МУСОБИҚАҲО БАРОИ «ҶОМИ ӮЗБЕКИСТОН»

Дар Бухоро байни ҷавонони то 20-сола қувваозмоиҳо оид ба волейбол барои «Ҷоми Ӯзбекистон» поён ёфт.

Дар он варзишгарони ҷавон аз ҳамаи вилоятҳо иштирок карданд.
Дар мусобиқаҳои байни духтарон 7-то ҷамоа иштирок намуда, командаҳои вилоятҳои Бухоро ва Намангон ба финал баромаданд. Баъди вохӯрӣ болодастии варзишгарони намангонӣ ошкор гардид. Ҷойи сеюм ба волейболбоздухтарони Андиҷон насиб кард. 
Мусобиқаҳои писарон байни 11-то ҷамоа хеле шиддатнок гузашт. 
Дар қувваозмоиҳои ҳалкунанда мизбонон аз болои қароқалпоқистониён ғолиб баромада, соҳиби Ҷоми Ӯзбекистон гардиданд.
Ҳокими вилоят Б. Зарифов ва дигарон ба сухан баромада, дар бораи ғамхориҳо нисбати густариш ёфтани варзиш байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва аҳамияти он ҳарф заданд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: