ЧЕҲРАИ ШИНОХТАИ АДАБӢ

31 июл – рӯзи таваллуди Ҳаёт Неъмат

31 июл – рӯзи таваллуди Ҳаёт Неъмат
Ҳарчанд номи шоир, драманавис, муҳаққиқи адабиёт, тазкиранигор, мутарҷим Ҳаёт Неъмат, ки боз соҳиби чандин фазилат ва ҳунарҳои бадеъ аст, дар ҳавзаи адабии Самарқанд ва берун аз он  кайҳо боз ошност, аммо дар ин муҳити фарҳангӣ симои адабияш ба таври кофӣ муаррифӣ нагашта ва осораш мавриди пажӯҳиши илмӣ қарор нагирифтааст. Агарчи хонандагон бо намунаҳои шеъраш ошноӣ доранд, акнун, пас аз интишори нахустин маҷмӯаи ашъораш бо унвони “Шир...! Шеър... Шер...!” имкон доранд, ки аз роҳи мутолиа чеҳраи адабии ин шоирро барои худашон беҳтар муаррифӣ кунанд. 

Пас аз вазидани боди озодандешӣ ва фароҳам омадани фазои боз соли 2018 шоир Ҳаёт Неъмат ҳам имкони ба табъ расонидани ашъорашро, ки аз замонҳои деру дур мураттаб мекард ва барояш унвони “Шир...! Шеър... Шер...!”-ро пазируфта, ҳифз менамуд, ба даст овард. 
Китоб бо муқоваи сахти мусаввар, акси мадрасаҳои майдони Регистони Самарқанд, ороста ва мураттаб гардидааст. Он аз чор бахш таркиб ёфта, дар бахши аввал гуфтори шоирону адибон ва рӯзноманигорони маъруф чун Эркин Воҳидов, Масъуди Сипанд (Эрон), Шаҳзода Назарзода (Ҳуланд), Одил Нозир (Тоҷикистон); дар бахши дувум ашъори шоир дар 7 боб ҷой гирифтаанд. Баргардони русии ашъор аз ҷониби худи шоир дар бахши сеюм ва зиндагиномаи ӯ дар бахши чорум оварда шудаанд. 
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ мардест хушсӯҳбати маҳфилоро, меҳмондӯсту хушпазиро, шеърдону сурудхон, сӯҳбати бузургон дидаву маънӣ чида ва ҳунарманди гулдаст, ки ҳам хайётӣ медонаду ҳам кашидадӯзӣ ва ҳам сандуқчасозӣ.
Шеъри шоир нимасуннатӣ аст. Ҳарчанд дар бахши аввали дастабанди чакомаҳояш озодгуфтаҳояшро меорад, аммо бешак ғазалҳояш, ки дар ҳадди 83 адад ҳастанд ва мухаммасҳояш (23 адад), мусаддасҳояш(5 адад) беҳтарин намунаҳои эҷодиаш ба ҳисоб мераванд. Бартарият доштани ин анвои шеърҳо боз ҳам аз назари анъанавӣ будани қолаб ва бештар хӯ гирифтани табъи шоир ба онҳо, мавзуният, гуногунрангии мӯҳтавои шеър ва аз лиҳози корбасти санъатҳои бадеист.  
Ғазалҳои шоир дар мавзӯъҳои ошиқона, бузургдошту бахшидаҳо ба дӯстон ва фарҳангиёни маъруф, ситоиши ватан ва зодгоҳ, накӯҳиши дунёи дун, шарҳи ҳоли нагун, сӯгвориҳо – ба лаҳни мутазоди нарму дурушт, урёну пӯшидаи киноядор, гоҳе занандаву таънадор, шиоргунаву ҳакимона, ифтихорманду ғурурписандона гуфта шудаанд. 
Пайравӣ ва ҷавобия ба шеъри шоироне чун Мавлавӣ, Ҳилолӣ, Соиб, Иқбол, Адо, Лоиқ, Масъуди Сипанд ва чанд тани дигар аз завқи эҷодкор ва иродати ӯ ба шеъри ин шоирон шаҳодат медиҳад. Дар сабки баёни шоир оҳангҳои мавлавиёна намоёнтар аст. Зоҳиран пире, ки дар шеъри худаш шоир аз ӯ ном мебарад, ҳамин Мавлавист:
Хоки пои пири худро сурма месозам 
ба чашм,
З-он ки пирам пири пирони ҷаҳонро 
пир шуд. (114)
Иродатмандӣ ба шеъри ин шоири шӯҳратёр аз ин байти ӯ пайдост:
Гоҳ шодӣ, гоҳ оҳам, Шамси Табрезӣ
 паноҳам,
Пеши Мавлоно чу гардам, тавба кардам, 
тавба кардам. (134)
Аз шеъри “Олами мастӣ” аён мегардад, ки Ҳаёт Неъмат воқеан чошнибардори назми гуворою ширини Мавлавии Балхӣ аст. Дар ин шеър ба чашми шоир ҳама масти ҳастии худ аст, то ба соҳибмақомони масти мансабу халқи “масти ёди нон”, ҳама гирди ҳадафи худ мечархад.
Чунин ба назар мерасад, ки қаҳрамони лирикии шоир гоҳо аз пайи ҳақҷӯиву ҳақшиносӣ ба сӯйи худшиносӣ майл мекунад ва гоҳо баръакс. Ин ду тамоюл дар шеърҳо як навъ вазъи орифонаро ба вуҷуд меоранд. Дар зери партави андешаҳои бадеии шоир сояи як танҳои худҷӯю ҳақталош, ба ибораи худи шоир “дарвеши ғам” (“Меравам дар кӯчаҳои шаҳри ғам дарвеши ғам...”), ки гоҳ ҳазину афтида, гоҳе тунд бархоставу шӯрида меояд, гаҳе ба шавқи ошиқона, гоҳи дигар бо арзи маъсияту истиғфор, қад мекашад. Дар тору пуди ашъори шоир, новобаста аз рангорангии мавзӯъ, нахҳои матини худшиносӣ танида шудаанд. Дар шеъри “Умри гул”, ки дар мисоли умри “аз кам камтар”-и шабнам ва гул аз умри инсон ва маҳрумиятҳои ӯ дар рӯйи замин сухан меравад, хонанда ғайриинтизор ба масъалаи худшиносӣ рӯбарӯ мешавад:
Кӯру кар шуд чашму гӯши дил зи умри 
ғафлатӣ,
Чашму гӯши ғафлатиро худшиносӣ 
маҳрам аст. (95)
Бад-ин гуна ба шоир даст додааст, ки зимни сурудани ошиқонаҳо ҳам масоили иҷтимоиро баррасӣ намояд, ки ин нишонаи халлоқияти шоирии ӯст. Маҳорати шоир дар истифода аз санъатҳои гуногуни бадеӣ ҳам аён мегардад, ки хеле бамаврид ва моҳирона корбаст гардидаанд. Ба кор бурдани лутф, иҳом, ҷамъу тақсим, иштиқоқ, ирсоли масал, гузашта аз кинояву ташбеҳу истиораву таҷнис, аз бархурдории фаровони шоир аз осори гаронбаҳои классикии форсии тоҷик шаҳодат медиҳад. 
Дар байти дигар “шоми фардо” (дар мисраи дуюм) иҳом аст ва киноя аз рӯзи растохез бошад:
Шуморам шоми фардо то қиёмат, 
шоми фардоӣ,
Ҳаме зудтар биёр он шоми фардоро, 
Худовандо! (90)
Иштиқоқ, азбаски бо истифода аз калимаҳои арабиасос ба вуҷуд меояд,  дар шеъри шоирони ҳамзамон камтар ба назар мерасад. Аммо дар ашъори Ҳаёт Неъмат намунаи ин санъат ҳам пайдо мегардад ва ин бори дигар шаҳодате аз қавидастии шоир дар гуфтани ашъори суннатист дар баробари ашъори озод ва ё сапедгуна:
Номи он Масъуду номи ин Ҳаёт, 
аммо зи чӣ
Саъд аз ӯ дуру бар он ҳам ногувор 
аст ин ҳаёт. (102)
Калимаҳои “масъуд” ва “саъд”, ки аз як решаанд, боиси ба вуҷуд омадани санъати иштиқоқ гаштаанд. 
Дар назми гузаштагони мо, мегӯянд, ки Камол дар истифода аз номи донаҳои шоҳмот суханбозӣ кардааст ва санъати таҷнисро ба вуҷуд овардааст. Аммо дар “Ғазали шатранҷ”  Ҳаёт Неъмат бо диди воқеъгароёна васфи бозии шатранҷ мекунад, аз фазилатҳои бозӣ мегӯяд. Ин маънӣ дар байти нахустин ифода ёфтааст:
Буғзи дил аз дил барад шатранҷи ман, 
шатранҷи ман,
Мекашад ҳамроҳи ман сад ранҷи ман 
шатранҷи ман. (149)
Дар шеъри бахшида ба устоди санъати шашмақом Барно Исҳоқова лутф бештар аст:
Корвони аҳли динро раҳбалад Исҳоқ буд,
Духтари Барнои  ӯ шуд сорбони 
Шашмақом.(138) 
Калимаҳои “Исҳоқ” ва “Барно” гузашта аз маънои аслии худ бори маънии дигарро низ ба дӯш гирифтаанд, яъне “Исҳоқи дин” ва “духтари барно”-ро.
Оғози боби дуюм иборат аз озодвораҳост. Аммо ҳангоми мушоҳидаи шакли шеърҳо ва бо такя ба истинодҳои назарӣ метавон гуфт, ки ин дастаи шеърҳо қобили тааммул ва таҳқиқ ҳастанд, то дониста шавад, ки воқеан шеъри озод хондани онҳо, ки зоҳиран сапедгуна ҳам метобанд, чӣ андоза дуруст аст.
Дар ин намуди шеъри нав қофия ба тарзи гуногун вохӯрда, ба тақозои муроди шоир вобастагӣ  дорад. Дар боби мавқеъ ва аҳамияти вазни арӯз дар шеъри озоди тоҷик дар асоси таҳлил ва бо такя ба далелҳои сухансанҷон муҳаққиқ Ш.Раҳмонов ба чунин натиҷа расидааст: «Ба фикри мо, асоси ритмикии шеъри озод фақат бо арӯз ҳам маҳдуд набуда, шоирон аз вазни ҳиҷо дар дохили арӯз истифода кардаанд. Илова бар ин, шоирон ҳамаи имкониятҳои ритмикии шеъри замони имрӯзро санҷида ва ба шеъри худ татбиқ карда истодаанд, ки аз доираи системаи арӯз берун нест».
Ба чунин натиҷа мерасем, ки ҳар кадом аз шоирони ба сабки озод сароянда боз ҳам сабку равиши хосаро дар гуфтани шеъри озод доранд ва дар ин гуна шеърҳо ба якборагӣ метавон аз вазни арӯз ва ҳиҷо дар омехтагӣ ҳам истифода намуд. 
Мухаммасоту мусаддасот, ки ҳамчун қолабҳои куҳани шеъри форсӣ дар адабиёти ҳамзабони Эрон имрӯз камтар эътибор доранд, дар шеъри муосири тоҷик бо ҳифзи шакл дар мавзӯъҳои тоза, гоҳо бо омезишёбӣ бо қолабҳои дигари шеърӣ ҷон мегиранд. Ин навъи шеърҳои Ҳаёт Неъмат ҳам бо тозагии мавзӯъ ва мазмун эътибор доранд.
Мадҳу ситоиш имрӯз ҳам дар шеъри шоирони муосир идома дорад ва шоир як бахши алоҳидаро ба ин намуди шеър ҷудо намудааст. Ва дар охир, баргардони чанд намуна ашъори тоҷикӣ ба русӣ, ба дасти худи муаллифи шеърҳо, ҷойгир аст ва аз истеъдоди тарҷумонии ӯ дарак медиҳанд. Воқеан, Ҳаёт Неъмат дар ин самт корҳои шоёни таҳсинро ба сомон расонида, ба забонҳои ӯзбекӣ ҳам тарҷумаҳои хуберо аз бузургони порсигӯ ҳамчун Ҳилоливу Ҷомӣ ба амал овардааст.
Як вижагии дигари шеърҳои шоир ин аст, ки дар баъзе аз онҳо, гоҳо бо ихтиёри эҷодкор, гоҳи дигар бо тақозои вазну оҳанги шеър ногузир калимаҳои халқӣ-гуфтугӯӣ истифода гардидаанд, чунончи дар ин байт ифодаи “ман ҳам” дар шакли “манам”, ки дар лаҳҷаи самарқандиён маъмул аст, омадааст:
Қолаби бекораро бе дил набошад 
чорааш,
Дил ба ҷонон рафту рафтам аз паи ҷонон 
манам. (133)
Ин чанд бардошт аз мутолиаи маҷмӯаи ашъори шоири маъруф Ҳаёт Неъмат нишондиҳандаи соҳиби истеъдод ва маҳорати эҷодии ин чеҳраи адабӣ мебошанд ва аз рисолати баланди адабию иҷтимоии худ огоҳӣ доштани ӯро шаҳодат медиҳанд. Ва агар шоир огоҳона “шоири халқам, агарчи “шоири халқӣ” наям” гуфтааст, сазовор аст, ки минбаъд ашъор ва мақоми шоирии ин симои адабӣ дар ин муҳити фарҳангӣ омӯхта шавад ва арзиш ёбад. 
Ин чеҳраи шинохтаро бо зодрӯзаш табрик гуфта, барояш тандурустиву хонаободӣ ва комёбиҳои беш аз пеши эҷодӣ таманно менамоем.

Дилшода ҲАЗРАТҚУЛИЁН, 
дотсенти кафедраи забон              
ва адабиёти тоҷики ДДС.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: