ДАР ДАСТ ҚАЛАМ

Яке аз соҳибқаламоне, ки ба равнақи насри муосири ӯзбек саҳми муносиб гузошт, Фарҳод Мӯсоҷонов ба шумор мерафт.

 Гӯё дирӯзак миёни мо қадам мезад, бо ҳикоя ва қиссаҳои нав ба дари идораи ҷамоаҳои эҷодӣ панҷа мезад. Дар солҳое ҳам, ки синнаш ба ҷое расида, қалам аз даст нагузошт – аз навиштан бознамонд.
Тақрибан даҳ сол пештар дар «Хонаи матбуот», ки коргоҳамон дар яке аз ошёнаҳои он ҷой дошт, собиқадори рӯзномаамон Тоҳирака Олимбоев (равонашон шод бод) аз ман хоҳиш намуданд дастнависи чанд ҳикояи нави Фарҳод Мӯсоҷоновро, ки худ бо сабабе омада натавонист, ба шуъбаи насри ҳафтаномаи «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» бурда супорам. Онҳо дар мактаби олӣ ҳамроҳ хонда, аз давраи донишҷӯйӣ ба якдигар дӯсти ҷонӣ буданд. Ҳикояҳоро ба шахси масъул супурдам. Аз байн вақти зиёд нагузашта, хабар расид, ки Фарҳод Мӯсоҷонов аз олам гузашт. Чопи вопасин ҳикояҳояшро дид ё надид, фаҳмида натавонистам. 
Зодаи маҳаллаи Ӯқчии шаҳри Тошканд Мӯсоҷонов соли 1956 факултаи шарқшиносии Дорулфунуни давлатии Тошкандро хатм намуда, даставвал дар шуъбаи адабиёти радио ва телевизиони Ӯзбекистон, пасон дар идораи рӯзномаи «Ӯзбекистон маданияти» адои вазифа намудааст. Чанде дар маҷаллаи кӯдакон «Ғунча» ва моҳномаи адабии Ӯзбекистон «Шарқ юлдузи» низ фаъолият кардааст.
Аввалин ҳикояи Ф. Мӯсоҷонов соли 1959 бо унвони «Деҳае дар дара» рӯйи чоп дида буд. Баъдтар маҷмӯаи ҳикоя ва қиссаҳояш «Ба орзу айб нест», «Аз паси офтоб», «Суст наё, Алиқулов», «Оби чашма»,»Сумбула», «Кӯчабоғро пазмон мешавам», «Ҳиммат», «Соз ва шамшер» ва ғайраҳо, ки асосан барои бачаҳо навишта шудаанд, рӯйи чоп диданд. Алалхусус китоби насриаш «Нафаси баҳор» бештар мавриди эътибор қарор гирифт. 
Як шохаи пурбори фаъолияти эҷодиаш киносозист. Шояд ягона нависандаест, ки чун коргардон низ маҳорат санҷида ва то андозае муваффақ шудааст. Якчанд филмнома низ навишт.
Дар асоси қиссаи Ф. Мӯсоҷонов «Лафз» (2003) аз ҷониби «Ӯзбектелефилм» филми телевизионии бисёрқисмата офарида шуд. 
Айни замон муаллифи зиёда аз 20 филми ҳуҷҷатӣ ҳисоб меёбад. Вай дар драматургия низ табъ озмуд. «Кабӯтари сафед» ва «Талвоса» барин песаҳояш дар саҳнаи театрҳо намоиш дода шуданд.
Мӯсоҷонов барои саҳми муносибаш дар равнақи адабиёти кӯдак соли 2000-ум ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Ғафур Ғулом сазовор гардидааст.  
Баробари адиби писандида будан инсони хеле хуб ҳам буд. Ба хурду калон баробар. Бо самимият ва муомилаи нек ба дили ҳама роҳ ёфта ва саъй мекард то имкон будан диле бар даст орад. 
Ба наздикӣ ба муносибати 90-солагиаш дар Иттиҳодияи адибон ёдбуди ӯ рӯйи кор омад. Онҳое, ки зиндаёдро аз наздик мешинохтанд, ҳаракат мекарданд бештар дар бораи фазилатҳои инсониаш ҳарф зананд. Ин гуна адиб ва инсонҳои хубро дунёи адабиёт, хусусан, одамоне, ки ҳамнафас бо аҳли сухананд, асло фаромӯш намекунанд, гуфт шоир Турсун Алӣ ва илова намуд: «ман Фарҳодакаро дер инҷониб шиносам ҳам, баъди чопи яке аз ҳикояҳояш дар ҳафтаномаи «Китоб дунёси» мисле дигарбора кашф кардам...»   
Тахминан бист сол қабл дар Иттиҳоди нависандагон ба суҳбати ӯву нависанда Йӯлдош Сулаймон, ки муовини аввали раис буд, гувоҳ будам. Онҳо гарми гуфтугӯву ман гӯшу ҳуш ба муколамаашон. Вақте дар омади гап Йӯлдошака дар бораи ман сухан ронду «умедбахш аст,қалами хуб дорад» гуфта «ба осмони ҳафтум» бардошт, Фарҳодака бо табассуми маънидор сӯям нигарист. Нигоҳаш мегуфт «омадҳо ёр шаванд».
Нависандаи куҳансол Латиф Маҳмудов мегӯяд, вақте маро хумори бачагии беғубор гирифт, ягон китоби дӯсти айёми бачагиам Фарҳодро ба даст мегирам. Ягон ҳикояи бачагонаашро мехонам. Лаҳзае чанд худро дар олами афсонамонанди наврасӣ ҳис мекунам. Ҳисси пазмонии омехтаи ҳузн вуҷудамро фаро мегирад.
Назар ба гуфтаи наттоқи собиқадори телевизион Насиба Иброҳимова як замонҳо Мӯсоҷонов чун шореҳи футбол низ фаъолият кардааст. Бо маҳорати баланд бозии дастаи футболи «Пахтакор»-ро шарҳ медод. Репортажҳояш ба дили дӯстдорони футбол шавқу ҳаяҷон мебахшид.
Чун адиб ба унвони баланд муносиб буд, мегӯяд тележурналист Комилҷон Шамсиддинов, вақте фаҳмидам, ки «Нависандаи халқии Ӯзбекистон» шудааст, дарҳол сим задам. Вақте муборакбод сохтам, ғайричашмдошт, хомӯш шуда монд. Баъд фаҳмам худаш ҳанӯз бехабар аст. Эҳтимол ба гӯшҳояш бовар намекард ё худ унвони фахриро чашмдор набуд.
Соли 1968 ба Маскав рафт, ду сол дар курси олии сенарийнависӣ таҳсил карда, ба ҷои кори пештара баргашт. Аввал муҳаррир, баъд сармуҳаррир, баъди он дар Ҷамъияти давлатӣ-саҳҳомии «Ӯзбеккино» роҳбари садорат буд ва ба равнақи кинои миллӣ саҳми арзанда гузошт. Баробари ин дар ташкили дарсҳои маҳорат ба донишҷӯёни боргоҳи санъат ва алоқамандони синамо фаъолнокӣ зоҳир намуд.
Падари адиб Мӯсоҷон Алимуҳамедов арбоби давлатӣ буду модараш Башоратая – рӯзноманигор. Фарҳодакаву ҳамсараш, ки низ зиёӣ буд, чанд фарзанди сазовор ба воя расонданд. Яке аз онҳо тележурналисти маъруф Гулмира Мӯсоҷонова. Гулмира мегӯяд падарам то охирин рӯзҳои ҳаёташон ба адабиёт ва эҷод ҳамнафас монданд, дар Боғи эҷодии Дӯрмон ба драматургҳои ҷавон сабақ дода истода, дар даст қалам, амонати худро супурданд...    

Муҳаммадҷон ШОДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: