Моҳи декабри соли гузашта дар толори мактаби мусиқӣ ва санъати ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё такдимоти китоби Акбархон Бобоев “Диёре дар оғӯши боғҳо” ё “Шаҷараи тоҷикони ҳардурӣ” шуда гузашт, ки дар он ҳокими ноҳияи Деҳқонобод Зоир Алиқулов иштирок кард.
Моҳи декабри соли гузашта дар толори мактаби мусиқӣ ва санъати ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё такдимоти китоби Акбархон Бобоев “Диёре дар оғӯши боғҳо” ё “Шаҷараи тоҷикони ҳардурӣ” шуда гузашт, ки дар он ҳокими ноҳияи Деҳқонобод Зоир Алиқулов иштирок кард.
– Мавзеи Боғучорбоғи ноҳияи Деҳқонобод, ки номи таърихиаш Танги Ҳарам аст, дарҳақиқат маскани олимону шоирон, нависандагону санъаткорон ва саховатпешагон аст. Номҳои Ҳазрати ҳоҷӣ Умархон Ибни Бобохон ва фарзандони он ҳазрат – ҳоҷӣ Асрорхон Умархонов ва ҳоҷӣ Акбархон Бобоевҳо, Эшниёз-мударрис, Мулло Менглимуҳаммад Охунд, Домулло Файзулло, Миср Эшниёзов, Субҳон Амирқулов, Абдурасул Эргашев, Ҷумъақул Ҳамроев, Ғайрат Раҳимқулов, Абдувалӣ Ҳаитов, Рӯзман Бердиев, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Карим Тошқулов, Шайман Қорақулов, Шамсиддин Норқулов, Асадулло Шаматов, Сайфулло Бекназаров, Мӯъмин Бердиев, Нортоҷӣ Ҳамроевҳо барин фарзандони асили зодаю парвардаи ин диёри зархезанд. Номбурдагон дар ана ҳамин диёри қадима ба дунё омадаанд, ба воя расидаанд ва ба рушди илму фарҳанги Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саҳми босазое гузоштаанд ва мегузоранд, – гуфт З. Алиқулов.
Чанде пеш таърихнигор Акбархон Бобоев китоби номбурдаро ба ман туҳфа кард. Китобро бо эҳтиром ба даст гирифта, варақ гардонда ба ин инсони фидоӣ, ки бо як заҳмату машаққати тӯлонӣ чунин як асари гаронбаҳоро навишта, ба мо пешкаш кард, ба эшон миннатдории хешро изҳор кардам. Китоб, ки ба таърихи мавзеи Боғучорбоғ ва аҷдоди он – тоҷикони ҳардурӣ бахшида шудааст, аҳамияти тарбиявӣ дорад. Ҳардуриҳо бо қавми қӯнғирот дар ин диёри зархез аз қадим дӯстона зиндагӣ мекунанд, ки расму оин ва анъанаҳои миллии онҳо муштараканд ва аз як дарё об менӯшанд ва дар атрофи як дасторхон нишаста нон мехӯранд, тӯю сур ва идҳои худро якҷоя мегузаронанд, ки басо муфид аст.
Мудири кафедраи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Ҷумъа Ҳамроев чунин изҳори ақида намуд:
– Ин китоб, ки дар ҳаҷми 730 саҳифаи ранга аз нашр баромадааст, салоҳияти илмию фарҳангӣ дорад. Дар он оиди таърихи қавми ҳардурӣ, ки як гурӯҳи алоҳидаи этникии халқи тоҷикро ташкил мекунад, маълумот дода шудааст.
Сипас, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, номзади фанҳои филологӣ Хайём Мирзоев, ходими шуъбаи таълими халқи ноҳияи Деқонобод Ӯктам Тошбоев, муҳаррири газетаи “Овози Деҳқонобод” Э. Махсумов, саховатпеша Сайфулло Бекназаров ва дигарон баромад карда, аҳамияти илмии китоби муъҷазро баён карданд.
Муаллифи китоб Акбархон Бобоев аз тарафи ҳокимияти ноҳияи Деҳқонобод, шуъбаи таълими халқ ва соҳибкорони номӣ бо мукофотҳо рағбатнок карда шуд.
Инчунин, Акбархон Бобоев ба узвияти фахрии Маркази миллии маърифат ва санъати тоҷикони Бойсун пазируфта шуд.
Ғаффор НОРБОЕВ,
раиси Маркази миллии маърифат ва санъати тоҷикони ноҳияи Бойсун.