ИМКОНИЯТҲОИ НАВ ДАР ОМӮХТАНИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Даврони кунунии ҷаҳонишавӣ аз ҳар кадоми мо тақозо дорад, ки ҳампои замон бошем.

Яъне мо имрӯз дар кадом соҳае кор накунем, бояд баробари забони модарӣ чандин забони хориҷиро низ донем. 
Бинобар ҳамин ҳам инсоне, ки забон медонад, ба олам саёҳат мекунад, дӯстон пайдо менамояд, шарикони нав меёбад. Вай бо фарҳанг ва таърихи халқҳои ҷаҳон шинос мегардад. Аз ин рӯ, нафақат дар кишвари мо, балки дар тамоми ҷаҳон рағбат ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ рӯз аз рӯз меафзояд. 
Ман фикр мекунам, вақте ки инсон забонҳои хориҷиро мукаммал медонад, бо якчанд забон муомила карда метавонад ва касби дуруст интихоб мекунад, ҳаёти ӯ рангин мегузарад. Маҳз бинобар ин дар Ӯзбекистон амиқ омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар тарбияи ҷавонон ва тайёр кардани мутахассисони тавонманди соҳаҳои гуногун вазифаи муҳим дониста мешавад.
Дар пояи ин сиёсат омода намудани матахассисони баландихтисос, кадрҳои донову тавоно қарор дорад, ки ба оянда, барои рушди мамлакат хидмат мекунанд, қодиранд дар бозори ҷаҳон рақобатбардорӣ кунанд, барои тарбияи насли навраси қобили рақобат мебошанд. 
Ҳар як инсоне, ки забонҳои хориҷиро мукаммал медонад, нафақат дар кори худ навоварӣ ворид мекунад, вазифаи супурдашударо босифат иҷро ва ғояҳои пешқадамро пешкаш менамояд, балки боз аз зинаҳои хидматӣ пеш меравад, яъне ба мансабҳои баландтар мерасад, барои худ асоси мустаҳками пешрафтро омода менамояд. Аз ҳама муҳимаш инсоне, ки забонҳои хориҷиро хуб медонад, дар ҳар куҷое набошад кор пайдо мекунад ва ба кумаки дигарон ниёзманд намегардад. Ин собит менамояд, ки донистани забон дар даврони ҷаҳонишавӣ чи қадр муҳим аст. 
Тавре ки сиёсатмадори шинохта Нелсон Мандела гуфтааст: «Агар шумо бо касе ба он забоне, ки ӯ медонад ҳарф занед, ба шуури вай ворид мешавед. Агар шумо ба забони модарии ӯ сухан гӯед, пас ба қалби ӯ роҳ меёбед». Ин аст, ки муомила карда тавонистан ба забони хориҷӣ чун бо забони модарӣ ва нармгуфторӣ ба ҷавонон барои дарёфти имкониятҳои нав роҳ мекушояд. 
Солҳои охир мо аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои интернет дар бораи он ки ҷавонони дар хориҷа машғули мо бо мушкилиҳои гуногун ва душвориҳо бинобар надонистани забон ва воқиф набудан аз навгониҳо рӯ ба рӯ меоянд, бисёр мешунавем. Ин ҳар кадоми моро водор менамояд, ки аз ин хусус андеша намоем, мушоҳидакор бошем. Метавон хулоса баровард, ки дар ин масъала ҳанӯз мушкилот мавҷуданд. 
Оё ин мушкилотро бартараф кардан мумкин аст? Албатта, шумо инро метавонед. Барои ин ҳамватанони моро зарур аст, ки аз хидматҳои Оҷонсии муҳоҷирони меҳнати хориҷӣ самарабахш истифода бубаранд. Вале аксар шаҳрвандони мо ба Русия ё худ Қазоқистон рафтанро беҳтар медонанд, онҳо амнияти худро фикр намекунанд. 
Ҳоли ҳозир дар кишвари мо низоми нави таъмин кардани тайёркунии забонӣ ва касбӣ, амният ва кафолати шуғли муҳоҷирони меҳнатие, ки мехоҳанд барои кор ба хориҷа раванд, ба роҳ монда шудааст. Бо вуҷуди имконият ва шароитҳое, ки аз ҷониби давлатамон фароҳам оварда мешаванд, ҷавононамон забонҳои хориҷиро намедонанд, вале бидуни андеша, ҳаёти худро ба хатар гузошта ба хориҷа мераванд. Бинобар он ки забонро намедонанд, наметавонанд кор ёбанд, шуғли дурустро интихоб намоянд, мушовират кунанд ва ҳуқуқи худро ҳимоя намоянд. 
Бо назардошти мушкилоти мазкур бобати ташаккул додани сиёсати муҳоҷират, ки дар худ муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷараёнҳои байналхалқии муҳоҷирати меҳнатиро дар кишвари мо фаро мегирад, корҳои мустақим татбиқ мешаванд. Ба танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда, фароҳам овардани имкониятҳо барои баланд бардошатни ихтисоси касбии ҳамватанони мо пеш аз ба хориҷа баромадан эътибори зиёд дода мешавад. 
Чунончи, муоҳидаи ҳамкорӣ бо 300 нафар коргузорон ва оҷонсиҳои кадрии 28 кишвар бобати ҷалби қувваҳои корӣ аз Ӯзбекистон имзо гардид. Ғайр аз ин аз ҷониби Вазорати оид ба мубориза бо нодорӣ ва шуғл дар ҷумҳурии мо бинобар омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва касбҳо 32 мономарказ, 50 маркази таълими касбӣ ва 13 маркази тайёркунии мутахассисони баландихтисоси соҳаи сохтмон, 48 марказ дар ҳамкорӣ бо 10 ташкилоти хориҷӣ ва курсҳо ташкил карда шуданд. 
Дар машварате, ки 2 апрели соли равон таҳти сарварии Президент баргузор гардид, бобати ба роҳ мондани низоми нави ташкили кор дар самти мазкур вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд. Мувофиқи маълумоти он дар 27 муассисаи таълими касбӣ курсҳои нави такмили ихтисос ба роҳ монда мешаванд. Дар онҳо шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар хориҷа кор кунанд, ба муҳлати 1 сол дар асоси пулию қарордодӣ таълим мегиранд, омӯзондани забони хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо марказҳои хусусии таълимӣ татбиқ карда мешавад. 
Таълими касбӣ ва тайёркунии мақсадноки шаҳрвандоне, ки тахассуси касбӣ надоранд ва забонро намедонанд, дар муассисаҳои таълими касбӣ ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад дар назди Оҷонсии муҳоҷирати меҳнати хориҷӣ маркази таълими забонҳои хориҷӣ ва тайёркунии шаҳрвандон ба кор кушода хоҳад шуд. 
Ҳамзамон вазифаи атташе бинобар муҳоҷирати меҳнатӣ ва намояндаи оҷонсӣ дар Арабистони Саудӣ, дар сафоратхона ва консулгариҳои Британияи Кабир, Олмон, Полша, Венгрия ва Ҷопон ҷорӣ карда мешавад. Ба мақсади дар хориҷа оҷилан ҳаллу фасл намудани мушкилоти шаҳрвандони мо дар сафоратхонаҳо ва вазоратҳои соҳавӣ «кол-марказҳо»-и шабонарӯзӣ ташкил мегарданд. Ба шарофати низоми мазкур ҳамватанони мо метавонанд ба тамоми саволҳое, ки онҳоро ба ташвиш овардаанд, таъҷилан ҷавоб гиранд. 
Яъне, дар мамлакати мо барои муташаккилона ва бидуни хатар ба хориҷа фиристондани шаҳрвандон корҳои муайяне татбиқ мегарданд. Вобаста ба ин он чиз шоёни таъкид аст, ки раванди «кор дар хориҷа – мувофиқи ҳамсоягарӣ» татбиқ карда мешавад. Муовини ҳоким, пешоҳанги ҷавонон шаҳрвандеро, ки мехоҳад дар хориҷа кор кунад, ба платформаи «Онлайн маҳалла» дохил менамояд. Номзадҳоро барои иштирок ба озмунҳои коргузорони хориҷӣ ҷалб менамоянд. Кори таълими касбӣ ва тайёркунии мақсадноки шаҳрвандоне, ки тахассуси касбӣ надоранд ва забонро намедонанд, дар муассисаҳои таълими касбӣ ба роҳ монда мешавад. 
Умуман дар мамлакати мо корҳои зиёде, ки ба такмил додани низоми муҳоҷирати меҳнатӣ, бозомӯзонии касб ба шаҳрвандон пеш аз рафтани онҳо ба хориҷа, баланд бардоштани дониш ва малакаашон нигаронида шудаанд, татбиқ мегарданд. Мақсади ин саъю кӯшишҳо яктост: ин ҳам бошад, ба ягон хел мушкилот ва монеа рӯ ба рӯ нагардидани ҷавонони мост, ки дар хориҷа кор мекунанд, ҳамчунин сиҳҳату саломат ба ватан, ба оғӯши оила баргаштани онҳо мебошад. 

Шерзод ҚУЛМАТОВ,
 депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.     

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: