ГИРОМИДОШТИ ИНСОН – МАҚСАДИ ОЛӢ

Ғиждувон яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Бухоро буда, имрӯз дар ин ҷо бештар аз 318,3 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад.

Ҳарчанд дар ин ҷо намояндагони миллатҳои гуногун ҳастанд, вале аҳолии таҳҷоии ин ҷо асосан ӯзбекону тоҷиконанд. Дар самти шимолии ноҳия, дар мавзеъҳои оғӯши дашт қазоқон низ буду бош доранд ва ҳамаи онҳо чун фарзандони як оила баҳри тараққиёти маъвои умумиамон – Ӯзбекистони соҳибистиқлол саҳм мегузоранд. Ин сарзамини қадимӣ ҳамчун маркази тиҷорату ҳунармандӣ, кишоварзию зироатпарварӣ ва диёри сарҳалқаи «Ҳафт пир»-и Бухорои шариф Хоҷаи Ҷаҳон – Абдухолиқи Ғиждувонӣ, адиби барҷастаи халқҳои тоҷику ӯзбек Садриддин Айнӣ, санъаткорони нотакрор, устоди «Шашмақом»  Бобоқул Файзуллоеву писари вай  Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад  Бобоқулов ва дигарон машҳур аст. 

Солҳои истиқлол маркази ноҳия ва гирду атрофи он ободу зеботар гардида, дар ин ҷо ҳунармандию тиҷорат, соҳибкорию таълим рушд меёбад. Хусусан солҳои охир дар ноҳия минтақаи озоди иқтисодии «Ғиждувон» ва корхонаҳои иқтидорноки зиёди саноатӣ арзи вуҷуд намуда, баҳри бо кор таъминшавии аҳолӣ ва болоравии имкониятҳои иқтисодии ноҳия корҳои назаррас ба сомон мерасанд. Имрӯз дар мамлакат  муносибат бо одамону аризаю шикоятҳои мардум эътибор беш аз пеш афзуд. Масъалаи розӣ кардани мардум ба мадди аввал баромад.Таҷриба нишон медиҳад, ки мамлакатҳои тараққикардатарини олам ба туфайли ислоҳоти таълиму тарбия,  мактабу маориф комёб гардида, ба орзую умедҳои худ расидаанд. Беҳуда нест, ки ин масъала дар фаъолияти Президенти мамлакат Ш. Мирзиёев низ мақоми аввалиндараҷа дорад. Аз ин рӯ мо низ ин нуктаро хеле муҳим мешуморем ва баҳри рушди таълиму тарбия дар мактабҳои ноҳия чораҷӯӣ менамоем. Дар таълимгоҳҳо озмуни «Дар як моҳ дуто китоб мехонам» ҷорӣ гардид. Онҳое, ки талабро сарбаландона иҷро намудаанд, аз ҳисоби ҳокимият бемузд ба саёҳат мераванд. Инчунин, дар ноҳия ба аксияи «Ман ҳам китоб туҳфа мекунам» ва лоиҳаҳои «Гранти таълим», «Командаи яккачини олимпиадаи ҳоким», ки ба озмуни байналмилалӣ тайёрӣ мебинад, оғоз ёфт. Мегӯянд, ки орзу айб нест. Барои ҳамин бо ташаббуси «Таҷрибаи Ғиждувон: зиёд намудани сифати таълим» ба майдон баромадем. Мақсад аз ин дар миқёси ҷумҳурӣ паҳн намудани ин таҷриба аст. Қаноатмандем, ки пахтакорони ноҳия баъди якчанд соли нокомӣ соли гузашта супоришоти солонаи пахтасупориро сарбаландона иҷро карданд. Баробари ин нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ноҳия сол то сол рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ имсол ба 674,2 миллиард сӯм расида, суръати афзоиш 100,6 фоизро ташкил кард. Ҳаҷми хидматрасонӣ ба 107,8 фоиз, савдо ба 103, хоҷагии қишлоқ 102,4, истеҳсоли молҳои истеъмолӣ 107,8 фоиз рост омад. Даромади буҷа 113,3 фоиз, буҷаи маҳаллӣ 100,4 фоиз иҷро шуд. Соли ҷорӣ дар ноҳия дар доираи барномаи сармоявӣ ба амал баровардани 61-то лоиҳа, ки қимати умумиаш  ба 773,5 миллиард сӯм баробар аст, ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷа 1313-то ҷои нави корӣ ба вуҷуд меояд. Ҳоло дар доираи ин барнома 7 лоиҳа, ки қиматаш 13,5 миллиард сӯм аст, амалӣ гашта, 47-то ҷои нави корӣ созмон ёфт. 
Соли 2023 дар ноҳия пешбинӣ шудааст, ки бештар аз 50,0 млн. доллари ИМА сармоя ва кредити хориҷӣ азхуд карда шавад.
Аз ҷумла барои рӯиоббарории 3 лоиҳае, ки мувофиқи қарори 459-уми Президент амалӣ мегардад, ба андозаи 34,0 миллион доллари ИМА азхуд шудани сармоя ба нақша даромадааст.
Дар чоряки якуми соли ҷорӣ ба андозаи 3,8 миллион доллари ИМА сармоя ва вомҳои хориҷӣ азхуд гардида, дар ҳисоботи оморӣ акси худро ёфтааст. (Корхонаи хусусии ҶММ «Ғиждувон Ипак Тола» ба ин мисол шуда метавонад)
То охири сол корхонаҳои ноҳия ба андозаи 60,9 млн. доллари ИМА кредитҳои хориҷиро азхуд мекунанд. Ба ғайр аз ин, дар ҳудуд бо иштироки сармояи хориҷӣ лоиҳаҳои корхонаҳои хориҷию муштарак дар амал татбиқ гардид. Корхонаи муштараки ҶММ «Gijduvon Mox Enterprise» бо ҳамкории сармоядорони Ҳиндустон бо мақсади дар амал татбиқ намудани лоиҳаи «Ташкил кардани азнавкоркунии пахта» (қиматаш 5,0 млн. доллари ИМА), 21 сентябри соли 2022; корхонаи муштараки ҶММ «Gijduvon Mox Solar Power» бо мақсади ба амал баровардани лоиҳаи «Ташкил намудани ҷамъоварии панелҳои офтобӣ» бо ҳамкории сармоядорони ҳинд (қиматаш 1,0 млн. доллари ИМА), 21 ноябри соли 2022; корхонаи муштараки ҶММ «ТАТОil»  бо ҳамкории сармоядорони Русия бо мақсади амалӣ гардондани лоиҳаи «Азнавкоркунии партовҳои маҳсулоти нафт», 16 декабри соли 2022 аз ҷумлаи онҳост.
Баробари ин бобати аз нав азхудкунии 10,0 ҳазор гектар майдонҳои аз истифода баровардашудаи ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Барака»-и ноҳия бо роҳи ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунии об дар ин ҷо ба роҳ мондани истеҳсоли пахта бо сармоядорони покистонӣ гуфтушунидҳо идома доранд.
Имрӯз дар ноҳия минтақаҳои хурди саноатии «Ф. Хӯҷаев» ва «А. Қаҳҳор» амал карда, то имрӯз дар ин ҷо 9 лоиҳае, ки арзиши умумиашон ба 34,0 миллиард сӯм баробар аст, ба фаъолият оғоз намуда, 97 ҷои нави корӣ фароҳам оварда шудааст. То моҳи сентябр 8 лоиҳаи дигар (қиматаш 22,0 миллиард сӯм) ба кор сар мекунад. 
 Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Барака» дар 150 гектар майдон бевосита бо ташаббуси сарвари давлат минтақаи озоди иқтисодии «Ғиждувон» таъсис ёфта, дар натиҷаи ҷалб гардидани соҳибкорони пуртаҷриба дар ин ҷо қариб 100  лоиҳаи нави саноатӣ дар амал татбиқ гардида, бештар аз 8500 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад. Дар ин ҷо, аллакай, лоиҳаҳои «Истеҳсолоти нахҳои синтетикӣ»-и ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бухоро Синтетик Тола» ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Селена Траде» ва сармоядорони чинӣ дар арафаи оғозёбист.
Ҳамин тариқа, бо мақсади рушд додани шаҳрсозӣ, қонеъ гардондани талабҳои аҳолӣ нисбати хонаю ҷой, инчунин бо манзил таъмин кардани кормандони минтақаи озоди саноатӣ ва истгоҳи роҳи оҳан дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Барака» мавзеи «Ӯзбекистони Нав» созмон ёфта, дар ин ҷо қариб 130 иморатҳои истиқоматии бисёрошёна, мактаб, боғчаи бачагон, поликлиника ва дигар намуди объектҳои хидматрасонии иҷтимоӣ сохта мешавад. Ба ғайр аз ин ба мавзеи «Ӯзбекистони Нав» ва минтақаи озоди иқтисодии «Ғиждувон» ба масофаи 38 километр овардани инфрасохтори «Роҳи оҳан» пешбинӣ гардида, то ҳол 28 километри он барпо гардида барои амалӣ гардондани 10 километри боқимонда ҷараёни корҳо вусъат меёбад.
Маълум аст, ки имрӯз мақоми маҳалла дар мамлакати мо хеле баланд буда, эътибор ба он аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Зеро аҳолии мамлакат пеш аз ҳама дар маҳалла умр басар мебарад. Ҳоло дар ноҳияи Ғиждувон 75 ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо фаъолият дошта, орзую умедҳои мардум он ҷо рӯйи об мебароянд. Рушд додани соҳибкории оилавӣ бошад, боиси аз байн рафтани масъалаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама бекорӣ мегардад. Қарори Президент аз 31 январи соли 2023 ба ҳамин масъала дахл  дорад. Бо кумаки ёварони ҳоким дар маҳаллаҳо дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ ба андозаи 21,3 миллиард сӯм кредит ҷудо гардида, 1212 нафар аҳолӣ соҳиби машғулият шуд. Ба ғайр аз ин ба шаҳрвандони бекор, ба онҳое, ки шомили «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон» ва «Дафтари ҷавонон» шудаанд, бо мақсади ба роҳ мондани соҳибкории эшон дар асоси 140 субсидия ба андозаи 162 млн. сӯмӣ мошинаҳои дарздӯзӣ, печҳои хурд, инкубатор, дастгоҳҳои кафшеркунию бетонрезӣ ва ғайра расонда дода шуд.
Дар ноҳия дар давоми се моҳи аввали соли 2023 8698 нафар шаҳрвандон бо кор таъмин гардида, нақшаи  пешбининамудаамон пурра рӯйи об баромад.
Ҳоло дар ноҳия мавсими кирмакпарварӣ бо рӯҳбаландӣ идома ёфта, дар пунктҳои қабул ҷараёни пилласупорӣ вусъат меёбад. Натиҷаҳои аввалин моро шод мегардонад  ва бешубҳа, комёбии ҳосили аввалини сол  моро сӯйи муваффақиятҳои оянда  раҳнамун месозад.

Шерзод АШУРОВ, 
ҳокими ноҳияи Ғиждувони 
вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: