БАРОИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН БА КИШВАР БА ЧИҲО БОЯД ЭЪТИБОР ДОД?

Дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди босуръати иқтидори сайёҳии ҷумҳурӣ, инчунин афзоиши минбаъдаи шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ» аз 26 апрели соли 2023 дар кишвар корҳои дахлдор анҷом дода мешаванд.

Профессорҳо, муаллимон, тадқиқотчиён ва донишҷӯёни лаёқатманд ба рушди сайёҳӣ дар ноҳияҳои Тахтакӯпир, Хуҷайлӣ, Элликқалъаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон чӣ гуна саҳм мегузоранд?
Пиромуни ин масъала мо аз профессори кафедраи туризми Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд Алишер Эштаев хоҳиш кардем, ки андешаҳои худро баҳам бинад.

– Аз ҷониби давлат як қатор вазифаҳо оид ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар муайян шудааст, – ба суҳбат оғоз намуд Алишер Эштаев. – Аз ҷумла, сарвари давлат дар иҷлосияи 25-уми Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Самарқанд қайд кард, ки соли 2023 ба кишвар омадани 7 миллион сайёҳ ба нақша гирифта шуда, то соли 2030 пешбинӣ шудааст, ки ин рақам ба 15 миллион нафар, гардиши сайёҳии дохилӣ – ба 25 миллион расонда шавад. Дар стратегияи рушди маҷмӯъгии сайёҳӣ то соли 2030 ба созмон додани инфрасохтори замонавии сайёҳӣ ва нақлиётӣ, сохтмони роҳҳои нави баландсуръати автомобилӣ ва оҳан, ду баробар зиёд кардани парки ҳавопаймоҳо ва чор баробар зиёд намудани шумораи парвозҳо афзалият дода мешавад. Алоҳида зикр гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои калон, ки сайёҳон бештар ташриф меоранд, 30 кластерҳои бузурги сайёҳӣ ташкил карда мешаванд.
Бешубҳа, барои таъмини вазифаҳои пешбинишуда самарабахш истифода бурдани иқтидори сайёҳии минтақаҳо, аз ҷумла захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, созмон додани самтҳои нави сайёҳӣ ва маҳсулот муҳим мебошанд. Дар давраи гузашта дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон корҳои муайян анҷом дода шуданд. Соли гузашта ба он 114683 сайёҳи хориҷӣ ва 1 миллиону 44 ҳазор сайёҳони маҳаллӣ ташриф оварданд. Дар ин муддат содироти хидмати сайёҳӣ 25 миллиону 665 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Таҳлил нишон дод, ки аксари онҳо сайёҳон аз Русия, Қазоқистон, Фаронса, Туркия, Олмон, Италия, Испания, Британияи Кабир, ИМА ва Чин мебошанд.
– Барои боз ҳам васеъ ҷалб намудани сайёҳон ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон боз ба чиҳо бояд эътибор дод?
– Мувофиқи қарори сарвари давлат ба мақсади ба роҳ мондани амалиёти илмӣ, ҳамгароии он бо назарияи роҳбарони 11 мактабҳои олӣ ва ҳокимони 30 ноҳияҳо «харитаҳои роҳ» таҳия шуда, ба ҳаёт татбиқ карда мешаванд. Ноҳияҳои Тахтакӯпир, Хуҷайлӣ, Элликқалъаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд вобаста карда шудааст. Профессорону омӯзгорон, тадқиқотчиён ва донишҷӯёни донишгоҳ баҳри омӯзиш ва рушди соҳаи сайёҳии ин минтақаҳо корҳои пайваста ба роҳ мондаанд.
Дар натиҷа маълум гардид, ки барои рушди соҳаи сайёҳии ин ноҳияҳо бояд корҳои муайянро анҷом дод. Аз ҷумла, бо назардошти хусусиятҳои қаламрави Ҷумҳурии Қароқалпоқистон хатсайрҳои сайёҳиро ташкил намуд. Масалан, барои сайёҳон то ба ноҳияи Хуҷайлӣ расидан ниҳоят ноқулай аст. Онҳое, ки меоянд, танҳо шаҳраки асримиёнагии Миздакхон ва мақбараи Мазлумхон-сулу, Ереҷеп Халифа ва Шамун-Набиро зиёрат мекунанд. Бинобар натиҷаҳои тадқиқотҳои маркетингӣ бояд ба рушди сайёҳии зиёратӣ, археологӣ ва гастрономӣ таваҷҷуҳ дода, дар берун аз мавсим чорабиниҳои гуногун ташкил карда шавад.
Маълум, ки ба мақсади тарғиби сайёҳии зиёратии аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда соли гузашта дар Бухоро фестивали Нақшбандия, Ҳафтаи байналмилалии сайёҳии зиёратӣ, конфронси байналмилалии «Нақши Бухоро дар тамаддуни исломӣ» бахшида ба 500-солагии мадрасаи Мири Араб гузаронда шуданд.
Дар Тирмиз конфронси байналмилалии «Имом Бухорӣ, Доримӣ ва Тирмизӣ: мактаби муҳаддисони Мовароуннаҳр» гузаронда шуд. Дар конфронс намояндагони қариб 30 кишвар, аз ҷумла Туркия, Марокко, Кувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Фаронса, Русия, Эрон, Алҷир, Британияи Кабир, кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин олимони  машҳур, намояндагони марказҳои тадқиқотии кишвари мо ва ВАО иштирок карданд.
Метавон гуфт, ки ноҳияи Хуҷайлӣ дорои мундариҷаи сайёҳӣ барои рушди сайёҳии зиёратӣ аст. Инфрасохтори сайёҳиро беҳтар кардан мувофиқи мақсад  аст. Ҳоло дар ин ҷо хостели «Хуҷайлӣ» (20 ҷой) ва хонаҳои оилавии меҳмонӣ фаъолият доранд. Дар хостел сифати хидматрасонӣ ҷавобгӯи талабот нест. Аз ин рӯ, сайёҳони хориҷӣ дар меҳмонхонаҳои Нуқус мемонанд ва ба хобгоҳ намераванд. Ба ин муносибат шумораи меҳмонхонаҳо зиёд карда шавад.
Дар ноҳияи Тахтакӯпир ёдгориҳои кӯли Қаратеран, Айдос қалъа, Барактам-1, Барактам-2, Ҷаман қалъа, Корганча қалъа, Косминор, Қилиш қалъа, Меҳтерқалъа, манораҳои Так ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз Нуқус дур ҷойгиранд. Аз ин рӯ, аз онҳо сайёҳони хориҷӣ дидан намекунанд.
Дар ин объектҳо туризми археологиро ташкил кардан мумкин аст, дар минтақаҳои биёбон туризми экстремалӣ, «сафарӣ», раллиро инкишоф додан мумкин аст. Мавҷудияти даҳ намуди моҳӣ дар кӯли Қаратеран, олами набототу ҳайвоноти бой имкон медиҳад, ки туризми экологӣ (моҳидорӣ) инкишоф ёбад.
30 метр дуртар аз кӯли Қаратеран чанд чашмаи оби шифобахш мавҷуд, ки имкон медиҳад туризми солимгардонӣ ба роҳ монда шавад. Инчунин оид ба ҷалби сайёҳон ба самти сайёҳии ландшафтӣ, экологӣ ва рекреатсионӣ бояд чораҳо андешид.
Барои сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллӣ метавон ба мамнуъгоҳҳои давлатии биосферии Амударёи Поён (собиқ мамнуъгоҳи давлатии Бадай-Туқай), ки дар соҳили рости Амударё дар назди кӯҳи Қоратов ҷойгир аст, экосаёҳатҳо ташкил намуд.
Дар ноҳияи Тахтакӯпир меҳмонхонаи оилавӣ мавҷуд аст. Иншоотҳои сайёҳии ин минтақа ба хатсайрҳои сайёҳӣ дохил карда нашудаанд.
Рӯйхати захираҳои туристии ноҳияҳои Элликқалъа, Хуҷайлӣ, Тахтакӯпирро бинобар сатҳ тартиб дода, барномаи марҳилаҳои  ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид кардани онҳоро бояд ташаккул дод. Мувофиқи таҳлилҳо дар як сол ба ноҳияи Элликқалъа ба ҳисоби миёна 25-30 ҳазор сайёҳи хориҷӣ меояд. Аксарияти онҳо Аёзқалъа ва Тупроққалъаро тамошо мекунанд.
Баъзе сайёҳон ба мавзеъҳои Буран, Бурли, Думанқалъа, Желдиққалъа, Кичик Қирққиз қалъа, Қаватқалъа ташриф меоранд. 90 фоизи сайёҳони хориҷӣ тавассути вилояти Хоразм меоянд ва ҳамагӣ 4-5 соат дар ин минтақа қарор мегиранд. Барои дароз кардани муҳлати будубоши сайёҳон омадани онҳоро тавассути Нуқус ташкил кардан бамаврид аст. Ин таҳияи самтҳои нави сайёҳиро тақозо менамояд.
Дар ноҳияи Элликқалъа ташкил кардани минтақаи сайёҳии рекреатсионии «Ақчагул» ба васеъ намудани диверсификатсияи хидмати сайёҳӣ меорад, ки ба меҳмонони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон пешниҳод карда мешаванд. Дар ҳудуд барои ташкили хидматрасонӣ ва бунёди иншооти фароғатии фарҳангӣ, рушди сайёҳии гастрономӣ ва шикор (моҳидорӣ) имкониятҳои кофӣ мавҷуданд. Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот 72 нуқтае муайян карда шуданд, ки дар он объектҳои инфрасохториро ҷойгир кардан мумкин аст. Ин нуқтаҳо ҳам дар ҷойгиркунӣ ва ҳам дар идоракунӣ қулай мебошад. Дар ҳудуд инчунин имкони бунёди амфитеатр ва ташкили хидматрасонии меҳмонхонаҳо вуҷуд дорад.
Самтҳои истироҳатӣ ва солимгардониро, ки асоси рушди кластерҳо дар ноҳияи Элликқалъа мебошанд, баррасӣ менамоем. Дар ин ҷо иншоотҳои санаториву солимгардонӣ нисбатан ривоҷ ёфтаанд, марказҳои рекреатсионӣ метавонанд ба сайёҳон шавқмандӣ бахшанд. Дар асоси шарикии давлатию хусусӣ ташкил намудани кластери сайёҳии рекреатсионию солимгардонии «Ақчагул» ба рушди минбаъдаи соҳа мусоидат хоҳад кард.
Инчунин, дар ҳудуд унсурҳои инфрасохтор барои рушди сайёҳии солимгардонӣ, фарҳангӣ, обӣ ва саёҳатӣ мавҷуданд. Дар воқеъ, инчунин сегменти истиқоматӣ – меҳмонхонаҳо дар соҳили кӯл, хонаҳои меҳмонӣ бо услуби миллӣ вуҷуд доранд. Аз ин имкониятҳо истифода бурда, маҳсулоти рақобатпазири туристӣ истеҳсол намуда, инфрасохторро такмил додан мумкин аст.
Ҳангоми ташкили низоми кластерӣ аз таҷрибаи шаҳрҳои курортӣ ва соҳилӣ истифода бурдан мумкин аст. Туркия, АМА, Гурҷистон ба ин мисол шуда метавонанд. Бояд мутахассисони намоёнро ҷалб кард. Кластер воқеан имкони таъмини рақобатпазирии минтақа, яъне имкони фароҳам овардани стратегияи дарозмуҳлати рушди созмонҳои сайёҳӣ мебошад.
Масалан, ба мавзеи туристӣ табдил додани мавзеи археологии Тупроққалъаи ноҳияи Элликқалъа ва ташкили музейи этнографии Тупроққалъа саривақтӣ хоҳад буд.
Захираҳои минтақа аз имкони таъсиси чунин осорхона шаҳодат медиҳад, ки бояд маҷмӯе гардад, яъне арзишҳои таърихии мардуми қадим, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, расму оинҳои имрӯза, омода намудани таомҳои миллӣ, маълумот оид ба аҳамияти омӯзиши таърихии ёдгории Тупроққалъаро инъикос диҳанд. Аз Хоразм дар 30 километр ва аз Нуқус 120 километр ҷойгир шудани маҷмӯъ барои истифодаи хатсайрҳои дохилӣ ва байналмилалӣ қулайӣ фароҳам меорад.
Пурра истифода бурдани иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ташкил кардани хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва истифодаи васеи инноватсия дар амалиёт натиҷаҳои мусбат хоҳанд дод.

Суҳбатнигор
Абдулазиз РУСТАМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: