БА СОЛИ ХОНИШИ НАВ ОЁ МАКТАБҲОИ СУРХОНДАРЁ ОМОДААНД?

Маълум, ки аз аввали моҳи сентябр дар тамоми муассисаҳои таълими олӣ, миёнаи махсус ва ҳамагонӣ таҳсил оғоз мешавад ва ин муассисаҳои вилоят то чӣ андоза ба ин омодаанд?

Дар вилояти Сурхондарё ҳамагӣ 965 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, 935 тои он таълими ҳамагонӣ, 16 мактаби бачагонаи «Баркамол авлод», 7 мактаб-интернати ихтисосонидашуда, 4 мактаби махсус, 2 мактаби намуди санаториявӣ, 1 маркази такмили ихтисос буда, инчунин, дар сохтори агентии муассисаҳои таълимии ихтисосонидашуда 16 мактаб ва 1 мактаби Президентӣ мавҷуд. Дар айни замон аз 935 мактаби таълими ҳамагонӣ 839 тояш пурра ба соли нави хониш омода. Дар 96 тои он бошад, корҳои таъмиру тармим ҳоло ба анҷом нарасидааст.
Дар ҷаласаи навбатии Саридораи таълими халқи вилоят маълум шуд, ки аз ин 96 мактаб 61 тояш мактабҳое мебошанд, ки ҳолаташон нисбатан вазнин маҳсуб меёбад ва дар ин мактабҳо ҳоло таъмири мукаммал пеш бурда мешавад ва дар назар аст, ки то оғози соли нави хониш онҳо низ пурра омода мешаванд. Дар қатори ин дар асоси дастури инвеститсия сохтмони боз 2 мактаби навбунёд ва реконструксияи 33 мактаб низ ҳоло пурра ба анҷом нарасидааст. Дар ҷаласа сабабҳои айниву зеҳнии ба анҷом нарасидани корҳои сохтмон ва таъмиру тармими мактабҳо аз нигоҳи танқидӣ таҳлилу муҳокима гардид ва қатъӣ супориш дода шуд, ки корҳо дар муддати кӯтоҳ бояд ба сомон расонида шаванд.
Ҳамчун маълумот зикр кардан ба маврид аст, ки 429 мактаб аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ таъмир гардид ва ба онҳо 11 млрд. 195 млн. сӯм маблағ масраф шуд.
Аз рӯйи маълумоти саридора дар соли нави хониш 62 ҳазору 956 нафар писарону духтарон ба синфи 1 қабул карда шудаанд ва ба ҳамаи онҳо «туҳфаи Президент», ки аз 12 намуд анҷоми хониш иборат аст, пурра дода шудааст. Дар соли хониши 2022-2023 бошад, 60 ҳазору 938 нафар ба синфи 1 қабул гардида, 32 ҳазору 865 нафар синфи 11-ро хатм намуданд. Яъне, 2 ҳазору 16 нафар хурдтаракон имсол нисбат ба соли гузашта зиёдтар ба синфи 1 қабул шуданд. Рақамҳо тақозо мекунанд, ки мувофиқи ҳамин бояд шароити мусоид ҳам муҳайё карда шавад.
Дар ҷаласа инчунин таъкид гардид, ки мактабҳои намунавӣ дар соли 2023 бо ташаббус   дар лоиҳаҳои «Опен бюжет» фаъол иштирок намуда, ғолибиятро ба даст оварданд ва шароити мактаби худро боз ҳам беҳтар карданд. Дигарон ҳам бояд аз ин мактабҳо ибрат гиранд. Ҳатто мактабҳое ҳастанд, ки пайи ҳам ғолибиятро ба даст меоваранд, вале баъзе мактабҳо аз сабаби носолимии муҳиту ноаҳлии ҷамоа умуман дар лоиҳа овоз нагирифтанд ва баъзе мактабҳо ҳатто иштирок ҳам накарданд.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: