ЗАРГАРИ СУХАН

(Ба муносибати 100-солагии профессор Натан Маллаев)

(Ба муносибати 100-солагии профессор Натан Маллаев)
Баъди дохил шудан ба аспирантура, бино ба адабиёти классикии ӯзбек олими нуктасанҷ Натан Маллаев роҳбари илмии инҷониб таъин гардид. Дертар бо тавсияи устод «Тарҷумаҳои ӯзбекии «Шоҳнома»-ро ба сифати мавзӯи рисолаи номзадӣ интихоб намудам. Баъди пайгириҳо муайян намудам, ки дар хазинаи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон тарҷумаҳои омехта ба насру назми «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, мутааллиқ ба қарнҳои XVII - XVIII, вуҷуд доранд. Яке аз тарҷумаҳоро Хомӯшӣ анҷом дода будааст, ки солҳои 1903, 1906 ва 1909 се маротиба бо усули чопи сангӣ аз нав нашр шудааст. Нусхаҳои дастхату чопи сангӣ ҳар кадом аз 700 саҳифа иборат буданд. Манбае дар чунин ҳаҷм бо ҳуруфи арабиасос маро ба андеша водор намуд. Боре дар дафтари кории устод ҷуръат пайдо карда гуфтам: «Устод, тарҷумаҳо ҳаҷман бузурганд. Намешавад рӯйи мавзӯъҳои хурдтар ҷустуҷӯ анҷом диҳам?». Устод бо вазнинии ба худ хос посух доданд:
— Ҳамидҷон, ман фикр мекардам, ки шумо аз ҷавонони заҳматписандед. Дар олами илм роҳи ҳамвор вуҷуд надорад...
Устод аз инсонҳое буд, ки бо тамаллуқкорию нопокӣ ва ҷоҳталабӣ созиш намекард.
Вай соли 1922 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби ҳафтсолаи рақами 29-уми шаҳри Тошканд дар омӯзишгоҳи омӯзгории занону духтарон таҳсилро идома дод. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон донишҷӯйи факултаи филологии Донишкадаи давлатии Тошканд ба номи Низомӣ буд. Вақте ба аспирантура дохил шуд, таҳти роҳбарии адиби номӣ Мақсуд Шайхзода доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Шермуҳаммад Мунис ба навиштани рисолаи номзадӣ шурӯъ кард. Дар ин фосила ӯ дар Дорулфунуни Тошканд (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) аз адабиёт сабақ дод. Баъди дифои рисолаи номзадӣ (1948) олими ҷавон ба навиштани дастуру китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ шурӯъ кард. Китобҳои дарсии ӯ барои мактабиён «Таърихи адабиёти ӯзбек» (соли 1953) ва бо ҳамин ном барои донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ (соли 1963) тӯли солҳо чанд маротиба нашр шудаанд.
Бояд гуфт, ки то солҳои 60-уми қарни сипаригардида намунаҳои классикии адабиёти ӯзбек ҳанӯз пурра чоп нашуда буданд. Ҳама дар шакли дастхат нигоҳдорӣ мешуданд. Биноан, Натан Муродович ҳангоми таълифи китоби дарсии «Таърихи адабиёти ӯзбек» аз дастхат ва нашрҳои чопи сангӣ мӯшикофона истифода кардааст. Дар ин ҷараён ӯ собит намуд, ки аз манбаъшиносони нуктасанҷ низ мебошад. Дар китоби мазкур чанд ғазали тоҷикии Навоӣ аз «Девони Фонӣ» низ хуб таҳлил шудаанд. Ин ҷиҳат ба қимати илмии китоби дарсӣ афзудааст. Бо назардошти хусусияти таҳлилии асар чанде маслиҳат доданд, ки он ба сифати рисолаи докторӣ ба ҳимоя пешниҳод карда шавад. Чанде аз олимони саршинос, ба мисли докторони илмҳои филологӣ Ҳамид Ораслӣ, Эсмағамбет Исмаилов, доктори илмҳои фалсафа Воҳид Зоҳидов ва дигарон кори илмиро баланд арзёбӣ карданд. Вале он солҳо аз таги нохун чирк меҷустаҳо ёфт мешуданд. Ба боло арз карданд. Маскав ба қадри рисола нарасид. Доктори илмҳои филологӣ, профессор Бегалӣ Қосимов дар як суҳбат нисбати ин китоби пурарзиш чунин баҳо дода буд: «Қариб тӯли 30 сол як насли адабиётшиносон аз китобҳои дарсии Маллаев баҳра бурдаанд». Худ ҳамин гуфта қимати илмии китоби мазкурро то ҷое муайян менамояд. Ҳамон солҳо Маллаев ба кори эҷодӣ пардохт. Як силсила корҳои тадқиқотиро доир ба мавзӯъҳои «Рӯзномаи вилояти Туркистон», «Ҷойгоҳи Навоӣ дар рушди жанри ғазал», «Маҷолис-ун-нафоис» ва «Зинаи нав дар тазкиранависии Шарқ» анҷом дод. Чанд фасли «Баҳориёт»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Тарҷумаи ҳоли мухтасари худам»-и Садриддин Айнӣ ва драмаи «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзодаро бо маҳорати баланд ба забони ӯзбекӣ тарҷума кард. Рисолаҳои ӯ «Эътироф ва таъзими асрҳо», «Мероси Низомии Ганҷавӣ ва аҳамияти маърифатию тарбиявии он» арзиши баланд доштанд. Олим ҳангоми таҳлили осори мутафаккирони гузашта бештар ба моҳияти инсонпарварӣ ва маърифатию тарбиявии онҳо эътибори ҷиддӣ медод. 
Натан Маллаев сари мавзӯи эҷодиёти Навоӣ ва эҷодиёти шифоҳӣ низ андешидааст. Дар адабиётшиносии ӯзбек нақшҳои фолклор дар «Хазоин-ул-маонӣ», таъсири эҷодиёти халқ ба «Хамса», вариантҳои фолклории достонҳои Навоӣ аз ҷониби ӯ бори аввал мавриди таҳлили сиёсию типологӣ қарор гирифтааст.
Пайдост, ки «Хамса»-и Алишер Навоӣ аз ҷониби олимон О. Шарофиддинов, Т. Ҷалолов. Ғ. Каримов, А. Ҳайитметов, С. Эркинов, Т. Аҳмедов, С. Нарзуллоев, М. Шамсиев, Б. Валихоҷаев хеле пухта омӯхта шудааст. Узви ҳақиқии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон Азиз Қаюмов доир ба ҳар як достони шоир рисолаи алоҳида таълиф намудааст. Профессор Натан Маллаев дар идомаи ин таълифот рисолаеро бо номи «Гултоҷи санъати сухан» ба хонандагон армуғон намуд.
Олими пуркор ва заҳматписанд тӯли беш аз чил соли фаъолият даҳҳо монография таълиф намуд, муҳаррири беш аз 20 китоб, китоби дарсӣ ва маҷмӯаҳои илмӣ буд, дар офаридани «Таърихи Ӯзбекистон» бо академик Яҳё Ғуломов ҳамкорӣ кард; дар нашри осори бисёрҷилдаи Навоӣ (ба забонҳои ӯзбекию русӣ) иштирок намуд; ба беш аз 20 рисолаи номзадию докторӣ роҳбарӣ кард... Ба рушди адабиётшиносии ӯзбек ба ин андоза саҳм гузоштани як фарзанди яҳудӣ аз муҳаббати бепоёни ӯ ба ин адабиёт гувоҳӣ медиҳад. Устод дар Донишкадаи омӯзгорӣ солҳои зиёд бори мудирии кафедраи адабиёти классикии ӯзбек ва халқҳои бародарро бар дӯш дошт...
Миқрози аҷал 20 майи соли 1996 риштаи умри устодро гусаст. Хидматҳои олими нуктадон ва педагоги моҳир аз ҷониби ҳукуматамон муносиб қадр карда шуд. Соли 1972 сазовори унвони «Арбоби шоистаи илми Ӯзбекистон» гардида буд, сари синаашро  чандин ордену медалҳо оро медоданд. Роҳи тайкардаи ӯ барои олимон ва педагогҳои ҷавон намунаи ибрат аст. 

Ҳамидҷон ҲОМИДӢ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: