Мо дар яке аз гузоришҳо доир ба он ҳарф зада будем, ки ду деҳи шаҳри Исфараи куҳанбунёд чӣ қадар ёдгориҳои таърихиву меъморӣ дорад ва ҳар кадоми он то чӣ андоза мавриди таваҷҷуҳи меҳмонони зиёд қарор гирифтааст.
Акнун дар бораи он маълумот хоҳем дод, ки шаҳри Исфара чӣ қадар ҷамоатҳои шаҳрвандонро муттаҳид намудааст, шахсиятҳои маъруфи он дар гузашта ва замони муосир киҳоянд, суҳбату мулоқотҳо бо одамони наҷиб то чӣ андоза бароям шавқу завқ бахшидаанд, ки бевосита дар ин шаҳр ба вуқӯъ пайвастанд.
Ногуфта намонад, ки ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз қадим бо қаробатҳои хешу таборӣ ва қудову андагии мардуми он дар байни ноҳияҳои дигари ин ду вилояти ҳаммарз фарқ мекунад. Ҳатто то ду даҳсола пеш мардуми Сӯх барои фурӯши меваву сабзавот ва харидории маводи мавриди эҳтиёҷи худ бештар аз бозори деҳқонии Исфара истифода мебурданд.
Ҳоло ҳар меҳмоне, ки ба ин шаҳр меояд, ҳатман аз бозораш боздид мекунад. Зеро гуфтаанд, «Ҳар ҷо сафар кунӣ, аз бозору мазораш боздид намо». Дар бозор тамоми маводу маҳсулоти лозимаро пайдо кардан мумкин аст. Исфара ба маҳалҳои аҳолинишин – маркази шаҳр – Исфара, шаҳракҳои Шӯроб, Нефтобод, Ким, 10 ҷамоати деҳот, аз қабили Гулистон, Ворух, Кӯлканд, Лаккон, Чилгазӣ, Хонобод, Шаҳрак ва Сурх тақсим мешавад. Як қисми сокинонаш ӯзбектабор мебошанд.
Шаҳри бостонии Исфара гаҳвораи бисёре аз гузаштагони маъруф ва тамаддунсоз, аз қабили шоирони асрҳои X-XII Сайфи Исфарангӣ, Мушфари Исфарангӣ, Меҳрӣ, Беҳҷади Исфарангӣ, олими асри XVII Иброҳим Риёзиддин мебошад. Дар замони муосир нависанда ва олим Лутфулло Бузургзода, драматургон Султон Саидмуродов ва Абдусалом Атобоев, донандаи мусиқии классикӣ Мирзоқурбон Солиев, нависанда Ибод Файзуллоев, академик Субҳон Ёдгорӣ, рузноманигорон Бобоҷон Икромов, Нозимҷон Бобоев, Судуриддин Маҳкамов, Муаззама Иброҳимова, овозхонҳои маъруфи эстрада ва таронаҳои классикиву муосир Ҳабиб Бобоев, Бахтиёр Иброҳимов, Исроил Файзиддинов, актёри боистеъдод Шуҳрат Ҳалимов маҳз дар ин шаҳр зодаву парварда шудаанд, ки ҳаёт ва эҷодиёти худро ба манфиат ва рушди илму фарҳанги халқи тоҷик бахшидаанд.
Исфара ба ҳайси шаҳри кандакорон (гаҷкорон) низ маъруф мебошад. Барои ҳамин ҳар як чойхонаи он чунон бо нақшу нигори хоса сохта шудааст, ки ҷилояшон чашмҳоро мерабоянд. Исфара боз бо зардолуи хуштаъм, навъҳои беназири он, ки ба шароити атмосфераи муҳити зисти он мувофиқ аст, низ машҳур гаштааст.
Дар ҷараёни сафар аз осоишгоҳи «Зумрад» боздид ба амал омад, ки беҳтарин минтақаи истироҳатӣ дар Тоҷикистон унвон гирифтааст. Он бо сайъ ва эҳтимоми зодаи деҳаи Шайхатола (шояд Шайх Атоуллоҳ бошад)-и ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, табиби варзида ва маъруф, шахси донишманду пуртакаллуф шодравон Мирзо Олимов арзи вуҷуд намудааст. Дар китоби «Меъмори кохи дилафрӯз», ки Мирзо Шукурзода ва Бобоҷон Икромов таълифу мураттаб сохтаанд, дар бораи ин фарди сӯхинажод суханони зиёди самимӣ гуфта шудаанд. Ин ҷо овардани яке аз катибаҳо аз ин китобро ҷоиз мешуморам. Усто Ҷаҳонов, дотсенти ДДХ ба номи Б. Ғафуров, ки худ низ зодаи ноҳияи Сӯх мебошад, чунин нигоштааст: «Маҷмӯи «Зумрад» дар шахсияти Мирзо Олимов оинаи рӯзгори тоҷикон аст».
Дар ана ҳамин муҳиту фазо бо марди шарифе вохӯрдам, ки ҳамроҳи завҷааш аз шаҳри Хуҷанд барои барқароркунии саломатӣ омадаанд. Маълум шуд, ки ҳамсуҳбатам – Нуруллохон Охунзода аз тариқи шабакаҳои телевизион дар байни мардуми вилояти Суғд шинохта шудааст. Вай бо баромадҳои пурмаъниву пурмуҳтаво ва пур аз панду ҳикмат ба дили мардуми зиёд роҳ ёфтааст. Хоксориву фурӯтанӣ ва муомилаи хубу меҳрубониҳои ин марди солхӯрдаи хуҷандӣ боиси ҳайрати бандаву атрофиён мегашт.
– Як қисми хешу табори мо дар шаҳри Янгийӯл ва ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд зиндагӣ мекунанд. Ба наздикӣ ҳамроҳи завҷаам Мушаррафхон ба аёдати ин хешовандон рафта омадем. Бародари бобоям Орифҷон ном доштанд ва дар Янгийӯл аз худ фарзандону набераҳои зиёд боқӣ гузоштаанд. Ба гуфтаи падарам Орифҷон дар ҷараёни хидмати аскарӣ ба бемории сахт гирифтор шудааст. Вай тавассути поезд то истгоҳи Чиноз расидааст ва дар ҳолати нимбеҳушӣ ба дасти одамони нек афтидааст. Баъди барқароршавии саломатиаш ҳамон ҷо ӯро хонадор кардаанд ва соҳиби илму амал низ гардидааст, – гуфт зимни суҳбат Нуруллохон Охунзода.
Вай афзуд, ки тоҷикону ӯзбекон аз қадим бо ҳам дӯсту бародарвор зиндагӣ кардаанд ва ҳоло бо иқдоми наҷиби ду сарвари донову хирадманд – Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин дӯстӣ дубора барқарор шудааст, ки боиси сарфарозиҳо мебошад. Ба таъкиди Нуруллохон Охунзода бояд ин дӯстиву рафоқат минбаъд низ боз ҳам дар шакли густарда идома ёбад. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, вақте ки муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавор ба бунбаст рӯ ба рӯ буд, вай низ чун ҳамватанони зиёдаш натавонист ба аёдати хешу наздикони худ ба он самти марз равуо кунад.
Ин ҳамсуҳбати мо чанд китоб бо мазмун ва муҳтавои гуногунро таълиф намудааст. «Қиссаҳои дилангез», «Раҳнамои некон», «Гулдастаи ҳикматҳо» ва «Нури зиндагӣ» аз ҳамон шумор мебошанд.
– Ақориби янгийӯлиамон аксарият ӯзбекзабонанд. Барои ҳамин як китоби худро таҳти унвони «Ҳаёт машъали» ба забони ӯзбекӣ таълиф ва нашр кардам. Ин китоб дар бораи шаҷараи хонаводаи Охунзодаҳо мебошад. Як қисми маводи китоб танҳо ба ҳаёт ва фаъолияти ҳамон Орифҷонамаки янгийӯлиам бахшида шудааст, ки ба далели соҳибилм ва тақводорӣ дар байни мардум номи «Қоридодо»-ро гирифтаанд, – мегӯяд бо ифтихор Нуруллохон Охунзода.
Дарвоқеъ, аз суҳбатҳои самимии боз чанд нафар завқ бурдам, ки аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба Исфара омадаанд. Дар забони ҳамаи онҳо дӯстиву рафоқати байни ду халқ – тоҷикону ӯзбекон тараннум мешуд. Ин байти барои дӯсташ Мирзо Турсунзода навиштаи Файз Аҳмади Файз ба ёдам расид:
Биё, ёрам, ки чашмам
музтариб баҳри тамошоят,
Куҷо рафтӣ, ки ёрон дар
талоши омаданҳоят!
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
ТОШКАНД – ИСФАРА – ТОШКАНД.