ЁДИ АДИБИ ЗАБАРДАСТ

Дар мактаби рақами 5-уми ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё бахшида ба зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Саттор Турсун ҷамъомади бошукӯҳе баргузор гардид, ки эҷодкорон, рӯзноманигорон, пайвандон ва як идда мухлисони эҷодиёти мондагори адибро аз тамоми қаламрав гирдиҳам овард.

Ин чорабинии фарҳангӣ бо ташаббуси ҷамоаи омӯзгорони дабистони мазкур ва Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ноҳияи Бойсун роҳандозӣ гашт. Нахуст омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 5 Салом Атоев дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии соҳибҷашн маълумоти муфассале дод ва аз ҷумла гуфт, ки устод Саттор Турсун бо эҷоди як қатор асарҳои хубу хонданӣ адабиёти тоҷикро ғанитар гардонд. Аз ӯ чун адиби чирадасту моҳир, сиёсатдони босубот, публитсисти шинохта ёд мекунанд. 
Бояд тазаккур дод, ки Саттор Турсун 15-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун, дар оилаи яке аз шахсони муътабар бо номи Турсун Шукур ба дунё омадааст. Вай соли 1970 гурӯҳи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Нахустин ҳикоёти худро дар рӯзномаҳои даврии он замон ба нашр расонда, зуд шуҳратёр гаштааст. Минбаъд қаламқаши ҷавони боистеъдодро барои кор ба маҷаллаи «Садои Шарқ» мехонанд ва ӯ дар ин даргоҳ бист сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи наср ва публитсистика, муовини сардабир ва иҷрокунандаи вазифаи сардабир кор кардааст.  Адабиётшиносон қуллаи баланди эҷодиёти ӯро романи «Се рӯзи як баҳор» донистаанд. Ин асар дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи хосе дошта, ҳунари волои адибро дар тасвири воқеъбинонаи ҳаёт, офаридани образҳои хеле ҷиддиву мураккаб... муаррифӣ мекунад. Қиссаҳои «Сукути қуллаҳо», «Барф ҳам мегузарад», «Камони Рустам», «Санг дар бағал ба тӯфон» ва як даста ҳикоёти дилнишини нависанда дар дили хонандагон ҷой гирифтаанд ва ба зиёда аз 30 забони дунё тарҷумаву нашр гаштаанд. 
Ба гуфтаи раиси Маркази миллии мадании тоҷикони ноҳияи Бойсун Ғаффор Норбоев ин нависандаи дардошно ба ҷуз иншои асарҳои бадеӣ як қатор мақолоти публитсистӣ низ ба нашр расонидааст, ки дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек мусоидат кардаанд. Вай ба сифати тарғибгари ғояҳои дӯстиву инсонгароӣ дар миёни ду кишвари ҳамҷавор – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба мисоли як пул хидмат карда, барои чунин корҳои наҷиб соли 2004 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардидааст. Ғ. Норбоев инчунин таъкид кард, ки барои поси эҳтироми адиб қарор шуд, ки кӯчаи марказии деҳаи Пасурхӣ, ки ҳоло «Фидокорлар» ном дорад, ба номи нависанда Саттор Турсун гузошта шавад. Интизор меравад, ки ин иқдом аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ ҳамовозӣ пайдо мекунад.
Самеъ Шукуров ва Хосият Шукурова , бародар ва хоҳари устод Саттор Турсун, хотироти худро аз рӯзгори адиб нақл намуданд, ки хеле муассир буд. Онҳо сифатҳои мардонагӣ, ростқавлӣ ва муносибати ҷиддии бародари худро ба адабиёт гуфтаву аз ӯ ба ҳайси як инсони беғубор ёд карданд.
Дар суханронии худ рӯзноманигор Нуралӣ Раҷаб, омӯзгори варзида Раҳматуллоҳи Шоҳимардон ва ҳунарпешаи театри мусиқию драмавии вилояти Сурхондарё, мутарҷими асарҳои Саттор Турсун ба забони ӯзбекӣ Ҳамза Хонов низ паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти бою рангини нависандаро кушода, изҳори умедворӣ намуданд, ки минбаъд шогирдонаш пайкори адиби ҳамдиёри худро идома хоҳанд дод. Инчунин ишора гардид, ки кам шудани шумори донишомӯзон ба забони тоҷикӣ дар мактаби рақами 5-уми деҳаи Пасурхӣ боиси нигарониҳост ва ин бепарвоии мардум ба обрӯю эътибори адибони бархоста аз ин хокҷой, аз қабили Саттор Турсун, Иноят Насриддин, Истад Қосимзода ва дигарон соя хоҳад афканд. 
Дар интиҳои чорабинии фарҳангӣ қарор шуд, ки ёдбуди адибро ҳар сол ва дар миқёси васеъ таҷлил намоянд. Инчунин синфи алоҳидае ташкил хоҳанд кард, ки аз ҳаёту эҷоди зодагони барӯманди Пасурхӣ ҳикоят мекунад. Ин амал ба худшиносӣ ва худогоҳии насли минбаъда мусоидат хоҳад кард. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: