ЗАН – НЕРӮИ МУАЙЯНКУНАНДАИ МАҲАКИ ҶОМЕА

Дар кишварамон модарон ҳамчун рамзи оила, сарчашмаи накукорӣ ва неруи тавоно ҳамеша тараннум карда шудаанд.

Зеро, бо занон, ки такягоҳи оила ва ҷомеаанд, зиндагии мо зебову пурмазмун, хонадонамон ободу равшан аст. 
Муносибат ва ҳурмату эҳтиромро нисбат ба занон аз рӯйи муносибате, ки давлат ба онҳо мекунад, муайян кардан мумкин аст. Сабаб дар он аст, ки халқе, ки занро гиромӣ медорад, эҳтиром мекунад ва ба сараш мебардорад, ҳамчун миллате эҳтиром хоҳад шуд, ки фарҳанги баланд ва арзишҳои олиҷаноби худро дар амал нишон медиҳад. 
Солҳои охир ба намояндагони ҷинси латиф эътибор торафт меафзояд. Давлати мо бонувони зебою муқаддасро гиромӣ дошта, барои онҳо шароити заруриро фароҳам меорад, ки то зиндагии хушбахтона ба сар бурда, фарзандони шоистаи Ватанро ба воя расонанд, дар тамоми соҳаҳо ба комёбиҳои баланд ноил гарданд.
Муҳимтар аз ҳама, дар кишвари мо имрӯз ҳеҷ зане аз таваҷҷуҳи давлату ҷомеа дар канор намондааст. Инро дар мисоли кумакҳои иҷтимоию иқтисодӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ ва психологӣ, ки дар соли 2021 ба қариб 900 ҳазор нафар занон дар асоси тамоюли олиҷаноби «Ҳеҷ кас аз меҳру таваҷҷуҳ дар канор намемонад», расонда шудааст, дидан мумкин аст. Ба ин мақсадҳо аз буҷа ҷудо карда шудани 2 триллион сӯм воқеаи бемислу монанд аст. 
Боз як мисоли ҳаётӣ. Танҳо дар соли 2021 бо мақсади дастгирии соҳибкории бонувон дар натиҷаи ҷудо кардани беш аз 2 триллион сӯм вом ва субсидҳо зиёда аз 320 ҳазор нафар хоҳарони мо соҳиби кори доимӣ ва даромад гардиданд. 
Нутқи Президент Шавкат Мирзиёевро дар маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон – 8 Март бо диққат гӯш карда, боварӣ ҳосил кардам, ки дар ояндаи наздик, дар Ӯзбекистони Нав эътибор ба занон бештар мешавад.
Роҳбари давлатамон дар нутқи худ «Мо дар назди худ мақсади бузург гузоштаем, ки дар Ватанамон бунёди заминаи Ренессанси Сеюмро барпо кунем. Дар ин мақсади нек ва роҳи пуршараф мо, пеш аз ҳама, ба арзишҳои муқаддаси оила ва маънавияти амиқи модарони худ, ки мураббиёни ҳақиқӣ мебошанд, такя мекунем» гуфта, ҳар як занону духтаронро рӯҳбаланд намуда, қалбашонро аз ифтихору шодӣ саршор кард.
Чунон ки дар нутқ қайд карда шуд, мо барои ҳарҷониба тараққӣ додани мамлакатамон ба давраи нави таърихӣ қадам гузоштем. Пас, дар қалби фарзандони мо ҳадафҳои бузург ва ғояҳои олиро ҷой кардан вазифаи пуршарафи тамоми модарони Ӯзбекистон аст. Зеро, тарбияи насли ҷавонони дорои сифатҳои баланд, далер ва ватандӯст бешубҳа ба занони мо вобаста аст.
Аз ин лиҳоз, занони мо масъулияти худро пурра дарк намуда, дар тамоми соҳаҳо пурсамар меҳнат карда, дар пешрафти кишвар ва некӯаҳволии мардум саҳми арзанда мегузоранд. Аз ҳама муҳимаш, онҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии дар назди ҷамъият ва давлат истода, баробари мардон як хел фаъоланд.
Умуман, имрӯз Ӯзбекистон ҳамчун сарзамини занону духтарони хушбахт дар тамоми ҷаҳон машҳур аст. Ҳар як занро пеш аз ҳама чун модар эҳтиром мекунанд. Дар замони нави рушди имрӯза занони мо на иштирокчии ислоҳот, балки ҳамчун иҷрокунандаи онҳо хидмат мекунанд, ки бешубҳа барои расидан ба мақсадҳои пешбинишуда омили муҳим хоҳад шуд.

Муқаддас ТИРКАШЕВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: