Ба мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарраи идомаи роҳи мустақими ислоҳоти маъмурӣ, баланд бардоштани самаранокии низоми идораи давлатӣ ва ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо дар шароити Ӯзбекистони Нав, аз тариқи мувофиқсозии фаъолияти онҳо ба натиҷабахшии таъмин сохтани фаровонҳолии аҳолӣ ва фароҳам овардани «дастгоҳи зудамали идоравӣ», татбиқ намудани ташаббус ва таклифҳое, ки дар доираи барномаи пешазинтихоботӣ ва маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷамъомади муштараки Палатаҳои Олий Маҷл
Ба мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарраи идомаи роҳи мустақими ислоҳоти маъмурӣ, баланд бардоштани самаранокии низоми идораи давлатӣ ва ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо дар шароити Ӯзбекистони Нав, аз тариқи мувофиқсозии фаъолияти онҳо ба натиҷабахшии таъмин сохтани фаровонҳолии аҳолӣ ва фароҳам овардани «дастгоҳи зудамали идоравӣ», татбиқ намудани ташаббус ва таклифҳое, ки дар доираи барномаи пешазинтихоботӣ ва маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷамъомади муштараки Палатаҳои Олий Маҷлис, ки бахшида ба вазифаи худ оғоз кардани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пеш гузошта шудаанд:
1. Инҳо таъсис дода шаванд:
Комиссияи ҷумҳуриявӣ бобати ҳамоҳангсозии коркарди Барномаи ислоҳоти маъмурии Ӯзбекистони Нав дар солҳои 2022-2023 (минбаъд – Комиссия) мувофиқи замимаи №1;
Гурӯҳи корӣ бинобар коркарди пешниҳодот доир ба мушаххас кардани мақом, такмил додани сохтор ва мувофиқсозии воҳидҳои штатии мақомоти идораҳои давлатӣ мувофиқи замимаи №2;
Гурӯҳи корӣ бинобар коркарди пешниҳодҳо дар бораи рушди технологияҳои рақамӣ, рӯшодӣ ва шарикии давлативу хусусӣ дар фаъолияти мақомоти идораҳои давлатӣ мувофиқи замимаи №3;
Гурӯҳи корӣ бинобар коркарди пешниҳодҳо дар бораи такмил додани таъминоти моддиву техникии мақолмоти идораи давлатӣ мувофиқи замимаи №4;
Гурӯҳи корӣ бинобар коркарди пешниҳодҳо дар бораи такмил додани иқтидори кадрии мақомоти идораҳои давлатӣ мувофиқи замимаи №5;
Гурӯҳи корӣ бинобар коркарди пешниҳодҳо дар бораи пешгирӣ кардани тамаъкорӣ дар мақомоти идораҳои давлатӣ мувофиқи замимаи №6;
Гурӯҳи корӣ бинобар коркарди пешниҳодҳо дар бораи куллан такмил додани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо мувофиқи замимаи №7.
2. Инҳо вазифаҳои асосии Комиссия муайян карда шаванд:
ҳангоми татбиқ намудани ислоҳоти маъмурӣ таъмин кардани муоҳидаи тарафайн ва фаъолияти самарабахши мақомоти идораҳои давлатӣ, роҳ надодан ба ҳатӯлкорӣ ва бемасъулиятӣ, ҳамчунин ташкили самарабахшу босифати фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, баробари вазифаҳои дар фармоиши мазкур изҳоршуда муайян кардани вазифа ва амалиёти иловагии онҳо;
тақсим кардани вазифаҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо, оҷонсиҳо, инспексияҳо, марказҳо ва мақомоти дигари идораҳои давлатӣ (минбаъд – вазоратҳо ва идораҳо) дар соҳаи татбиқ намудани сиёсати давлатӣ, иҷрои вазифаҳои назоратӣ, хидматрасонии давлатӣ ба ашхоси ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ;
ба фаъолияти вазоратҳо ва идораҳо ворид намудани низоми муваффақшавӣ ба нишондиҳандаҳои мушаххас ва индикаторҳои мақсаднок;
бо назардошти талаботи ҳозиразамон таъмин кардани коркарди дақиқ ва ворид намудани ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ дар бораи асосҳои идораи давлатӣ.
3. Ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ Р. К. Давлетов, Ш. Х. Шерматов, Ф. А. Ишметов, О. А. Ҳасанов, Н. Т. Йӯлдошев, Ҷ. А.Қӯчқоров супурда шавад, ки коркарди пешниҳодҳо ба лоиҳаи Барномаи ислоҳоти маъмурии Ӯзбекистони Навро барои солҳои 2022-2023 бо дарназардошти самтҳои бартариноки асосӣ, ки дар замимаи №8 муайян карда шудааст, таъмин намоянд.
4. Тарҳи лоиҳаи коркарди Барномаи ислоҳоти маъмурии Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2023 мувофиқи замимаи №9 тасдиқ карда шавад.
5. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:
пешниҳоде, ки аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ тайёр шудаасту мувофиқи замимаҳои №№2-7-уми фармоиши мазкур мураттаб гардидааст, ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо имзои роҳбари гурӯҳи корӣ дохил карда мешавад;
пешниҳод дар шакли муаррифӣ дохил карда мешавад ва ба он маълумотномаву ҷадвали таҳлилӣ, маълумотнома оид ба омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешқадам ва маводи дигар, ҳамчунин, дар зарурат, лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ (минбаъд – маводи муаррифӣ) илова мегардад;
Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо Девони Вазирон ва гурӯҳҳои корӣ маводи муаррифии пешниҳодшударо баррасӣ мекунад ва онҳоро ба Комиссия пешбарӣ менамояд;
дар ҷамъомади Комиссия маводи муаррифишударо роҳбарони гурӯҳҳои корӣ шахсан муаррифӣ мекунанд.
6. Муайян карда шавад, ки аъзои гурӯҳи корӣ аз вазифаҳояшон бинобар ҷойи кори асосии худ куллан озод карда мешаванд, ҳамчунин тамоми шароитҳое, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, дар давраи дахлдор бо онҳо боқӣ мемонад.
Ба роҳбарони вазорату идораҳо супурда шавад, ки дар муҳлати ду ҳафта мувофиқи тартиби муқарраршуда ба кори мазкур куллан ҷалб намудани аъзои гурӯҳҳои кориро таъмин намоянд.
7. Ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ Р. К. Давлетов, Ш. Х. Шерматов, Т. А. Ишметов, О. А. Ҳасанов, Н. Т. Йӯлдошев, Ҷ. А. Қӯчқоров супурда шавад, ки:
дар зарфи се рӯз ҷамъомади ташкилиро баргузор кунанд, намунаҳои маълумотнома, ҷадвали шабакавӣ ва маводи муаррифиро бобати таъмин кардани татбиқи босифату саривақтии вазифаҳое, ки дар доираи самти дахлдор пешбинӣ гардидаанд, тасдиқ кунанд, ҳамчунин тақсими вазифаҳоро байни аъзои гурӯҳҳои корӣ муайян намоянд;
барои самарабахш ба роҳ мондани фаъолияти гурӯҳҳои корӣ тамоми чораҳои заруриро андешанд;
ҳар рӯз муҳокимаи пешниҳодҳоеро, ки аз ҷониби гурӯҳҳои дахлдори корӣ омода шудаанд, ташкил кунанд, дар зарурият ин корро якҷо бо гурӯҳҳои дигари корӣ татбиқ намоянд;
дар байни гурӯҳҳои корӣ дар ҷараёни тайёр кардани пешниҳодҳо робитаи самарабахшу доимӣ ва ҳамкории тарафайнро ба роҳ монанд;
дар муҳлати то 20 январи соли 2022 аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ коркарди ҳамаҷонибаи пешниҳодҳои асоснок ва мувофиқсозии онҳоро бо вазорату идораҳои манфиатдор, аз ҷумла ҳокимиятҳои маҳаллӣ, инчунин ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил кардани онҳоро таъмин намоянд.
8. Ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ ҳуқуқҳои зерин:
ҷалб намудани мутахассисони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмиву таълимӣ, созмонҳои байналхалқӣ, ҳамчунин коршиносон ва машваратгарони ватаниву хориҷӣ дар татбиқ намудани вазифаҳои пешбинишуда;
ҷалби журналистон ва блогерҳо, ҳамчунин равшан кардани пешниҳодҳои тайёршуда дар расонаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ба роҳ мондани пурсишҳо бинобар вазифаҳои пешбинишуда дода шавад.
9. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ (А.Х.Комилов) супурда шавад, ки:
дар асоси талаботи гурӯҳҳои корӣ таҷрибаи давлатҳои пешқадамро бинобар самтҳои дахлдор бо ҷалби намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ амиқ омӯхта, онҳоро бо маълумоти таъҷилӣ таъмин намояд;
ҳангоми тайёр кардани маълумот бобати баргузор кардани мулоқот ва муҳокимаҳо (аз ҷумла, дар шакли алоқаи видеоконфронсӣ) бо коршиносон, олимон ва мутахассисони пешқадами кишварҳои хориҷӣ, тарҷумаи ҳуҷҷатҳои асосии меъёриву ҳуқуқии онҳо чораҳо андешад;
якҷо бо Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ аз созмонҳои байналхалқӣ ва идораҳои байналхалқии молиявӣ маълумот ва ҳисоботи таҳлилӣ, ҳамчунин тавсия ва таклифҳоро, ки бинобар ислоҳоти маъмурӣ омода шудаанд, тақозо кунад ва онҳоро ба гурӯҳҳои корӣ пешниҳод намояд, дар зарурат барои ҷалб намудани коршиносони соҳибтаҷриба ба фаъолияти гурӯҳҳои корӣ кӯмак расонад;
якҷо бо Оҷонсии рушди хидмати давлатӣ, Бунёди «Эл-юрт умиди» дар зарурат сафарҳои кӯтоҳмуддати хидматии аъзои гурӯҳҳои кориро ба давлатҳои хориҷӣ ташкил кунад.
Дар ин маврид хароҷоте (нақлиёт, меҳмонхона, хӯрок ва ғайра), ки барои ба хориҷа фиристодани аъзои гурӯҳи корӣ алоқаманданд, аз ҳисоби маблағҳои Бунёди дастгирии рушди хидмати давлатӣ сарпур карда мешавад.
10. Ба Комиссия (А. Н. Арипов, З. Ш. Низомиддинов) супурда шавад, ки:
дар муҳлати то 10 феврали соли 2022 маводи муаррифиро таҷдиди назар кунад;
дар муҳлати то 20 феврали соли 2022 бинобар ҳар кадом самт Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро хабардор намояд;
дар муҳлати то 1 марти соли 2022 лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки тасдиқ намудани «Харитаи амалиёт»-ро бобати татбиқ сохтани ислоҳоти маъмурии Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2023-ро пешбинӣ менамояд, тайёр кунад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
22 ноябри соли 2021.