ҶӮШУ ХУРӮШИ ҶАВОНӢ

Дирӯз дар майдони «Мустақиллик»-и шаҳри Ҷиззах таҳти мавзӯи «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, як шавем!» ҷашнвораи ҷавонон баргузор гардид.

Майдон идона оро ёфта буд. Дар саҳни он гӯяндагон аз роҳу равиш ва фаъолияти кунунии ҷавонон ҳарф мезаданд. Ҷавонони зиёди гирдиҳамомада  гуфтаҳои онҳоро бо кафкӯбиҳо пазироӣ мекарданд.
Ҳокими вилоят Эргаш Солиев ҷавононро бо ин анҷуман табрик гуфт.
– Дар вилояти Ҷиззах пеш аз ин агар ҳамагӣ ду мактаби олӣ вуҷуд дошта бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 5-то расид. Хушбахтона, бо раҳнамоӣ ва супориши сарвари давлат филиали Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, ҳамчунин филиалҳои ду донишгоҳи кишварҳои хориҷӣ – Ҳиндустон ва Қозони Русия таъсис ёфт. Агар замоне ҳамагӣ 16 фоизи ҷавонони ҷиззахӣ бо мактабҳои олӣ фаро гирифта бошанд, алҳол ин нишондиҳанда 40 фоизро ташкил медиҳад, – гуфт ҳокими вилоят. 
Дар мавзеи навбунёди «Ӯзбекистони Нав», ки қариб панҷоҳ гектар заминро ишғол менамояд, қариб шаш ҳазор оилаҳои ҷавон соҳиби манзил ва ҷойи зисти доимӣ хоҳанд гашт.
Якчанд нафар роҳбарони секторҳо, кор бо ҷавонони вилоят бо туҳфаҳои пулӣ, сипосномаҳо, ҳадяҳои гуногун сарфароз гардиданд. Байни онҳо Пешбари кор бо ҷавонони маҳаллаи «Ӯхм»-и ноҳияи Фориш Иброҳим Ҳамробоев низ ҳаст.
– Туҳфаҳо ва сипосномаҳо маро сарбаланд мегардонад, барои кору фаъолияти минбаъдаам рӯҳ мебахшанд, – гуфт ӯ.
Ба якчанд оилаҳои ҷавон аз шаҳри Ҷиззах ва ноҳияи Шароф Рашидов калиди хонаҳои нави истиқоматӣ тақдим карда шуд.
Ҷашнвораи ҷавонон бо  гала-консерт то шомгоҳон идома кард.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: