БАЧАМАРД

(Ёддошт)

Солҳои 50-60 садаи ХХ дар кӯчаҳои шаҳри Сталинобод, дертар Душанбе, марди миёнқаде бо номи Бачамард, ки нусхаи Ленин буд, пайдо шуд. Тарзи либоспӯшӣ, галстук, куртаи сафед, қади паст, гуфтору рафтор, то ҳатто ҳаракатҳояш ҳам аз Ленин фарқ надошт. Агар ба кӯча мебаромад, хонандагони мактаб, ҳатто донишҷӯён ҳам аз пасаш рафта «Зинда бод Илич!» мегуфтанд. Калонсолон, махсусан русҳо, ӯро дида ангушти ҳайрат мегазиданд. Коркунони милиса аз ӯ метарсиданд, зеро боздошт ё таҳдид ба вай «боздошт» ва «таҳдид» ба шахсияти В.И. Ленин дониста мешуд. Дар асл Бачамард табиатан дузд ва кисабури гузаро буд. Дар автобус ё троллейбус, махсусан вақти аз кор баргаштани одамон, ҳангоме ки автобусу троллейбусҳо пури одам мешуданд, Бачамард номаълумак аз дасти онҳо соат ё аз кисаашон пулашонро мегирифт. Ӯро як бор барои задани кассаи амонатӣ ва дуздидани пули сартарошон дастгир карда, хостанд ба Сибир бадарға кунанд. Аммо ҳукумати онвақтаи  Тоҷикистон ӯро раҳо кард. 
Бо вуҷуди он, ки Бачамард як одами дузд ва кисабури ҳирфаӣ буд, бечорапарвар, дастгирикунандаи дармондагону оҷизон дар байни мардуми Ҷилликӯл ном бароварда буд. Як хусусияти аҷиби Бачамард дар он буд, ки ба шахсони маошашон аз 140 сӯм кам даст намерасонд. Асосан барои дуздӣ ба хонаю ҳавлию бӯстонсароҳои ходимони намоёни ҳизбӣ, давлатӣ, вазирон, нависандагон, депутат, артистон, ки магазини махсуси хӯрокворию либосворӣ дар хидмати онҳо буд, медаромад. Дар ин мағозаҳо молҳои камёбро мефурӯхтанд. Одамони одӣ доир ба ин мағозаҳо тасаввуроте надоштанд. Он солҳо Душанбе тақрибан 300 ҳазор нафар нуфус дошт ва бисёрии шаҳрвандон, махсусан зиёиён ва коргарони давлатӣ, якдигарро мешинохтанд. Одамони бонуфузи он замон аз дуздидани хонаҳояшон медонистанд, ки ин кори «Ленин» аст, вале ҳеч кас ба милиса хабар намедод.  
Рӯзе аз ӯ пурсиданд, ки ту хонаҳои одамони бонуфузи Душанберо дуздидаӣ, аммо чаро хонаи С. Айниро, ки академик, депутат, президенти Академияи фанҳо, хулоса, одами серпул аст, намедуздӣ? Вай ҷавоб дод: «Медонам, Айнӣ бо хӯрдани хуни дил пул пайдо мекунад».
Дар ёд дорам, ки он солҳо ман дар мактаби мусиқии Душанбе мехондам. Рӯзе Бачамард дар хобгоҳи мо пайдо шуда, ба аксарияти донишомӯзон 3 сӯмӣ дод. Бо се сӯм мо қариб ним моҳ кино тамошо мекардем. (Он солҳо нархи билети кино 20 тин буд).
Дар Тошканд ҳам он солҳо Бачамард «қурбониён»-и худро дошт. Алиризо Раҳмонқулов (1929-2020) – дастпарвари Институти театрии Тошканд ба номи А. Н. Островский ва Мактаби олии партиявии Тошканд, баъдтар Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон, нақл мекард, ки ҳангоми дар меҳмонхонаи «Тошкент» пайдо шудани Бачамард, хидматгорони меҳмонхона корро партофта пеши ӯ меомаданд. Трамваю троллейбусҳо истода, интизори дидани «Ленин» мешуданд. Пешхидматҳои ресторани «Тошкент» аз «В. И. Ленин – Бачамард», ба хотири он, ки «мабодо, онҳоро ба беҳурматӣ нисбати В.И.Ленин» айбдор накунанд, ҳаққи хӯрок намегирифтанд. 
Он солҳо, одатан зиёиёни Тошканд дар майдони назди меҳмонхона гирдиҳамоӣ ё вохӯрӣ ташкил мекарданд. Дар як вохӯрӣ шоири баобрӯе ба Бачамард 25 рубл (сӯм) дароз мекунад. Бачамард, ки забони ӯзбекиро хуб медонист, пулро гирифта мегӯяд: «Бисёр кам». Шоир аз кисааш 25 сӯми дигарро бароварда, ба ӯ дароз карда мегӯяд: «Ин мардак кисабур не, балки кисабин будааст, пулҳои дар киса бударо мисли рентген мебинад» ва боз 10 сӯм ба ӯ дароз мекунад.
Бачамард дар пеши чашми шоир он 60 сӯмро ба заноне, ки дуртар аз меҳмонхона писта ва қурутфурӯшӣ мекарданд, тақсим мекунад. 
– Агар медонистам, – мегӯяд шоир, – ба пулҳои додаам ин қадар «беҳурматӣ» мекунед, ягон тин намедодам. Бачамард ба ӯ бо суханони Навоӣ чунин посух медиҳад: «Пул додан ба чунин одамон, баробари таъмир кардани Каъба мебошад...» 
Солҳои охирини умри худ Бачамард сардори пункти қабулкунии пахтаи маҳиннах дар ноҳияи Ҷилликул буд. Бо «усули ленинии ҷамъоварии пахтаи маҳиннах» сарукор дошт. Пули чунин ҷамъоварӣ бо кадом «лӯлаҳо» ба буҷети давлат мерафт, ҳеч кас намедонист. 
Аввали солҳои ҳаштодум Бачамард дар ноҳияи Ҷилликул ин оламро дар синни 70 падруд мегӯяд. Ӯ дар таърихи мардуми он аҳд ҳамчун Робин Гуди тоҷик ном бароварда буд.                                                                                   
Имрӯзҳо ба дидани марқади «В.И.Ленин – Бачамард» имконият надорам. Шояд дар санги қабри ӯ навишта бошанд: «Робин Гуди тоҷик, ё Бачамард». Ҳеч чиз нанавишта бошанд ҳам ҷойи гила нест.

Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ,
шаҳри ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: