ШУМОРАИ ҶАВОНОНЕ, КИ ДАР «МАКТАБИ ТЕМУРБЕКҲО» ТАҲСИЛ ГИРИФТАН МЕХОҲАНД, МЕАФЗОЯД

Тибқи қарори Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба тарбияи наврасон дар рӯҳи ҳарбиву ватанпарварӣ ва такмил додани захираи кадрҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва хидмати давлатӣ», литсейҳои ҳарбӣ-академии «Мактаби Темурбекҳо» дар ҳудудҳо ташкил карда шуданд.

Ҳар сол беш аз 100 нафар хонандагон литсейи ҳарбӣ-академии «Мактаби Темурбекҳо»-и таркиби Гвардияи Миллии Тошкандро хатм мекунанд. Таълимгирандагоне, ки  ин муасисаро бо баҳои аълову дипломи сурх хатм кардаанд, имкони ба Донишгоҳи амнияти ҷамъиятӣ дар асоси имтиёз дохил шуданро доранд.
Дар ин муассиса донишҷӯён тибқи тартибу қоидаҳои ҳарбӣ таълим гирифта, дарсҳо дар ду самт – илмҳои асосӣ ва гуманитарии иҷтимоӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамкорӣ бо профессорону омӯзгорони Донишгоҳи амнияти ҷамъиятӣ барномаҳои омӯзишии намунавӣ оид ба асосҳои ислом, фиқҳ, таърихи даврони темуриён ва қонунҳои Темур, инчунин равоншиносӣ роҳандозӣ шудааст.
Илова бар ин, забонҳои чинӣ, туркӣ, фаронсавӣ ва немисӣ барои хонандагони зинаи дуюми литсей ҳамчун забони дуюми хориҷӣ ба барномаи дарсӣ дохил карда шуда, ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки забонҳои хориҷиро мукаммал аз худ кунанд.
Бо мақсади пурмазмун гузаронидани вақти берун аз дарсии хонандагон маҳфилҳои камонандозӣ, ҷанги дастӣ, бокс, варзиши сабук ва волейбол ташкил карда шудаанд.
Имрӯз ҷавононе зиёданд, ки мехоҳанд дар ин маскан таҳсил гирифта, ба Ватан садоқатмандона хидмат кунанд. Пас, онҳо барои ин бояд ба куҷо муроҷиат кунанд?
– Барои шомил шудан ба «Мактаби Темурбекҳо» ҷавонон бояд ба шӯъбаҳои корҳои мудофиаи шаҳру вилоят муроҷиат кунанд, – мегӯяд муовини директори литсейи ҳарбӣ-академии «Мактаби Темурбекҳо» Рустам Файзуллоев. – Хонандагон ба ин ҷо аз тариқи се озмун, яъне озмуни пешакӣ, озмуни касбии ҳарбӣ ва санҷишҳои тестӣ қабул карда мешавад. Сол то сол сафи ҷавононе, ки хоҳиши таҳсил дар ин макон доранд, зиёд шуда истодааст, ки ин далели эҳтиром ба ҳифзи Ватан, некуаҳволии мардум ва арзишҳои маънавию маърифатӣ мебошад.

Н. РАҲМОНОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: