Бар асари ҷашнвораи оташ дар Эрон 26 нафар ҳалок шуданд

Дар таҷлили ҷашни оташ дар Эрон 26 нафар аз ҳаёт чашм пӯшид ва 4360 нафар захмӣ шуданд.

 Ба гуфтаи раиси хадамоти фавқулодаи Эрон, дар рӯзҳои ид ҳудуди 1400 маркази тиббии таъҷилӣ ба ҳолати омода гузошта шудаанд.  Танҳо дар Теҳрон дар як рӯз дар бораи хатари сӯхтор 1800 занг ворид шуда, 2 нафар дар пойтахт аз дунё гузашт.  Шаҳрвандон бар асари ҷаҳидан аз болои оташ ва истифодаи нодурусти маводи пиротехникӣ ҷабр дидаанд, хабар медиҳад mir24.tv.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: