Рӯзи миллии Ӯзбекистон – чорабинии васеъмиқёси тантанавӣ, ки ба таърих, пешрафти кунунӣ ва иқтидори кишвари мо бахшида шуд, 8 декабр дар павилони «Leadership Pavillion» дар доираи намоишгоҳи бузурги «ЭКСПО-2020» дар Дубай ба вуқӯъ пайваст.
Рӯзи миллии Ӯзбекистон – чорабинии васеъмиқёси тантанавӣ, ки ба таърих, пешрафти кунунӣ ва иқтидори кишвари мо бахшида шуд, 8 декабр дар павилони «Leadership Pavillion» дар доираи намоишгоҳи бузурги «ЭКСПО-2020» дар Дубай ба вуқӯъ пайваст.
Маросими кушоиши расмии Рӯз бо афроштани парчамҳои давлатӣ ва иҷрои сурудҳои миллии Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб оғоз ёфт.
Меҳмононро муовини Сарвазир – вазири сармояҳо ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ва узви Девони Вазирон, вазири кушодадилӣ ва ҳамзистии АМА Шайх Наҳаён бин Муборак Ал Наҳаён хайрамақдам гуфтанд. Дар ҷараёни муроҷиати табрикӣ сарони ҳайатҳо дараҷаи баланди муносибатҳои тарафайни Ӯзбекистон ва АМА, комёбиҳоеро, ки дар ҳамкории дуҷониба бинобар соҳаҳои сармоя, савдову иқтисодиёт ва фарҳангу инсонпарварӣ ба даст омадаанд, махсус таъкид карданд.
– Экспо ин имконияти нодир барои дипломатия ва брендинги миллӣ ба шумор меравад. Кишварҳои иштирокдор инноватсияҳои технологӣ ва маданияти миллиро намоиш медиҳанд, бо ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ташаккул додани хусусиятҳои мусбӣ ва ба худ хоси миллӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ӯзбекистон дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ, ҳамчунин дар намоишгоҳҳои махсуси ЭКСПО аз соли 1993 боз иштирок менамояд, вале ин бори аввал аст, ки мо кишвари худро бо павилони миллии худӣ муаррифӣ менамоем, ки фикр мекунам, аломати хуб аст, он ҷиддияти саъю кӯшишҳои моро бинобар мустаҳкам кардани робитаҳо бо АМА инъикос менамояд, – гуфт дар баромади худ роҳбари ҳайати Ӯзбекистон.
Аъзои ҳукумати ду мамлакат, намояндагони машҳури зиёиёни эҷодкор, доираҳои корчаллон ва ҷамоатии Ӯзбекистону АМА, ҳамчунин тамошобинони «ЭКСПО-2020» дар Дубай иштирокдорони чорабинӣ гардиданд.
Барномаи рангини консертӣ бо иштироки устодони ҳунари Ӯзбекистон, ки ба тамошобинон маданияти мусиқии миллӣ ва асарҳои классикиро намоиш доданд, аз ҷумлаи дастуроти чорабинӣ буданд. Меҳмононро ҳамчунин саёҳати рағбатовар дар павилони «Ӯзбекистон» интизор буд. Ошхонаи миллии ӯзбекистонӣ бо пешниҳоди анъанаҳои беҳтарини меҳмоннавозии халқи мо низ як қисмати ҷудонопазири тантанаҳо гардид.
Бунёди рушди фарҳанг ва санъати мамлакат шарики расмии барномаи мадании павилони Ӯзбекистон дар «ЭКСПО-2020» шуд. Павилон дар майдони 1739 метри мураббаъ таҳти шиори «Зудамалӣ» ҷойгир шудааст, ки тимсоли саёҳат ба Шоҳроҳи абрешим буда, имкон фароҳам меоварад, ки тамошобин гузаштаи кишварро, ки боиси комёбиҳои кунунии Ӯзбекистон гардидааст, дарк намояд.Се тарроҳии баланди павилон рамзест, ки се шаҳри таърихии Шоҳроҳи абрешим – Самарқанд, Бухоро ва Хиваро ифода менамояд.
Дар доираи ташкили намоишгоҳ дар ин ҷо аллакай якчанд чорабиниҳо баргузор гардиданд, ки бинандагонро бо мерос, фарҳанг ва иқтидори кишвари мо ошно мекунанд. Аз ҷумла, 27 ноябр дар саҳнаи «Dubai Opera» нахустнамоиши балети «Лазги – рақси Рӯҳ ва Муҳаббат» баргузор шуд. 29 ноябр иҷлосияи Ӯзбекистон дар мавзӯи «Нақши занон дар бозсозии ҳаёти иҷтимоии ҷамъият» ба вуқӯъ омад. 30 ноябр дар саҳнаи «Jubilee Park EXPO 2020» пианинонавози шинохтаи Ӯзбекистон Беҳзод Абдураимов маҳорати худро ба бинандагони байналмилалӣ намоиш дод.
Консули генералии Ӯзбекистон дар шаҳри Дубай Алишер Саломов дар суҳбат бо хабарнигори АИ «Дунё» изҳор дошт:
– Имрӯз дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Дубай Рӯзи миллии Ӯзбекистон мегузарад. Ин ҳам барои кишвари мо ва ҳам барои ҷомеаи байналхалқӣ ҳодисаи хеле муҳим мебошад.
Барои иштирок дар чорабинӣ ҳайати сернамояндаи Ӯзбекистон бо сарварии муовини Сарвазир–вазири сармояҳо ва савдои хориҷӣ Сардор Умурзоқов ташриф овард. Ҷониби Ӯзбекистон ба ин воқеа ҳамаҷониба тайёрӣ дид. Барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ омода карда шуд, дастархони сернозу неъ-мат паҳн гардид.
Зеро Рӯзи миллии Ӯзбекистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ ин нафақат имконияти шинос намудани сокинони АМА бо таърих ва пешрафти кунунии мамлакати мо, балки умуман ошно кардани тамошобинони аз тамоми ҷаҳон ба намоишгоҳ омада мебошад, ки онҳо хеле зиёданд. Мо бо ифтихори бузург дар ин ҷо таърих ва мероси бебаҳои худ, маданияти ғановатманд, иқтидори рушди кунунӣ ва ҳамкории байналхалқиамонро намоиш медиҳем.
Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО-2020» дар Дубай аз 1 октябри соли 2021 то 31 марти соли 2022 идома меёбад. Ба таърихи Намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ, ё худ EXPO назар дӯхта, метавон гуфт, ки вай тимсоли саноатикунонӣ ва майдони кушод барои намоиш додани комёбиҳои техникиву технологӣ гардид, Намоишгоҳ бори аввал дар Гайд-парки Лондон аз 1 май то 15 октябри соли 1851 гузашта буд. Он замон вай «Намоишгоҳи бузурги корҳои саноатии тамоми халқҳо» номида мешуд ва дастовардҳои илмӣ, саноатӣ, санъату тиҷоратро намоиш медод. Намоишгоҳ бобати паҳн кардани ғояҳои инқилоби саноатӣ давраи муҳим гардид, бинобар он ки дар он кишварҳои зиёд иштирок мекунанд, баъдтар намоишгоҳ унвони Умумиҷаҳониро гирифт.
Намоишгоҳи умумиҷаҳонии кунунӣ дар Дубай довталаби мақоми намоишгоҳи аз ҳама экологӣ мебошад.
«Мо саъй дорем, ки Намоишгоҳи умумиҷаҳониро ба яке аз намоишгоҳҳои беҳтарини экологӣ табдил диҳем, – мегӯянд созмондиҳандагони он. – Муболиғанок садо диҳад ҳам бояд гуфт, ки рушди устувор ҷузъи ҷудонопазири ҳамаи он корҳое аст, ки мо аз бунёди бинову иншоот то офаридани осори дарозмуҳлат иҷро мекунем, ки баъд аз бисёр солҳои пӯшида шудани «ЭКСПО-2020» низ боқӣ мемонанд. Мо умедворем, ки одамонро ба ҳифзи муҳити атроф ва сайёраи Замин барои наслҳои оянда дар тамоми соҳаҳо: аз коркарди партовҳо то пешбурди қарорҳои табиӣ рӯҳбаланд намоем. Тамоми саъю ҳаракатҳои мо ба гузоштани таъсири нек нисбати муҳити атроф дар миқёси миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд».
Намоишгоҳ аз минтақаҳои мавзӯие иборат мебошад, ки ҳадафҳои кунунии инсониятро инъикос менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки Ӯзбекистон дар Намоишгоҳҳои махсуси умумиҷаҳонии воқеъ дар Нагоя (Ҷопон, 2005), Ёсу (Куриёи Ҷанубӣ, 2012), Нур-Султон (Қазоқистон, 2017), ҳамчунин дар Намоишгоҳҳои умумиҷаҳонии бақайд гирифташудаи Ганновер (Олмон 2000), Шанхай (ҶМЧ, 2010) ва Милан (Италия, 2015) ширкат ҷустааст.
Павилони Ӯзбекистон дар «ЭКСПО-2020» 1 ноябр кушода шуд, кори он то охири намоишгоҳ – 31 марти соли 2022 давом мекунад.
Рӯзҳои аввали баъди кушоиши павилон онро ҳар рӯз тақрибан 7 ҳазор бинандагон тамошо карданд. Ҳоли ҳозир ҳар рӯз павилони «Ӯзбекистон»-ро андаряк 2,5-3 ҳазор нафар тамошо мекунанд. Ба наздикӣ дар павилон ресторани хӯрокҳои миллии Ӯзбекистон кушода шуд, ки, бидуни шубҳа, боз миқдори зиёди тамошобинонро ҷалб менамояд.
Сарошпази ошхонаи миллии ӯзбекистонӣ, ресторатор Баҳриддин Чустӣ ҳикоя кард, ки чӣ гуна дар ҳудуди Намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ оши палави 1000 килограммӣ тайёр карда шуд:
– Барои омода кардани он ошпазҳои машҳуртарини Ӯзбекистон ба Дубай омаданд. Палав табъи дил шуд, мо ба он тамоми муҳаббати худ, эҳсоси гарми меҳмоннавозии мардуми Ӯзбекистонро зам намудем. Бовар дорем, ки имрӯз барои бисёр иштирокдорон ва меҳмонони намоишгоҳ оғози шиносоӣ бо Ӯзбекистон мегардад, онҳоро ба тамошои кишвари мо рағбатнок мекунад.
«Рӯзи миллии Ӯзбекистон» дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ бо комёбии бузург гузашт ва дар матбуоти хориҷиву аморат васеъ равшан карда шуд.
АИ «Дунё»,
ДУБАЙ.