СОҲИБИСТЕЪДОДИ АСИЛ БУД

Нахуст ӯ 607, сипас Х-29 шуд. «Х» ҳарфи аввали насаби вай буд.

Нахуст ӯ 607, сипас Х-29 шуд. «Х» ҳарфи аввали насаби вай буд. Х-29 дар маҳбаси ислоҳи меҳнатии Карлаги Қарағандаи Қазоқистон аз соли 1949 то соли 1955, яъне то айёми аз ҷониби прокуратураи генералии иттиҳоди шӯравӣ сафед шуда ба озодӣ баромадан, азоби рӯҳӣ ва ҷисмонӣ кашид. Ниҳоят моҳи августи соли 1989 бегуноҳии ӯро комиссияи махсус исбот кард.
Х-29 – фарзанди фарзонаи Самарқанд, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон, аъзои ҳаракати партизанӣ дар Полша, Наққоши мардумии Тоҷикистон, шогирди мусаввирони номдори Самарқанд Павел Бенков ва Лев Бурэ шодравон Ашур Ҳайдаров буд.

МЕҲРИ
АВВАЛ
Вай ба майдони Регистон омаду марди русро саргарми расмкашӣ дид. Мусаввир гоҳ сӯйи мадрасаи Шердор менигаристу гоҳ ба матои сафед, ки лаҳза ба лаҳза ёдгории таърихӣ рӯйи он акс меёфт. Ба хона омаду қалам гирифта, манзараҳои атроф ва чеҳраҳои одамони наздикашро рӯйи коғаз меовард, ки бобояш – одами диндор дарғазаб шуда тарсакие «мукофот» дода гуфт, ки расмкашӣ дар дини ислом гуноҳ аст. Аммо вай рустӣ ва дертар ошкоро ин амалашро идома дод. Пас аз хатми мактаби миёна дар омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Самарқанд таҳсил гирифт. Солҳои донишҷӯйӣ бо падари бузургвораш ба шаҳрҳои Бухорои шариф, Чорҷӯй, Ашқобод, Боку ва дигар ҷойҳо азми сафар намуд, ки барои кашидани расмҳои «Мушфиқӣ дар Бухоро», «Вохӯрии Ибни Сино бо олимони Ҳамадон», «Беки вопасин», «Ҳуҷум», «Фаранҷипартоӣ» ва дигар асарҳои ӯ замина фароҳам овард.
Бо маслиҳату тавсияи устодаш Павел Бенков дар идораи рӯзномаи «Зарафшон» ҳамчун мусаввир фаъолияти меҳнатиашро оғоз намуд. Муҳаррири он Шароф Рашидов дар ороиши рӯзнома аз рассоми ҷавон хурсанд буд. Оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон сарнавишти ғайриоддиро ба ӯ насиб гардонид. Вай ихтиёрӣ ба дифои Ватан рафт. Дар яке аз муҳорибаҳои шадид маҷрӯҳ шуду асир афтод. Душман ба қатори дигарон ӯро низ ба Олмон бурд. Асирон рӯзона дар бешазор кор мекарданду шабона дар бараки калон ҳар кӣ бо ҳар кор машғул мегашт. Дилбастаи санъат Ашур Ҳайдаров бо расмкашӣ машғул мешуд. Истеъдоди фавқулодда дошт, ки расми ҳамтақдирону посбононро бо маҳорати баланд мекашид. Боре сарбози немис сурати худро дида ҳайрон монд ва доир ба мусаввири соҳибистеъдод ба командираш нақл кард. Командир марди маърифатпарвар будааст, ки ба ӯ дафтарчаи сураткаширо ҳадя намуд. Акнун рассоми самарқандӣ дар вақтҳои холӣ истеъдоди хешро сайқал медод. Аммо кадоме аз командирҳои немис дафтарчаи пури расмҳои ӯро гирифта гуфт, ки баъди ба поён расидани ҷанг баргардонда медиҳад. Вале аз байн чанд рӯз нагузашта асиронро ба Полша фиристоданд. Ашур Ҳайдаров бо 39 нафар асир имконияти муносибро ёфта аз лагери немисҳо фирор кард ва ба қатори партизанҳои дивизияи Ковпак ҳамроҳ шуд. Дар чанд амалиёт иштирок кард.
Ҷанги хонумонсӯз ба поён расиду мусаввир ба зодгоҳ омада худро куллан ба эҷод бахшид. Ӯро раиси Иттифоқи рассомони Самарқанд интихоб карданд. Соли 1949 дар Душанбешаҳр намоиши асарҳои мусаввирони Иттиҳоди Шӯравии собиқ ташкил дода шуду вай ҳам барои иштирок рахти сафар баст. Вале дар истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд аз ҷониби кормандони НКВД ба ҳабс гирифта шуд. Зеро, аз мост, ки бар мост,  нотавонбину ҳасудон ба идораҳои дахлдор навишта буданд, ки Ашур Ҳайдаров хоини Ватан аст. Сипас панҷ соли маҳбусӣ дар шаҳри Қараганда гардиши куллие шуд дар ҳаёти вай. Дар он ҷо бо одамони гуногун шинос шуд, ки мисли вай қурбони беадолатӣ ва зӯроварии замон гардида буданд. Яке аз онҳо физик, академик Николай Краснов буд, ки симояшро рӯйи коғаз овард.
Ашур Ҳайдаров дар маҳбас ҳам аз сураткашӣ даст накашид. Ходимони ҳабсхона аз истеъдоди ӯ огоҳӣ ёфта, супориш медоданд, ки сурати коркунони фаъолро барои тахтаи пешсафон кашад. Вай ҳар суратро ду нусха тайёр мекард: яктоашро ба онҳо медоду дигарашро барои худ нигоҳ медошт. Ва онҳоро шахсоне, ки аз маҳбас озод мешуданд, бароварда ба завҷааш Сарвархола ирсол менамуданд.
Соли 1955 баъди пурсуҷӯ вай озод шуду ба Душанбешаҳр омад. Ашур Ҳайдаров ҳарчанд  раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони СССР буду расмҳояш осорхонаҳои як қатор мамлакатҳоро оро медод, вале тамғаи «душмани ватан»-ро дошт. Ӯ пас аз 40 сол аз ҷониби комиссияи махсус тамоман бегуноҳ дониста шуд. «Он солҳо солҳои басо мудҳиш буданд, – навиштааст дар дафтари хотироташ вай, – мо медонистем, ки  маҳбуси бегуноҳем. Охир ҷанг бе асир намешавад-ку?! Аммо тасаллии дили ман мӯйқалам буд».
Ашур Ҳайдаров чеҳраҳои одамони бузург Рӯдакӣ, Ибни Сино, Раҳим Ҳошим, Марям Исоева, Зебо Аминзода ва дигаронро офарид. Солҳои 60 ва 70-уми асри сипаришуда  давраи авҷи камолоти эҷодии ин рассоми чирадаст буд. Вай дар кӯҳистони Бадахшон зиёда аз ним сол заҳмат кашида, силсилаи расмҳоро бо номи «Манзараҳои Помир» ба вуҷуд овард, ки аз ҷониби дӯстдорони санъати тасвирӣ ва муҳаққиқони сахтгир эътироф гардидааст. Чеҳраҳои гӯё, манзараҳои нотакроре, ки рӯйи таблу ба тасвир омадаанд, гувоҳи он буданд, ки Ашур Ҳайдаров рассоми нотакрори хушсалиқаест. 
Пас аз он ки мусаввир эътирофи байналхалқӣ ёфт, ният дошт, ки бо сари баланду рӯйи сурх ба зодгоҳ – Самарқанд баргардад, вале соли 1998 нобаҳангом вафот кард. Ҳоло қабри Рассоми мардумии Тоҷикистон, Ходими шоистаи санъат, устоди даҳҳо нафар шогирдон, падари 10 нафар фарзанд Ашур Ҳайдаров дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе мебошад. Хешу пайвандон ва шогирдони вафодораш атрофи қабри ӯро ободу хуррам намуда, тез-тез ба зиёраташ мераванд.
Тасвирҳои шодравон Ашур Ҳайдаров, аз қабили «Арӯс», «Модар», «Шаб дар чарогоҳ», «Гулҳои баҳорӣ», «Бегоҳӣ», «Дунёи умед» ва ғайра дар намоишгоҳҳои Тоҷикистон, Тошканд, Маскав, Ҳиндустон, Фаронса, Италия, Туркия, Австрия ба маъраз гузошта шудаанд. 
– Соли 2003 ману модарам ба шаҳри Алмаато рафтем, ки 104 расми дар маҳбас кашидаи қиблагоҳамро ба осорхонаи давлатӣ супорем. Зеро онҳо дар маҳбаси Карлаги Қазоқистон офарида шуда, симои маҳбусони сиёсӣ буданд.
Падарам марди донишманду маданияташ баланд буд, бо даъвати Ватан ҷон ба рӯйи каф гирифта ба ҷанги хонумонсӯз рафт. 
Саховатпешагии вай як олам аст. Ёд дорам, вай устохона дошт. Онро ройгон ба шогирдаш Нуралӣ, ки бехонаву ҷой буд, ҳадя кард. Вақте аз ҷониби корхона мошини «Волга» доданд, рад кард.
Нигоҳи тезбин, мушоҳидакор, нуктасанҷ дошт. Пайваста расм мекашид. Ба фарзандон, хешу пайвандон, ҳамкасбу шогирдон паноҳу пуштбон буд.
Ӯ то нафаси вопасин бо эҷодиёт машғул гардид. Рӯзҳои охирини ҳаёташ манзараҳои зодгоҳ – Самарқандро офаридан мехост, кораш нотамом монд. Ҳоло таскини дили мо асарҳои ҷовидонаи падарам аст, – нақл мекунад духтараш Мавлудабону. 
Мусаввири соҳибистеъдоди самарқандӣ Ашур Ҳайдаров барои ривоҷи санъати тасвирӣ хидмати шоиста кардааст. Месазад, ки ба номи ӯ кӯчае гузошта шавад. Ба қавли рассом – академик Аслиддин Исоев: Ашур Ҳайдаров мактаби хоссаи худро дошт, ки бисёр мусаввирон аз он баҳра бурда, ба камол расидаанд. 
Умед аст, ки  ин пешниҳоди холисона аз ҷониби ҳокимияти шаҳри Самарқанд дастгирӣ мешавад.

Анастасия ПАВЛЕНКО,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви Иттиҳодияи эҷодии
журналистони Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: