ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ НАВИ СММ БА БЕҲБУДИ ВАЗЪИ ЭКОЛОГӢ МУСОИДАТ ХОҲАД КАРД

14 марти соли равон дар арафаи «Рӯзи умумиҷаҳонии об» дар шаҳри Тошканд бахшида ба оғози лоиҳаи нави Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо семинари байналмилалӣ баргузор гардид.

Он ба муносибати шомил шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Протокол оид ба масоили об ва саломатӣ сурат гирифт. 

Муассисии ин семинарро Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим ва Вазорати маъдани кӯҳӣ ва геологияи ҷумҳурӣ бар дӯш доштанд. Дар семинар муовини вазири экология Ҷусипбек Казбеков, муовини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Дмитрий Марясин, иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ӯзбекистон Сара Ношади, роҳбари шуъбаи ҳамкориҳои сафорати Швейтсария дар Ӯзбекистон Рахел Боеш ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ширкат намуданд.
 Лоиҳаи мазкур, ки дар солҳои 2024-2026 амалӣ мегардад, аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи лоиҳа такмили идоракунии миллӣ ва тавонмандӣ дар бахши об ва саломатӣ, пешгирии олудашавии аз ҳад зиёди об, бахусус олудашавӣ аз партовҳои истихроҷи маъдани кӯҳӣ мебошад. Дар баробари ин, лоиҳа таҳкими устуворӣ нисбати таъсири тағйирёбии иқлим, мусоидат барои ҳамкориҳои фаромарзӣ ва густариши табодули минтақавиро дар меҳвари иҷро қарор додааст. 
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои таъмини об, беҳбуди вазъи санитарӣ ва ҳифзи тандурустӣ, пайвастани Ӯзбекистон ба Конвенсия дар бораи оқибатҳои фаромарзӣ зимни ба миён омадани ҳолатҳои ногувори экологӣ ва садамаҳои гуногуне, ки дар корхонаҳои саноатӣ рух хоҳанд дод, васеъ муҳокима карда шуданд.
 Дар идомаи семинар, ки дар се иҷлосия ба вуқӯъ пайваст, масъалаҳои таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии об, бознигарии стандартҳои партов ва идоракунии захираҳои оби мамлакати мо низ ба рӯзномаи ҷаласаҳо ворид гардид. 
Маърӯзачиён ва иштирокчиёни семинари байналмилалӣ ба ҳаҷм, имтиёзҳо ва талаботи асосии Конвенсияи СММ дар бораи оқибатҳои фаромарзии садамаҳои саноатӣ, таҷрибаи Ӯзбекистон ҳамчун баҳрабардори Барномаи кумак ва ҳамкорӣ дар Конвенсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Дар айни ҳол таҷрибаи Маҷористон ҳамчун иштирокчии Протокол оид ба об ва саломатӣ низ мавриди назари онҳо қарор гирифт. 
 Маълум шуд, ки дар кишвари мо дар доираи Протоколи СММ амалӣ шудани як қатор корҳо ва роҳҳои иҷрои вазифаҳои устувор барои оянда муайян гардиданд. Масъалаи дигаре, ки дар атрофи он баҳсу мунозира шуд,  дида баромадани стандартҳое буд, ки ба тоза намудани обҳои ифлосшуда нигаронида шудаанд. 
Иштирокчиёни семинари мазкур ба натиҷа расиданд, ки ҳифзи муҳити зист, тоза нигоҳ доштани об, ҷилавгирӣ аз ҳар гуна садамаву офатҳои кримоногенӣ бояд дар доираи талаботу тақозои Протокол оид ба масоили об ва саломатии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, ки Ӯзбекистон шомили он мебошад ва Конвенсия дар бораи оқибатҳи фаромарзӣ амалӣ карда шаванд.

Лола РАҲМОНӢ, 
котиби матбуоти
Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими
Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: