Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чуқураки поён»-и ноҳияи Шофиркон ба сектори сеюм дахл дорад.
Маҳалла се деҳа: Чуқураки поён, Ӯртакент ва «Х. Аминов»-ро дар бар гирифтааст. Дар ин ҷо 642-то хонадон, 826-то оила, 3780 нафар аҳолӣ буду бош доранд. Машғулияти асосии мардум деҳқонӣ ва чорвопарварӣ аст.
Дар маҳалла 412 гектар киштзор мавҷуд буда, 321 гектари он ба 6-то хоҷагии фермерӣ дахл дошта, 91 гектари он қитъаҳои назди ҳавлии аҳолӣ мебошад.
Ҳоло дар ҳудуди маҳалла як мактаби таҳсилоти умумии рақами 33, якто бунгоҳи тиббӣ, муассисаҳои таълими томактабии оилавӣ, нуқтаҳои зиёди хидматрасонӣ ва дӯконҳои савдо фаъолият дорад. Азбаски ҳудуд шомили барномаи «Хонадони обод, кӯчаи обод, деҳаи обод» аст, мо бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳо ба ин ҷо омадем. Вақте ки бо роҳи калони автомобилгард деҳаи ҳамсоя – Талисафедро қафо гузошта, вориди ҳудуди маҳалла шудем, кормандони идораи таъмири роҳ саргарми кор буданд. Аз ин рӯ ба мо лозим омад, ки бо роҳи муваққатии каҷгардон сӯи идораи маҳалла раҳсипор шавем. Дар гирду атрофи идораи маҳалла ва хонадонҳои шафати он ҷараёнҳои бетонрезию сайқалдиҳӣ дар авҷ буд. Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Ҷасурбек Насруллоев рафти корҳоро назорат мекард. Баъди фурсате сӯҳбати мо бо вай қӯр гирифт.
– Чи хеле ки аён аст, имсол дар вилоят бо ташаббуси чор сектор дар чор маҳаллаи чор ноҳия: Ҷондор, Пешкӯ, Шофиркон ва Когон мувофиқи барномаи номбурда ҷараёни корҳои ободгардонӣ вусъат меёбад. Чанде пеш ин ҷараён дар маҳаллаи «Кӯли Одина»-и ноҳияи Вобканд амалӣ гардид.
– Маҳаллаи мо, ки аз ҷиҳати ҳудуд ба сектори сеюм дахл дорад, имрӯзҳо гӯё ба ҳашаргоҳ табдил ёфтааст. Таҳти роҳбарии сардори садорати корҳои дохилии вилоят Мирҷамол Миралимов ва ҳокими ноҳия Алишер Файзуллоев ташкилоту корхонаҳои дахлдор якҷоя бо аҳолии маҳаллӣ баҳри ободу зебо гардондани ҳудуд, ҳаллу фасли норасогиҳо азму кӯшиш доранд, – ба сухан оғоз намуд раиси маҳалла.
– Чаро бар хилофи пештара имсол барнома «Хонадони обод, кӯчаи обод, деҳаи обод» ном гирифтааст? – пурсидам аз ӯ.
– Саволи дуруст. Пештар мувофиқи барномаи «Деҳаи обод» эътибор ба ҳамаи соҳаҳо умумӣ буд. Бояд эътироф намуд, ки нафақат ободии деҳа, балки ободии мамлакат низ аз ободии хонадон оғоз меёбад, имрӯз, ки дар мамлакати мо қадри инсон мақоми аввалиндараҷа дорад, пас омӯхтани тарзи зиндагӣ, шароити хонадон, ба қадри имкон дастгирию кӯмакрасонӣ ба дармондагон қарзи инсонии мост. Бинобар ин мо корро дар навбати аввал аз омӯхтани шароити зиндагии сокинони ҳудуд оғоз намудем.
Сипас, навбат ба ҳалли масъалаҳои кӯча омад. Дар натиҷа 16 километр роҳҳои даруни деҳа шағалфарш карда шуданд.
2,2 километр пайроҳаи пиёдагардон бунёд гардид. Зиёда аз 2 км. рӯд, ҷӯйҳои ҳудуд тоза карда шуд. 2,3 километр хатти оби ошомиданӣ таъмир ёфт.
5 километр кабели хатти барқ ва трансформатор иваз гардид. Барои сохтани иншооти манбаи оби ошомиданӣ 5 миллиарду 200 миллион сӯм сарф мегардад. Дар деҳаи «Х. Аминов» сохтмони муассисаи таълими томактабии давлатӣ барои 60 ҷой ба поён мерасад.
Бо роҳи ҳомигӣ дар шафати мактаби деҳа сайргоҳи ҷавонон, дар назди идораи маҳалла «Чойхонаи нурониён» сохта шуд. Инчунин, бо ин усул хонадони 12 нафар эҳтиёҷмандон таҷдид меёбад. Имрӯзҳо, ки дар мамлакат мувофиқи лоиҳаи «Макони сабз» маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат меёбад, дар ин ҷо низ ба ин муносибат «Боғи ҳокимият» таъсис ёфта, дар он бештар аз 500 бех ниҳолҳои манзаравию мевадор: тут, гуҷум, акатсия, зардолу, себ, гелос, шафтолу, олу, санҷид шинонда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки дар доираи барномаи давлатӣ баргузор гардидани озмун-азназаргузаронии «Хонадони обод» низ хеле судовар буд. Дар ин озмун, ки бо ташаббуси шуъбаи оила ва занону духтарони ноҳия, шуъбаи ноҳиявии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ ба амал омад, оилаҳои намунавӣ, келину хушдоманони маҳалла иштирок карданд.
Дар тадбир баробари зикр ёфтани ислоҳот дар мисоли ҳаёти маҳалла ифода ёфтани маҳорати меҳмондорию пазандагии бонувон, талқини риояи гигиена-тозагии хонадон инчунин муайян шудани «Беҳтарин оилаи китобхон», «Беҳтарин бонуи ибратбахш», «Беҳтарин бонуи сариштакор», «Беҳтарин бонуи оқила», «Беҳтарин арӯси пазанда» ва ҳавасманд гардонда шудани онҳо мувофиқи мақсад буд.
Мо ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар маҳалла боварӣ ҳосил намудем, ки ба туфайли барномаи давлатӣ шароити зисти як идда оилаҳо, аз ҷумла ногирои гурӯҳи якум Аҳмад Ҳоҷиев, Насим Қазоқов, Раҳим Тошев ва дигарон беҳтар гардидааст. Ҷараёни корҳои ободгардонӣ дар маҳалла бо суръат идома дорад.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.