешида шуд. Соли равон коркарди боз 225 ҳуҷҷати шаҳрсозӣ, аз ҷумла нақшаҳои генералии 11 шаҳр ва 50 деҳкадаи намуди шаҳрӣ, нақшаҳои сохтмони 42 минтақа, ҳамчунин тарҳи генералии 122 деҳа пешбинӣ шудааст.
Баробари ин 534 ҳуҷҷати меъёрии техникӣ бинобар соҳаи сохтмон тайёр карда шуд, ҳуҷҷатҳои куҳна нав карда шуданд. Даҳ ҳуҷҷати меъёрӣ бобати баланд бардоштани самаранокии энергетикии биноҳо ва истифодаи манбаъҳои нави барқӣ дар пояи меъёрҳои аврупоӣ такмил ёфтанд.
Ҷараёни экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ низ ба низоми электронӣ гузаронида шуд. Корҳои самти мазкурро маркази «Экспертизаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ»-и назди Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилу коммуналӣ татбиқ менамояд.
Таҷрибаи ба мақомоти экспертӣ дар шакли хаттӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо бекор карда шуд. То имрӯз лоиҳаи тақрибан 30 ҳазор иншоот дар режими онлайн баррасӣ шуд. Ба шарофати ин ҳафт триллион сӯм сарфа гардид.
Тӯли шаш соли охир ба мақсади фароҳам овардани шароити сазовори ҳаёт барои аҳолӣ тақрибан 360 ҳазор хона бунёд карда шуд, ки нисбати солҳои пешина даҳ баробар зиёд мебошад. Таъминот бо манзил ба сари ҳар як нафар аҳолӣ 18 фоиз афзуд. Тӯли се соли охир бонкҳо ба 210 ҳазор оила 33 триллион сӯм воми ипотекӣ ҷудо карданд. 73 ҳазор оилаи камтаъмин дар ҳаҷми 1,3 триллион сӯм барои пардохти аъзобадали ибтидоӣ ва фоизҳо субсид  гирифтанд.
Дар натиҷаи ба соҳа ҷорӣ намудани равандҳои бозаргонӣ садҳо ширкати супоришгари хусусӣ ташкил гардиданд. 11 кластери бузург бунёд шуданд, ки маҷмӯи хонаҳои бисёрошёнаи оҳанубетонӣ месозанд. Аз ҳисоби барои соҳибкорон фароҳам овардани шароит истеҳсоли семент, газоблок, кошин, гранити сафолӣ афзуд, ки ба қимати онҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Соли гузашта хонаҳои бисёрошёнаи дорои 60 ҳазор ҳуҷра сохта шуд. Дар 31 минтақа барномаи сохтмони мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» оғоз ёфт.

Дилшод ҲАМЗАЕВ,
узви Кумитаи оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон ва савдои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: