ДӮСТИВУ ҲАМСОЯГӢ ВА ТАШАККУЛИ ЗАБОНҲО

Одилеро пурсиданд:

Одилеро пурсиданд:
– Дӯст пеш аст ё бародар?
Гуфт:
– Бародар, агар дӯст бошад!
Дар ҳама давру замон дӯст ва дӯстӣ аз рукнҳои асосии арзишҳои бани одам буданд, ки дар замири онҳо меҳру муҳаббат, созиши байни ҳамдигарӣ ва рафоқат, ҳамкориву ҳамдилӣ нуҳуфтааст. Дӯстӣ дар замони ҷаҳонишавӣ беш аз пеш аҳамият касб мекунад. Мафҳумҳои дӯст ва дӯстӣ ба ду маъно мавриди истифода мебошанд: танг – байни шахсони алоҳида ва васеъ – миёни халқҳо ва кишварҳо. Дӯстии шахсони муътабари халқҳо метавонад барои дӯстии халқҳо омили муҳим бошад. Ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ намунаи дурахшони ин андеша аст. Ҷомӣ ва Навоӣ натанҳо устоду шогирд, балки дӯстони ҷоние буданд, ки он барои таҳкурсии дӯстии адабиёт ва халқҳои тоҷику ӯзбек асоси мустаҳкам гардидааст. Ин дӯстӣ ба дӯстии адабиёт табдил ёфт, дӯстии адабиёт бошад, ба дӯстии мардумони тоҷику ӯзбек пояи мустаҳкам гузошт ва он ҳамеша дар такомул ва рушду ривоҷ аст.
Таърих гувоҳ аст, дар ҳама давру замон сияҳкорон, дурӯяву мунофиқҳо зиндагӣ доштаанд, доранд ва хоҳанд дошт. Ин гуна ашхос мехоҳанд ҳамеша ба дӯстӣ, ҳамкориву ҳамраъйии  натанҳо  шахсиятҳои алоҳида, балки ба дӯстии халқҳо тафриқа андозанд. Боре ду нафар шоирталош назди Мавлоно Ҷомӣ мераванд. Аз Мир Алишери Навоӣ шикоят намуда, омилҳои бехалалӣ ва пурмуҳтавои дӯстии онҳоро ҷӯё мешаванд. Мехоҳанд байни устоду шогирд, дӯстони ҷонӣ низоъ андозанд ва дӯстии онҳо халалнок гардад. Мавлоно Ҷомӣ филфавр ҷавоб мегӯяд:
Соиле гуфт бо касе ба аҷаб:
Ба фалонат чӣ нисбат асту насаб?
Гуфт: ӯ турк ҳасту ман тоҷик,
Лек дорем хешии наздик.
Дӯстиву қаробати наздик ин ду нобиғаи оламшумулро лаҳзае ҳам тарк накард. Чун гоҳе аз ҳам дур мешуданд, ба якдигар бо мактуб арзи ҳол менамуданд. Дар атрофи худ шуарову уламои зиёд ҷамъ намуда, нуфузи ҳавзаи адабии Ҳиротро афзуданд. Сафи шоирони дузабона зиёд шуд, ки ба тоҷикии форсиву туркӣ шеър менавиштанд. Дар саргаҳи ин ҷараён Мир Алишери Навоӣ қарор дошт, ки ба забонҳои туркии чиғатоӣ (ӯзбекӣ) ва форсӣ эҷод мекард. Шуарои замон дар мактаби Мавлоно Ҷомӣ  ва Алишери Навоӣ сабақ гирифтанд. Аз асри XVI то ибтидои асри XX асосан шоирони турктабор ба ду забон эҷод намудаанд. Мирзо Улуғбек «Зиҷҷи кӯрагонӣ»-ро, Шайбонихон ва хони Қӯқанд Амирӣ барин соҳибдавлатон осори назмии худро ба забони форсӣ-тоҷикӣ низ эҷод кардаанд. Ибтидои асри ХХ ин анъана акси худро пайдо намуд, яъне шоирони форсизабон ба туркӣ эҷод мекардагӣ шуданд. Устод Садриддин Айнӣ, Фитрат, Беҳбудӣ ва дигарон ба ӯзбекӣ асарҳо эҷод намуда, аз худ осори гаронмоя боқӣ гузоштаанд. Устод Айнӣ чун яке аз асосгузорони адабиёти навини ӯзбек эътироф гардидааст. Ҷонибеки Қувноқ ин анъанаро  идома бахшид. Имрӯз сафи шоирони зуллисонайни тоҷик хеле афзудааст. 
Рӯшан аст, ки тоҷикону ӯзбекҳо дар як макон, ки Мовароуннаҳр ва Хуросон ном дошт, ҳаёт ба сар бурдаанд. Онҳо на дар кишварҳои алоҳидаи ҳамҷавор, балки дар марзҳои ягона зиндагӣ ва бунёдкорӣ кардаанд. Таърих, урфу одат, анъана ва арзишҳои миллии омехта доранд. Ҷашну маросимҳо ягонаанд. Тӯю сур, маросими мотам, Наврӯз, Сада (имрӯз «Ҳосилот» ном гирифтааст), идҳои Рамазон ва Қурбон як хел аст… бо як оҳанг ба ду забон суруд мехонанд. Оҳангҳои «Шашмақом» намунаи мондагори андешаи фавқ аст. Ин ду халқи таърихан ба ҳам дӯст танҳо тафовути забонӣ доранд, яке форсизабон, дигарӣ туркзабон аст.  
Дӯстиву ҳамкориҳои пайваста ба ташаккули забонҳо бетаъсир намондааст. Қавму қабилаҳои туркӣ, ки муқимнишин мешуданд, хоҳу нохоҳ  аз таъсири забони маҳаллӣ бархурдор гардида, таркиби луғавии забони худро ғанӣ месохтанд. Ин омил дар соҳаҳои мухталифи хоҷагидорӣ таъсири гуногун ва тарафайн дошт. Қавму қабилаҳои муқимгардида, ки дар ибтидо асосан ба чорводорӣ машғул буданд, ба забони таҳҷойӣ бештар бо истилоҳоти соҳаи маҳсулоти чорводорӣ таъсир намудаанд. Ин ҳолат бештар дар шаҳрҳо ва маҳалҳое, ки онҳо нуфуси зиёд доштаанд, ба мушоҳида мерасад. Қаймоқ, қатиқ, қимиз, қайла (гӯштбирён), қӯчқор, қурбоққа ва чандин дигар истилоҳҳо калимаҳои иқтибосии туркӣ ё муғулӣ дар забони мо мебошанд. Ин ҳодиса ба ҳамаи забонҳои дунё хос аст. Таъсири як забон ба забони дигар бештар ба мавқеъ ва ҳолати ташаккулёбии забонҳо марбут будааст. Истилои Хуросону Варорӯд аз ҷониби арабҳо ба давраи сеюми ташаккулёбии забони форсии тоҷикӣ мувофиқ омад. Таҳмили дини нав, маросим ва қонуниятҳои онҳо, ташкилёбии хилофати араб омилҳое буданд, ки бинобар онҳо бисёр калима ва истилоҳоти арабӣ ба хазинаи забони модарии мо ворид гардидаанд. Имрӯз на ҳар як соҳибзабон  арабӣ будани баъзе калимаҳоро дарк карда метавонад.
Ба ҳаводиси таърих беғаразона ва холисона баҳо додан чизи нодир аст. Эътироф кардани он низ муҳим мебошад. Мардумони мо муҳити зист, кор ва таълими ягона доштанд. Дар ҳамсоягиву ҳамбастагӣ зиндагӣ кардаанд. Муҳити зист, кор ва таълим бошад, ба пешрафти илму адабиёт мусоидат кардаанд. Рушди адабиёт ба ташаккул ва такомули забонҳо кӯмак мекунад. Забоне аз ганҷинаи пурғановати забони дигар хазинаи худро ғанӣ менамояд.   
Таъсири мутақобилаи забонҳо ба ҳаддест, ки аксар ҳатто ба кадом забон дахлдор будани номи худ ва ё рӯзу ҳафтаҳоро намедонанд. 
Аз фанни забони модарӣ мавзӯи «Калимаҳои иқтибосӣ»-ро омӯхтаем. Он вобаста ба тараққиёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сурат мегирад. Вале робитаҳои забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ боз ҳам бештару васеътар реша давонидаанд. Чунин робитаи мустаҳкам дар байни забонҳое, ки ба оилаҳои алоҳидаи забонӣ нисбат доранд, кам дучор мегардад. Аввалан, ин ҳодисаи таърихӣ ба замон ва марзи ташаккулёбии ин забонҳо марбут бошад, сониян, тақрибан то охири асри XIX дар ҳудуди Осиёи Миёна миллатро ба маънии забон, яъне моҳияти имрӯзаи ин истилоҳ истифода набурдаанд. Ба суоли «миллатат чист?» ҷавоб дақиқ буд: мусулмон. Донистани «забони Бухоро» шараф дониста мешуд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.        
  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: