РӮДАКӢ

Саттор ШЕРМАТОВ

Нахустин бор дар қасри сухан ӯ,
Ниҳода хиштҳои шеъри тоҷик.
Даме ки мурғи табъаш нағмахон шуд,
Биборид офарин аз дуру наздик.

Кашидӣ бори маънӣ ҳар каломаш,
Арӯси шеърро зебо биёрост,
Ғазалҳояш равону дилнишинанд,
Рубоӣ, қитъаҳояш дурри яктост.

Нахустин бор ӯ аҳли ҷаҳонро,
Ба шеъри ноби тоҷик ошно кард.
Зи боми бас баланди ному шуҳрат,
Ба дуродури ин олам назар кард.

Таваллуд ёфт дар рустои Рӯдак,
Бухоро шеъри ӯро ошён гашт.
Амир султони шоирҳо бихондаш,
Каломи форсӣ гирди ҷаҳон гашт.

Агарчи нотавонбинон кашиданд,
Ба чашмаш мил, варо оҷиз намуданд.
Ба чашми дил ҷаҳонро бештар дид,
Аз он кӯрон, ки кӯри кӯр буданд...

МУШОИРАИ РАМЗӢ

Маҳфили шеъру сухан болу пари афкори мост,
Шеър гуфтан одати халқи латифгуфтори мост.
Шамъи маҳфил дар қадим доим фурӯзон будааст,
Мурғи дил дар партаваш байту ғазалхон будааст.

Рӯдакӣ боғи суханро дар ҷаҳон бунёд кард,
Пири тӯсӣ* омаду ин боғро обод кард.
Меваҳои табъи Ҷомӣ бар шукӯҳи он фузуд,
Мурғи илҳоми Навоӣ дар ҳамин бӯстон суруд...

Рӯдакӣ бикшод маҳфилро ба байте обдор,
Аҳли маҳфилро писанд омад чу панди рӯзгор:
«Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон».

Навбати Фирдавсӣ омад, гуфт пири достон,
Илму дониш мебарад бенардбон то осмон:
«Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад».

Ҷомӣ ҳам дар пайравӣ қулфи дилашро боз кард,
Аз хирад, аз илму дониш ҳарфи худ оғоз кард:
«Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм».

Бар Навоӣ чун расид навбат бигуфт ӯ бовиқор,
Эй хушо, ки халқҳоро дӯстӣ бошад шиор:
«Аҳли олам, душманӣ, донед, кори хуб нест,
Якдигарро дӯст бошед, иртифоъ аз дӯстист».

* Абулқосим Фирдавсӣ

Аз забони ӯзбекӣ тарҷумаи
А. СУБҲОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: