Аҳли Ӯзбекистон дар арафаи воқеаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ истодаанд.
Аҳли Ӯзбекистон дар арафаи воқеаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ истодаанд. Ҷараёни сиёсии дар Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавриди назар қарорёфта – интихоби роҳбари давлат, ки 24 октябри соли 2021 баргузор мегардад, воқеаи ба тақдири ҳар яки мо вобаста мебошад.
Халқи Ӯзбекистон дар симои Президент раҳнамои худ, пешвоеро мебинад, муҳимтарин масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷиро ҳал мекунад, амният ва осудагии халқ ва диёрамонро таъмин мекунад.
Дар ин ҷараён таъмини иҷрои бечунучаро ва аниқи талаботи қонунгузории интихоботӣ ба зиммаи аъзои комиссияи интихоботии қитъавӣ масъулияти бузург мегузорад. Дар навбати худ ваколатҳои худро дар вазъи риояи қатъӣ ба қонун дар вақти худ ва аниқ ба иҷро расондани комиссияҳои интихоботии қитъавӣ ба муваффақиятнок сурат гирифтани маъракаи интихоботӣ узван вобаста аст.
Қайд кардан лозим аст, ки ҷалб карда шудани масъулҳо ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳси истифодабарандагон қарор гирифтааст.
Аз ҷониби баъзе истифодабарандагон таҳти мазмуни “Муаллимон ба фаъолияти комиссияҳои интихоботии қитъавӣ маҷбуран ҷалб карда шуда истодаанд”, “Ба меҳнати аъзои комиссияи интихоботии қитъавӣ дар вақташ ҳақ дода намешавад” фикрҳо баён ёфтанд. Дар маъракаи интихоботи президентӣ дар кишварамон амалияи ифодаи мавқеи шахсии шаҳрвандон сиёсати кушодӣ ва озодии суханро нишон медиҳад. Дар ин самт, ҷиҳатҳои зерин, хусусан, дуруст ба роҳ гузошта шудани пардохти ҳақи меҳнати аъзои комиссияи интихоботии қитъавӣ ва пур кардани ҷои харҷҳо равшан намудор шуда меистад.
Якум, бо мақсади омодагии пурра ба интихобот ва оқилона молиявӣ сохтани он ба тартиби молиявисозии ҷараёни интихоботӣ дигаргунӣ ворид карда шуда, сметаи харҷи комиссияҳои интихоботӣ дар чаҳоряки аввали соли интихобот аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ муайян карда шуд. Ин дар навбати худ баҳри сабукгардии ҷараёни омодагӣ вобаста ба молиявисозии интихобот хидмат намуд.
Дувум, бинобар доираи васеи ваколат ва масъулиятҳое, ки ба аъзои комиссияҳои интихоботии қитъавӣ дода шудаанд, ба назди онҳо талабҳои муайян гузошта шудааст. Яъне, на ҳар кас метавонад узви комиссияи интихоботӣ гардад. Хусусан, номзадҳо ба аъзогии комиссия бояд шаҳрвандони синни бисту якро пур карда, соҳиби маълумоти миёна ё олӣ, дар омодагӣ ва баргузории интихобот таҷрибаи кориро молик, аз ҳама муҳимаш, дар байни аҳолӣ соҳиби обрӯю эътибор бошанд.
Сеюм, мувофиқи моддаи 25-уми Кодекси интихоботӣ яке аз талабот ба аъзои комиссияи қитъавии интихобот ин аст, ки аз нисф зиёди аъзои комиссияи интихоботии қитъавӣ набояд аз як ташкилот тавсия карда шаванд.
Яъне, дар ташаккули аъзои комиссияи интихоботии қитъавӣ ба таркиби номзадҳо ба аъзогӣ вакилони СҒҒ, ҷавонон, нурониҳо, намояндагони мақомоти худидораи шаҳрвандӣ, шахсоне, ки донишу малакаи ҳуқуқӣ доранд, яъне юрисконсултантҳо, адвокатҳо, мутахассисони забони хориҷидон тавсия карда мешаванд.
Чаҳорум, ҳақдиҳӣ ба меҳнати аъзои комиссияи интихоботии қитъавӣ аз ҳисоби маблағҳои ба интихобот ҷудошуда ба амал бароварда мешавад.
Дар он дар давраи омодагӣ ва баргузории интихобот ба аъзои комиссияҳои интихоботӣ кафолатҳое, ки дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавриди назаранд, дастгирӣ карда мешаванд. Яъне, ба ходим аз ҳисоби маблағи ба интихобот ҷудошуда музди меҳнати миёна пардохта мешавад.
Панҷум, ба аъзои комиссияи интихоботии қитъавӣ бо миқдори дар сметаи харҷҳо нишондодашуда бо мақсади сарпур сохтани харҷҳои нақлиёт, таом ва дигар харҷҳо пардохти ҷуброн алоҳида муайян карда шудааст. Ин, дар навбати худ, барои вазифаҳои худро сидқан иҷро намудани шахсҳои ҷалбшуда хидмат менамояд.
Шашум, масъалаи ҳақдиҳӣ ба аъзои комиссияҳои интихоботии қитъавӣ,ки ҷои доимии кор надоранд, аз ҷумла, нафақахӯрони ҷалбшуда, аз эътибор дур намондаанд. Дар ин самт ба ин гуна шахсон мувофиқи сеткаи тарифии ягонаи пардохти ҳақи меҳнат музд дода мешавад.
Хуллас, барои дар асоси қонунгузории ихтихоботии миллӣ ва стандартҳои байналхалқӣ фаъолият бурдани комиссияҳои қитъавии интихобот ва аъзои онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ офарида шудааст.
Бекзод НАРИМОНОВ,
иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд, доктори фалсафа оиди фанҳои ҳуқуқ.