ДУР АЗ МОДАР

Ман ҳеҷ гоҳ аз модарам дур нашуда будам.

Вақте донишҷӯ шудам, ба дидани ӯ дер-дер мерафтам ва донистам, ки модарам мазмуни ҳаёти ман, сарпаноҳу такягоҳи ман будааст. Шабҳо дар хоб модарамро мебинам – гоҳ дар танӯри тафсон нон мебандад, гоҳ дар деги калони оташдон хӯрок мепазад, ҷомашӯйӣ мекунад, гоҳ аз дастам дошта ба коғази сафед ҳарфҳоро мечинад, гоҳ омада ба болоям кӯрпа мепӯшонад, аз рӯям бӯса мегирад... Модар фарзандашро ҳамеша ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Шоир фармудааст:
Саҳар аз хоби ширинаш бихезад,
Сафо бар рӯи пурчинаш бирезад.
Нурафшон карда модар хонаву дар,
Назар бар ҳоли фарзандаш бидӯзад.
Аз модаре пурсидаанд: «Кадоме аз фарзандҳоятро дӯст медорӣ?»
Модар ҷавоб додааст: «То сиҳат шудан фарзанди беморамро, то аз сафар баргаштан фарзанди мусофирамро, то бузург шудан фарзанди хурдамро, то рӯзи вафотам ҳамаи онҳоро дӯст медорам».
Ба ҳар як инсон модар яккаву танҳост. Мо, фарзандон бояд ба қадри ӯ бирасем, бо кору амалҳои ношоистаи худ дили ӯро озурда, ашки чашмонашро равон, қомати болояшро хамида нагардонем. Бибиву модарон ғаниматанд.
Ба гуфтаи шоир:
Аё модар, шунидам пир гаштӣ,
Барои бачаат дилгир гаштӣ.
Маро тақдир берун аз Ватан кард,
Ту ҳам бемори ин тақдир гаштӣ.

Манзура ЙӮЛДОШЕВА,
донишҷӯйи гурӯҳи тоҷикии Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: