Яке аз иллатҳои маънавии инсон, ин баднафсист, ки мо онро дар хислатҳои чашмгуруснагӣ, молпарастӣ, хасисӣ ва бахилӣ мушоҳида мекунем.
Ин иллат қалби инсонро забт намуда, ӯро ба роҳи нодурусту қонуншиканӣ мебарад ва дар назди ҷамоат, гунаҳкору шармсор месозад. Қалби инсон муҳаррики асосии ҷисми ӯст. Чун нафси бад қалбро ишғол кард, вай гуноҳ ва амалу ҳаракатҳои ношоиста содир мекунад. Дар ин бора алломаҳои исломӣ Имом Бухорӣ, Имом Муслим ва дигарон дар асарҳои худ зикр кардаанд.
Барои пок шудани қалб инсон бояд нафсашро лаҷом зада тавонад, вагарна нафс, ки ҳаммаслаки шайтон аст, ӯро аз роҳи ҳақ ва аз адлу инсоф, шарму ҳаё барин хислатҳои зебои инсонӣ дур месозад. Барои инсон паймудани роҳи росту пок душвор аст, зеро талошҳои ҳаёт ӯро бо пешомадҳои гуногун – шодиву ғам, пастиву баландӣ, омаду ноомад, дороиву нодорӣ рӯ ба рӯ мекунанд. Барои аз ин пешомадҳо бо сарбаландию парҳезкорӣ баромадан иродаи матин лозим мешавад.
Агар чашми ботинии инсон кушода бошад, ӯ иллатҳои нафсашро мебинад ва барои ислоҳи онҳо саъй менамояд. Барои ин маънавияти баланд лозим аст. Инсон хусусияте дорад, ӯ айби дигаронро зуд мебинаду муҳокима макунад, вале айби худашро не. Ин аз нишонаҳои заифии маънавият ба шумор меояд. Офаранда барои мо тамоми имкониятҳои дунявӣ ва диниро фароҳам овардааст, вале мо, тавре ки дар китоби муқаддаси «Қуръон» омадааст, бисёр ношукрему ба қадри шароиту неъматҳои офаридашуда намерасем. Бинобар ин худро бештар ба корҳои беҳуда мезанем, ки ин аз иллати нафс ва заифии маънавӣ дарак медиҳад. Барои лаҷом задан ба нафс ва бахудсарии вай роҳ надодан, пеш аз ҳама, бояд дар амалу ҳаракатҳоямон аз устодон, бузургони гузашта, аз пирони рӯзгордида ибрат гирем, зеро саргузашти онҳо таҷрибаи беназир мебошад.
Роҳи дигари тарбияи нафс – доштани дӯсти содиқу ҷонист, то ки ӯ рафторҳои ношоистаи касро ба рӯяш гуфта, дӯсташро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд. Аммо афсӯс, ки имрӯз дарёфти чунин дӯст хеле мушкил аст. Аз тарафи дигар, мутаассифона, мо аз одаме, ки айбамонро нишон додааст, хафа мешавем. Ин аз шах шуда мондани қалбамон далолат медиҳад. Дар ин ҳолат гуноҳҳоямон «самара»-и худро медиҳанд. Боз як роҳи тарбия ва пешгирии нафс, ин танқиди дигарон мебошад. Мо аз онҳое, ки моро танқид мекунанд, набояд хафа шавем, балки бояд барои ислоҳи амалҳои нохушамон саъй кунем, аз он хулосаи лозимӣ барорем. Барои ин бошад, ҷуръат ва шуҷоат лозим аст.
Донишманде фармудааст: «Касе, ки ба нафс дода шуд, ба меҳру муҳаббати дунёӣ асир мегардад, ба доми кибру ҳавою ҳавас меафтад, занҷирбанди шаҳват мешавад, қалбашро амалҳои хайр тарк мекунанд».
Аллома Ҷаъфари Ҳамид фармудаанд: «Ба неъматҳо бо тарки неъматҳо хоҳӣ расид». Ё худ зоти бузургвор Баҳоуддини Нақшбанд мефармоянд: «Ман агар хоҳам, нафсамро панҷоҳ маротиба ба лаби об ташна бурда, ташна бармегардам».
Аз ин ҷо бармеояд, ки барои дорои қалби поку маънавияти воло шудани насли оянда мо – калонсолон бояд, пеш аз ҳама, худамонро ислоҳ карда, ба онҳо намуна шавем, роҳи росту дуруст ва пурбаракатро нишон диҳем.
Баҳодур БОТИРОВ
имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Охунбобои ноҳияи Чуст.