ЗАФАР МУБОРАК, ҒАЛЛАКОРОНИ ВИЛОЯТИ БУХОРО!

Кишоварзони диловари вилояти Бухоро 25 июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурият дар қатори аввалинҳо нақшаи солонаи ба давлат супоридани ғалларо сарбаландона иҷро карданд.

2 ҳазору 984-то хоҷагии фермерӣ ва 11-то кластери ғаллакорӣ тирамоҳи соли гузашта дар 60 ҳазору 600 гектар майдон гандуми навъҳои «Старшина», «Алексеевич», «Гром», «Краснодар-99», «Васса», «Аср» ва ғайраро корида, ба парвариши онҳо эътибори ҷудогона доданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки соли ҷорӣ субъектҳои ғаллакорӣ нисбати соли гузашта 52-то афзуд ва ба андозаи 464 ҳазор тонна гандуми хушсифат истеҳсол гардид. Мақсади асосӣ ба 76 сентнерӣ расондани ҳосилнокӣ аст. Инчунин ба ихтиёри хоҷагиҳои фермерӣ гузошта шудани беш аз 260 ҳазор тонна ғалла баҳри манфиатбинии ҷамоаҳои меҳнатӣ ва фарохтаршавии фаъолияти онҳо хидмат мекунад.
Чорабинии пухта ба ҳосилғундорӣ, ташкил ёфтани отряди ғалладаравӣ ба 189 комбайн, қариб 950-то автомобили боркашон, 40-то хидмати сайёри техникӣ, 40-то воситаи таъмини сӯзишворӣ имконият дод, ки ҳосил сари вақт ва беталаф ҷамъ оварда шавад.
Ба комёбӣ саҳми деҳқонон-фермерҳои ноҳияҳои Рометан, Вобканд, Олот, Қаравулбозор, Бухоро ва Қаракӯл арзанда гардид. Инчунин хоҷагиҳои фермерии «Акром», «Амон Ҳидой замини», «Саъдуллобобо», «Тӯра Ҷӯра Умар» аз ноҳияи Рометан, «Ҷумъаназар Ӯлмас», «Саид Чори саховати», «Воҳидҷон Файзиев», «Яшнарбек Санақулов аз ноҳияи Олот, «Улуғбек Амон замини», «Ҷӯра Дурбек Ваҳҳоб», «Сатторов Ортиқбобо», «Нурулло Амон Абдулло» аз ноҳияи Вобканд, «Фахриддин Фаёзбек», «Аҳтам Даврон», «Самандар Араб» аз ноҳияи Қаравулбозор ба дигарон намунаи ибрат шуданд.
Ғаллакорони ҳимматбаланди вилоят ба ивази ин комёбӣ 1,5 триллион сӯм даромад мегиранд.
Ҳарчанд нақшаи солона иҷро шудааст, дар саҳро ғунучини ҳосил давом дорад. Дар майдонҳои аз ҳосил холигашта кишти такрорӣ суръат мегирад ва онҳое, ки муҳтоҷи дастгирӣ ҳастанд, деҳқонӣ карда манфиат мебинанд. Маҳсулоти иловагии сабзавот, полиз, картошка, лӯбиё, соя, офтобпараст, сабзӣ ва амсоли инҳо боиси афзоиши файзи хонадони оилаҳо гардад, дар қисми дигар барои чорво захираи хӯрок фароҳам меояд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: